ХАБАРИ ДОҒ

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,

Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст.

Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф,

Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст!!!

Ин шеър ба ин матлаб часпиши бевосита дорад! Номенклатураро дар назар дорам. Ҳоло мефаҳмед, ки чаро???

Роҷеъ ба номенклатураи муосир бисёр гуфтаву шунуфтаанд. Вале ман дар бораи 1 вежагии он навиштаниям. Вазирону раисону масъулине, ки ба феҳристи ин номенклатура медароянд, ҳатман, баъди маъзулият вазифаи дигар мегиранд: пасттар аз қаблӣ, вале барои бархеи дигар дастнорас. Хуб аст ин, ё бад? Баҳс мекунем.

Пажӯҳиши зиндагиномаи баъдии аксарияти вазирону чинҳои баланд маълум кард, ки собиқҳо дар аксари маврид дар раъси навашон кору фаолияти пурсамар надоранд. Зеро фикр мекунанд, ки ҳукумат ба қадрашон нарасид, обрӯяшонро рехт, вазифаашонро поин бурд. Сареҳатан, мансаби пасттар аз вазирӣ ин ҷазост! Вале чун муҷозошуда кор намекунад, ин ҷазои ӯ тани танҳо намегардад; ин аллакай ҷазои сокинони ноҳия ва ё коргарони ниҳоде мегардад, ки «Бузурге»-ро ба он ҷо депорт кардаанд. Яъне «Штрафплошадка»-и чини баланд чандин нафарро сарсону саргардон мекунад. Дуруст аст, ки фарзи мисол, раиси 1 ноҳияи пойтахт ё вилоят будан, барои саду ҳазорон карйерист орзуи амалношуданист. Аммо вақте вазиреро ба ин ҳадд «поин» мебаранд… ӯ дилхаставу дилсард мегардад: Акнун дарк кардӣ, хонанда, ки чаро аз забони Саъдӣ гуфтем:

-Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст???

Боре, бо 1 нафар, ки ба ҳайси масъули матбуотии коргоҳи бузурге фаолият дошту ин вазифаи навбатии равғанияш умеду орзуи ҳазорон журналист будӣ, сӯҳбат доштам. Он қадар ранҷидахотиру парешон буд, ки ҳисобаш гум. Зеро ӯро, ки рутбаи генералӣ дошту дар вазорате мартабаи баланд, то ин ҳадд поин фароварда буданд, ки намегиристу бас. Ва тасаввур кун, хонанда, ана ҳамингуна дипломату генералу вазиру раиси кумитаҳо дар мо кам нестанд, ки бо иллате маъзул ба вазифачаи пасттараке мефуроянд. Кор намекунанд дигар инҳо, зеро тибқи формулаи Саъдӣ, ранҷидаанд!!! Аксарият чунинанд ва агар марданд, пеши мо не, назди виждони худ қойил шаванд, ки аз вазифаи нави хеш дилтангу малӯлу озурдахотиранд. Дурӯғ мегӯянд, чу мегӯянд:

-Мо солдатем! Куҷое ҳукумат равон кард-меравем…

Танҳо ба 1 хотир мераванд:

-Аз феҳристи номенклатура бурун наафтанд! Инҳо шабу рӯз дар сар 1 фикрро доранд, ки чигуна «обрӯи рехтаро барқарор кунанд!» ва дар курсии раҳогардидаи қаблии хеш боз такя зананд…

Нафари дигаре, ки раиси шаҳр буд, бо амри тақдир маъзул шуду сипас раиси 1 корхонаи давлатии ҳамон ноҳия. Фикр доред, ки хурсанд аст? Дар ҳоле, ки ҳазорон нафар мехоҳанд раиси ин коргоҳ бошанд? Ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «Хоки думушта»! Обрӯш, ба фикри худаш ва пиндори наздиконаш, он қадар рехтааст, ки 1 сумкача доруву ҳаббу укол вардошта кор мераваду меояд. Дар сараш мӯи сафеду дар баданаш 1 гр равған намондааст. Касалӣ, маризӣ, фишорбаландӣ, диққи нафас, инсулт…меҳмонони ҳамешагии ӯянд.

Пас чӣ бояд кард?

Шояд соате расида, ки феҳристи номенклатура васеъ шавад ва ё тағйир хӯрад? Шояд номҳои нав ба ин рӯйхат ворид шаванд? Беҳтараш номенклатура мисли макулатура шавад! Мефаҳмонам:

-Nomenclatura (Номенклатура) вожаи лотинӣ буда, маънои «феҳристи насаб», «рӯйхат» дорад ва маҷозан номнависии Элитаи ҳукмрон, Соҳибмансабон, Давлатмардонро мефаҳмонад. Яъне ба ин феҳрист, ки даромадӣ, асло намебароӣ! 

-Макулатура низ калимаи лотинист, Maculo-бастакунонӣ. Ба маънии поккории коғазу картону маҳсулоти коғазиест, ки бояд маҳв ва аз сари нав коркард шаванд. Яъне пурра макулатура ликвид мешаваду чизҳои нав месозанд…

Шояд мо низ аз ин усул кор бигирем ва номенклатураро, ақаллан онҳоеро, ки бо ину он ҷурм маъзул шудаанд, ба макулатура супорем? Агар чунин кунем, Магар кадрҳои нав ба майдон намеоянд? Вале посухи ин суол низ дар адабиёти ниёкон омадааст:

-Агарро бо Магар тазвиҷ карданд,

Аз онҳо баччае шуд, Кошкӣ ном…

Классика!!! Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter