ХАБАРИ ДОҒ

«Форель» хато кард, ё мо хато хӯрдем?

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Чанд рӯз қабл бо 1 рафиқам дар кафе «Форель» (лаби дарёи Душанбинка, дар гардиши «Мясокомбинат») нишастему давоми 2 соат хушиву хурсандӣ кардем. Вақте Матлюба (шояд Матлуба бошад?) пешхизмати «Форель» расид-«чек»-ро овард, талхамон кафиду хӯрдаҳои мо заҳр шуд! Бовар мекунед, ки 2 кас дар 319 сомонӣ хӯрдаем!!! Ва аз ин 29 сомонӣ (!!!) ҳаққи хизмат (обслуживание)-и пешхизмат! 1 бор ҳисоб ва андешед, ки дар 319 сомонӣ мо чӣ хӯрдаем??? Болои ин, оё Кумитаи истилоҳот ва забон дар бораи номи ин қаҳвахона-Форель ягон бор фикр карда бошад? 

Мурод Шарифов,

ш.Душанбе

PS: Чеки зиёфат дар дасти ман маҳфуз аст!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter