ХАБАРИ ДОҒ

Дар Ғарб рӯи дасту дар Шарқ зери по!!!

  • Чоршанбе, Июл 10 2019

 

Вақте ҳуқуқи зан-шаҳрванди тоҷик ҳангоми издивоҷ бо шаҳрванди хориҷӣ дар кишвар бо чунин шеваи фиреб баста мешавад, пас чӣ метавон гуфт дар мавриди издивоҷҳо дар хориҷи кишвар?...

Фоҷиаи зани тоҷик дар Амрико чӣ сабақ дод?

Хабари қатли зани тоҷики 45-сола дар Амрико 1 моҳ пеш шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии моро такон дод. Лола Ғуломова-духтари ҳуқуқшиноси тоҷик-Зариф Ғуломро шавҳараш Ҷейсон Рифи 51-сола кушта, пас худаш низ худкушӣ мекунад. Рӯзномаи «Вашингтон Пост» навишта буд, ки зану шӯ дар муассисаҳои марбут ба робитаҳои хориҷи ИМА кор мекарданду қарор буд рӯзи 5.06.2019 дар суд аз ҳам ҷудо шаванд. Фоҷиа дар ҳамин рӯз рух дода, аз ин ҷуфт 2 духтарча ятим монданд. Ба гуфти ин рӯзнома, сабаби ин муноқиша азми Лола будааст, ки мехостааст барои 4 сол ба Белград рафта, онҷо кор кунад. Лола дар Оҷонсии Кайҳоншиносии ИМА, сафорати ИМА дар Маскав низ кор кардааст… Лола ва Ҷейсон сабти ақди никоҳи расмӣ низ доштанд ва дуюмӣ аллакай шаҳрвандии ИМАро низ гирифта буду акнун кӯдакони онҳо зери назорати муассисаҳои марбутаи ин кишвар қарор гирифта, ба воя хоҳанд расид. Ҳолдонҳо мегӯянд, чунин фоҷиаҳои маргбор аҳён-аҳён ба вуқуъ пайваста, зиндагии якҷояи аксари занону духтарони тоҷик, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ карда, рафтаанд, бештар хубу ором аст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, вале мо тасмим гирифтем қисмати дигари ин омил-ҳимояи ҳуқуқи зан-шаҳрванди тоҷик пас аз издивоҷ бо шаҳрванди хориҷиро мавриди баррасӣ қарор бидиҳем… 

Ман хушбахтам…

Дилором Ғаниева-Максвелл, зани дигари тоҷик, ки шавҳари амрикоӣ кардаву ҳоло дар ИМА рӯзгори осуда дорад, дар тамос бо СССР вобаста ба ин масъала гуфт, ки ин фоҷиа тамоми ҷомеаи тоҷикони Амрикоро низ такон дод: «Чунин ҳодисаҳо хеле кам ба вуқӯъ меоянд ва ин бештар ба рӯҳияи равонии зану шӯ вобаста аст, на ҷомеаи амрикоиву ғарбӣ. Ба издивоҷҳои омехта дар ин кишвар назари мусбӣ доранд ва ҳуқуқи инсон, чӣ зану чӣ шавҳар ҳамеша таҳти ҳимоя аст. Шавҳари амрикоиям беҳтарин тӯҳфа дар ҳаёти ман аст, ки Худованд бароям ато кардааст. Ҳаёти хушу осуда, фарзандони нек дорам, кор мекунам, фаъоли ҷомеа ҳастам, байни мо ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ҳаст, хушбахтам», мегӯяд бону Дилором.

Ман бадбахтам…

Зарнигор Бафоева, ҳамсӯҳбати дигари мо бошад аз издивоҷу зиндагии якҷоя бо шаҳрванди Ҳиндустон менолад. Мавсуф 4 соли зиндагии хешро дар Деҳлӣ хатти сиёҳи ҳаёти худ пиндошта, шукри онро мекунад, ки тавонист тавассути сафорати яке аз давлатҳои аврупоӣ аз ин кишвар фирор намояд: «Бо шавҳарам дар Донишгоҳи тиббии Душанбе шинос ва ошиқ шудам. Пас аз хатми донишгоҳ издивоҷ ва ба Ҳиндустон сафар кардем. Фарҳангу расму таомули бегона ва рӯзгори бемаънӣ боиси пушаймониам гашту нияти талоқ гирифтанро кардам. Талоқ нагирифта шавҳарам аз беморӣ фавтиду танҳо мондам. Қабилаи хонаводаи ӯ таомуле доштааст, ки пас аз марги шавҳар занро ба марди дигаре аз авлод медодаанд. Бо ман низ хостанд ин корро карда, ба амаки пиронсоли шавҳарам ба занӣ бидиҳанд. Бидуни пулу либосу чиз аз ин хона гурехтам, то сафорати Тоҷикистон нарасидаму аз ноилоҷӣ ба сафорати яке аз кишварҳои дигари аврупоӣ даромада, кӯмак хостам. Ин кори 10-12 сол қабл аст. Ҳоло дар ватанам кору зиндагӣ дораму аз шавҳари хориҷӣ безорам»,-иброз медорад Зарнигор.

Соҳиба Нурова-духтари дигари тоҷик, ки наздики 1 сол бо шаҳрванди хитоӣ зисти якҷоя доштааст, мегӯяд, аз ночорӣ маҷбур шуд барои муддате зани мард-роҳсози хитоӣ гардаду андаке бошад рӯзгори худро пеш барад: «Бо шавҳарам ақди никоҳи расмӣ надоштем, зеро бо кадом ҷурме ӯро гунахқор карда, барои кор ба Тоҷикистон оварда будаанду аз ҳуқуқи издивоҷ маҳрум. Аввал хост дар хонаам сабти иқоматаш кунам, баъд пешниҳоди издивоҷ намуд. Чун бо модари пиру бемору фарзандонам рӯзгори нообод доштам, маҷбур шудам пешниҳодро қабул кунам. Вале он чӣ интизор доштам, пеш наомад. Марди чинӣ хонаамро макони нишастҳои дӯстонааш карду маро хизматгор. Охир, тоқат карда натавониста, аз хона пеш кардамаш. Фақат озор дошту таҳқир, на кӯмакам карду на бори гарони зиндагиро осон. Барояш танҳо сабти иқомат лозим буду халос», - мегӯяд Соҳиба.

Собиқ ИДМ-пешқадам дар омори издивоҷ

Тибқи омори расмии Раёсати САҲШи Вазорати адлияи ҶТ, дар 4 соли охир шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар бо шаҳрвандони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон издивоҷ кардаанд. Дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, аллакай байни шаҳрвандони тоҷику рус 10 издивоҷ, тоҷику ӯзбек-12 издивоҷ ва тоҷику қирғиз-38 издивоҷ ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст. С.2018 бошад издивоҷ байни шаҳрвандони тоҷику рус 30 ҳолат, тоҷику ӯзбек-42 ҳолат ва тоҷику қирғиз 106 (!) ҳолатро ташкил дод. Тавре зимни сӯҳбат бо мухбири мо Самадзода Ифтихор Амрохон-муовини сардори Раёсати мазкур гуфт, дар 3 моҳи с.2019 дар кишвар аллакай 64 сабти ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст ва бештари ин издивоҷҳо ба ноҳияҳои тобеи марказ-шаҳри Турсунзодаву ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Лахш рост меоянд. Омори издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар кишвар сабт шудаанд дар байни солҳои 2015-2018 739 ҳолатро ташкил медиҳад.

Чуноне ки Самадзода мегӯяд, аз с.2009 то охири с.2018 дар кишвар 3140 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Дар ин солҳо шаҳрвандони тоҷик ғайр аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ боз шавҳарони афғону эронӣ, ҳинду покистонӣ, олмониву фаронсавӣ, итолиёву изроилӣ, амрикоиву ҷопонӣ ва ҳатто бо шаҳрвандони Ганаву Кенияву Бангладешу Ветнам ва Қатару Шри-Ланкаю Канадаву Корея низ издивоҷ кардаанд. Мизони талоқ ва бекор кардани ақди никоҳ бошад дар 4 соли охир танҳо 66 ҳолат ва дар 3 моҳи с.2019 бошад 5 ҳолатро ташкил кардаасту халос. Аз ин бармеояд, ки бештари ин издивоҷҳо муваффақанд.

Агар аҳднома ҳаст…

Ҳоло меоем сари асли матлаб: То кадом андоза зан-шаҳрванди тоҷик пас аз издивоҷ бо мард-шаҳрванди хориҷӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад? Бино ба гуфтаи Самадзода қонунгузории мамлакат ҳуқуқҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо шаҳрванди кишвари дигар издивоҷ кардааст, таҳти пӯшиш қарор додааст. Дар моддаи 12-и Кодекси оилаи ҶТ-шартҳои ақди никоҳ омадааст, ки барои ақди никоҳ дар баробари розигии зану марди никоҳшаванда, сину соли онҳо низ зарур буда, агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ бошад, бояд шартҳои зеринро низ иҷро намояд: истиқомат дар қаламрави ҶТ на камтар аз 1 соли охир ва бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ. Дар шарҳи ин талабот, алалхусус вобаста ба аҳднома дар Кодекси оилаи ҶТ омадааст, дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷист, бояд ҳатман муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадории онҳо нисбат ба молу мулк, ӯҳдадории тарафҳо нисбат ба таъмини фарзанд, бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон ва нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд пешбинӣ карда шавад.

Вақте никоҳ бо фиреб баста мешавад…

Чунин талабот дар моддаи 35-и Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» низ зикр ёфтааст. Яъне, бо сабти ақди никоҳ бояд аҳднома низ баста шавад, то ин ки дар оянда тавассути ин аҳднома ҳуқуқҳои шаҳрванди ҶТ ҳимоя ва таъмин гардад-зани тоҷик бо манзили зист таъмин гашта, пас аз талоқ бо фарзандонаш дар кӯча намонад. Агар чунин аҳднома ҳаст, ҳуқуқҳои зани тоҷикро дар хориҷ низ ҳимоя кардан имконпазир аст.

Аммо мутаассифона, касе аз ниҳодҳои марбутаи кишвар омору таҳлил ва назорати онро, ки оё мард-шавҳари хориҷӣ зани тоҷики худро дар ҳақиқат бо манзили зист таъмину тибқи аҳдномаи басташуда (агар баста шуда бошад?) барояш шароит фароҳам овардаву зиндагӣ дорад, намебарад. Шояд ҳамин манзилҳое, ки гӯё шавҳарони хориҷӣ барои занҳои тоҷикашон харидорӣ менамоянд, дар аксари мавридҳо хонаҳоест, ки танҳо ба хотири издивоҷ ба муддати муваққатӣ ба номи зан мекунанду халос. Вақте ҳуқуқи зан-шаҳрванди тоҷик ҳангоми издивоҷ бо шаҳрванди хориҷӣ дар кишвар бо чунин шеваи фиреб баста мешавад, пас чӣ ҳарфе метавон гуфт дар мавриди издивоҷҳо дар хориҷи кишвар!? Ин мавзӯест, ки мо дар шумораҳои оянда дар баробари масъалаи хушунату зӯроварӣ ва поймолшавии ҳуқуқи зани тоҷик дар хориҷ бо мақомоти қудратии кишвар пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter