ХАБАРИ ДОҒ

Азамат замин мегирад, агар…

  • Чоршанбе, Июл 10 2019

МИҲДТ н.Темурмалик шикояти шаҳрванд Азамати Шамсулло-табиби беморхонаи «Истиқлол»-и ш.Душанбе, сокини деҳаи Оби ширини Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияро бо номи «Аз бехонагӣ чӣ хел зан гирам?» (СССР, №14(551), 4.04.2019) бо ширкати шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда тибқи китоби хоҷагии Ҷамоати деҳоти Кангурт дар оилаи падараш дар деҳаи Оби ширин ба қайд гирифта шудааст. Падараш Ш.Назаров бо аҳли оилааш дар асоси муроҷиати хаттӣ ба Ҷамоати деҳоти Кангурт дар навбати оилаҳои эҳтиёҷманди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ номнавис шуда буд ва бо назардошти эҳтиёҷмандӣ 20.12.2011 аз ҳисоби заминҳои фонди манзили ҷамоат дар майдони 0,08 га қитъаи замин ба онҳо ҷудо гардид. Ҳоло бародари калониаш Самадов Абдулло барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар китоби бақайдгирии эҳтиёҷмандони замин дар Ҷамоати деҳоти Кангурт таҳти №625 ба қайд гирифташуда, вақтҳои наздик бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мешавад. Аммо худи Азамат барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ на ба Ҷамоати деҳоти Кангурт ва на ба МИҲДТи ноҳия муроҷиат накардааст. МИҲДТ омодааст дар ҳолати муроҷиати ӯ барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ тибқи тартиби муқарраршуда ва бо назардошти эҳтиёҷмандиашон аҳли оилаи онҳоро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намояд.

Аслзода Э.М.,

раиси н.Темурмалик

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter