ХАБАРИ ДОҒ

Чечентарин кӯлобӣ ва Кӯлобитарин чечен

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

 «У журналиста не бывает друга – и это не моя оригинальная мысль. Так уж в жизни складывается, что со всеми необходимо держать дистанцию. Иначе симпатии приводят к необъективности». (Турко Дикаев)

Турко Дикаев воқеан ҳам симои барҷастаи журнализми русзабони Тоҷик ва чеҳраи асливу усулии Кӯлоби бостонии 2700 сола буд. Ҷасорат, далерӣ, шуҷоат, шарафмандӣ, баномусӣ… хислатҳои вежа ва баргузидаи ӯ буданд.

Объективият, реалият, фаврият…аз хосаҳои табъи зотии рӯзноманигорияш будӣ. Бо ҳарорат сухан мегуфт, ҳиҷ наметарсид, ки хоси зодагони қафқоз ва кӯҳистони Тоҷик аст. Якрӯ, якҷиҳата, якқутба ва якмарома буд. Ҳаргиз тамаллуқ надошт ва тасаддуқ намезад. Кораш то ҷое буд, ки сароғоз аз маҳофил ронда гардид, вале якҷиҳативу якрӯӣ ӯро дубора Гули Сари Сабади маҳофили унсу инсу ҷинс сохт.

Вале бо ин ҳама наметавон гуфт, ки ӯ дар касбият хато мерафт. Ҷасораташ мавқеъ дошту зарофаташ лутф ва лутфаш факту далел. Хафа нашаванд, вале «Азия Плюс»-и имрӯз маъруфро замоне маҳз Дикаев газетаи рӯимизии чиновникҳо сохт. Сахт профессионал буд ва дар жанрҳои журналистикаи касбӣ матлаб менавишт, на чун имрӯзиён, ки русиро беғалат талаффуз карданду чизе омаду навиштанд, фикр доранд, ки журналистикааш ҳамин аст-де…

То марг бо русҳои ғосиб-таъбири худи ӯ, размид. Ва ҳатто вақте, ки Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон назди Кремл капитулятсия намуд, ӯ ҳамоно аз пуштибонии озодихоҳони Чеченистон даст накашид! Зеро мавқеъ дошт! Мо намегӯем, дар ин додуситад кӣ ҳақ буду кӣ на: Рамзан Қодиров-идеали имрӯзаи ҷавонони хунгарми Тоҷикистон ва ё Турко Дикаеви ранҷи табъиду табйизи Сталинро кашида. Сухан сари мавқеъ аст, ки Турко чун чечен қабул надошт, то соати маргаш…

Воқеан ҳам Турко ҳанӯз дар батни модар ситами репрессияро кашидааст. Оилаи ӯро бо садҳо ҳазор чечени дигар, бо 1 амри Иосиф Сталин-пешвои СССР аз Грозный ба даштҳои қипчоқу қазоқу қирғиз бадарға карда буданд. Зеро бобоҳояш зидди Кремлин меҷангиданд. Ӯ аз табори Эмом Шамили чечен буд, ки даҳсолаҳо бо империяи Романовҳо ҷангида буд. Турко вақте барои коромӯзӣ аз Фрунзе-пойтахти Қирғизистон, миёнаи солҳои 1970 ба Кӯлоб омад, шарафу ифтихору ғурури миллӣ ва рӯҳи истиқлолхоҳии ин мардум ӯро шефта сохт ва барои абад дар ин ҷо ватан гузид. Солҳои 90, ки ҳама ғайритоҷикон тарки Тоҷикистон мекарданд, ӯ синаро сипар ва килкро шамшер сохта, бар зидди оппозитсияи исломӣ ба ҷанг бархост ва паҳлӯи родмардоне, ки зидди душман шӯрида буданд, мавқеъ гирифт. Хеле мехост, русҳо марзро супоранду Тоҷикон сарҳадашонро соҳиб шаванд ва…ба мақсад расид…

10 сол пеш вақте шоири шаҳири Тоҷик-Бозор Собир матлаби «Симхорҳои советиро баргардонед!» навишта, даъвати дубораи тобеият ба Русия кард, Дикаев ягона Тоҷике шуд, ки сахт посухаш дошт. Номи матлаб кофист, ки аз мӯҳтавояш огаҳ шавем:

-Умер, кумир…

Тоҷик буд! Чечен буд! Ва муҳимтар аз ин Кӯлобӣ буд! Кӯлобитарин кӯлобӣ... Шояд ба умқи ин ибора зодагони дигар маҳалл фуруд н-оянду нависандаро бар маҳалгароӣ муттаҳам созанд. Вале ба қадри ин ибора нафаре мерасад, ки ақаллан 1 рӯз дар Кӯлоб ба сар бурдааст! Кӯлобиҳо бисёр якҷиҳата, якмарома, якрӯя ва ба гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ, Яфоқаанд. Туркои мо низ чунин буд: -Яфоқа!!! Ва аз кӯлобӣ буданаш бештар ифтихор дошт, ки аз чечен буданаш дошта бошад ва баракс…

Боре 1 дӯстам нақл кард, ки солҳои 1990 дар ш.Маскав меҳмон будему Казиное рафтем. Гуфтанд, казинои кӯлобиҳост. Ҳайрон шудам, дар кишваре, ки тоҷикро табаркуш мекунанду пулису милису пиру барно зиддашонанд, чигуна кӯлобие Казино сохтааст? Дар ҳамин фикр будам, ки кортежи мошинҳо пайдо шуду чанд ҷавонмарди ҳузарбе дар иҳотаи «телех»-ҳо даромаданд. Гуфтанд, ҳокими Казино ҳамин нафар аст. Дидам, ки миёни ҳам чеченӣ ҳарф мезананд. Пурсидам, мебахшед, маро гуфтанд шумо кӯлобиед, вале мебинам, ки қафқозӣ будаед. Хандиданду гуфтанд, кӣ гуфт қафқозием? Миллати мо чечен аст, вале мо чеченҳои Кӯлобем! Ва ин суханро бо ифтихор ба забон меоварданд…

Турко Дикаев аз зумраи ана ҳамингуна чеченҳои кӯлобӣ буд, ки ҳар куҷое мерафт, аввалтар аз ҳама худро кӯлобӣ муаррифӣ мекард:

-Я, кулябский чеченец!!!....

Боре, ки бо ӯ шаҳри бостониро сайргашт мекардем, гуфт:

-Сайёф, хочешь тебе покажу квартиру истинного кулябца?

Гуфтам, ки оре, хочу. Ва ӯ маро дар микрорайони №9 назди тирезаи ошёнаи 1-и баландошёнае бурда гуфт:

-Смотри! Единственное окно без рамки в целом городе…

Воқеан ҳам он замон ҷангӣ буду дузду одамкушу ғоратгар бисёр ва мардум тирезаҳояшонро ҳатто дар ошёни 7-9 панҷара мебастанд. Чун ҳайрон ба тиреза нигоҳ мекардам, хандиду гуфт:

-Это моя квартира! Квартира кулябского чеченца…

Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, дӯст, ҳамдиёр, ҳамшаҳрӣ ва ҳамтабори гиромӣ…

PS: Турко Дикаев дар синни 69-солагӣ, шоми 15.07.2019 аз олами сифлӣ бибрида, ба олами улвӣ пайваст. Ҷанозаашро тамомии Кӯлоб пешини 16.07.2019 хонд ва дар ҳамин шаҳри дӯстдоштааш ба дасти хок рафт…

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Муборак Чоршанбе, 17 Июл 2019 15:38 Паём аз Муборак

    Турко - беҳтарин рафиқ ва рӯзноманигор буд. Рӯҳшон шоду манзили охираташ обод буд. Аз маргаш сатх андуҳгин гаштам.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter