ХАБАРИ ДОҒ

Ҷомаи Султон Увайс куҷост?

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

Салом, СССР! Баъзе аз ақоид ва далелҳои сарсарии 6000-сола решаи фарҳангии моро хушк кард, ки аксаран бо дасти худи мо теша ба решаи миллат буд. Шахсиятҳои муаррифгари миллат, ки шуҳраи ҷаҳонанд, аз қабили Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит…, ҳамчун тоҷик дар замини бегонагон манзил интихоб карда, бо забони тоҷикӣ суруданду ваъз гуфтанд. Муҳим ин аст, ки ТОҶИК монданд! Чандест, ки баҳсе сари мавҷудияти асҳоби дигари паёмбари гиромӣ Султон Увайси Қарании Яманӣ меравад, ки таҳлилу баррасиро дар ин бобат талаб менамояд. Баъди баҳсҳои чандмоҳа суоле дар андешаи банда пайдо шуд, ки аз Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов хостори ҷавоби онро дорам:

1.Султони Яманӣ, ки дар ин шаҳр зиставу ба хок рафтааст, чаро ба дидори паёмбар мушарраф нашуд?

2.Чаро ба Султон Увайс лақаби Қаран дода шуд?

3.Паёмбар (с) ҷомаи худро ба ин ҳазрат, ҳадя кард. Барои чӣ?

4.Ва он ҷома ҳоло куҷост?

Тоҳири Абдуҷаббор,

шаҳри Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter