ХАБАРИ ДОҒ

Ба фикри сирф фардии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, бояд сар аз ҳамин ҳафта вожаи «КАЛОН» умуман аз корбаст ва истифода бардошта шавад! Мефаҳмонам, чаро?

Ҳоло дилхоҳ гаишник, милиса, болниса, суд, прокурор, ходим, масъул, қаровул, чиновник, фаррош, муаллим, директор… вожаи дӯстдоре дорад: 

-Калон!

Зери ин мафҳум онҳо ҷурму хатои хешро пӯшонида тамомии қубҳу гуноҳи хешро сари Калон мезананд ва худро сафед мекунанд. Дигар фарқ нест, ки суд нафареро бе гуноҳ ҳабс кардааст, милиса касеро боздошт намудааст, прокурор одамеро сиёҳ кардааст, қаровул беодобӣ кардааст, гаишник пул ситондааст, зиндонбон маҳбусеро лату кӯб сохтааст... 

-Калон! Фармони Калон!!!

Яъне чӣ? Яъне айби Калон аст, на аз мо. Ҷурм дар Калон аст-на дар ман. Калон мекунад-на мо…

Имрӯз ба кару кӯр ҳам собит аст, ки бо корбасти вожаи Калон ҳама худро мусичаи бегуноҳ мебарорад, типа, ман кистам, ки аз дастам чунин беинсонфӣ ояд? Ба ман АМР шудааст. Фармон аз БОЛО, аз Калон…

Калон кист? 

Суолест, ки бояд вазирони қудратӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, командаи идеологӣ ба он посух гӯянд! Вале мо танҳо аз диди халқ ба гӯши ин масъулин мерасонем, ки Калонгӯии шумову зертобеинатон соя бар ҳукумати марказӣ ва давлат меафганад! Шумо хуб медонед, ки мо чиро дар назар дорем. Бо обрӯву имиҷи давлат ва ҳукумат набояд бозӣ кард!!!

Ҳафтаи пор дар Суғди бостонӣ истироҳат доштем ва 1 моҷаро ба навишти ин матлаб таҳрикамон дод. Огаҳон медонанд, ки аз Бӯстон то Хуҷанд шоҳроҳи васеъест, ки 1 хатти бутун-«полоса»-и алоҳида дорад. Ронандаи мо ғофилан ин полосаро зер карду манъаш карданд. Чу пурсид, ки сабаби ист фармудан чист…, посухи нозир моро шокӣ кард, ки гуфт:

-Аз роҳ худи Калон мегузарад! Дигарҳоба мумкин нест!!!

Калон кист? 

Пеши қассобе навбат будем, ки нафаре омадаву гуфт:

-Гӯшти нағз ҷудо кун, ба Калон мебарам!!!

Калон кист???

Мутаассуф, моҷарои мазбур имрӯзӣ нест. Солҳост давом дораду касеро парвое нест: Боре СССР мушкили судӣ бо 1 нафаре дошт. Чанд рӯз пас 2 масъули баландпоя бо мо сӯҳбат карданду гуфтанд, ки мабодо ягон зиёнатон расад, аз мо набинед. Калон амр кардагӣ…

Калон кист? Эй мардум!!!

1000% онҳо дурӯғ мегуфтанд, зеро Калоне, ки онҳо дар назар доранду мо зери ин мафҳум мефаҳмем, то ин ҳадд бекор нест, ки дасташ ба ҳама ҷо расад! Инро суистифода аз мансаб мегӯянд. Инро коррупсия мегӯянд! Коррупсия танҳо пораву ришва гирифтан нест, охир!!!

Калон барои чиновникҳои мо вожаи обсофкунак шудааст!!! 

Зери вожаи Калон пинҳон кардани ҷурму хатои худ оқибати баде дорад. Зимнан, бояд сар аз ҳамин рӯз вожаи «Калон» умуман, қонунан, зотан, маънаван аз даҳони масъулин шуста шавад. Ва барои расидан ба ин ҳадаф бояд чанд гаишник (ба вежа, нозирони «спецподразделение»), милисаву суду прокурору масъулу чиновник расман боздошт ва дар назди Оинаи Нилгун иқрор ва муҷозо шаванд, ки чаро калимаи Калонро истифода мебурданду мебаранд! Зеро то инҳоро расман ва ошкоро ҷазо надиҳем, пушти фразеологияи рехтаи асри 21-«Калон гуфт!», «Амри Калон!», «Фармон аз Боло…» ишон қубҳу хатои хешро пинҳон мекунанду мардумро аз ҳукумат дилсард…

Ба гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ: 28 сол шуд, онҳо бо думи Шер бозӣ доранд…

Сари мавзуъ ҳатман бармегардем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter