ХАБАРИ ДОҒ

Раҳимбоевро ҳайкал меарзад?

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, муаллим Зиёвиддин Ҷамолзода аз ноҳияи Рӯдакӣ бо СССР телефонӣ тамос гирифта гуфт, ки дар СССР дар бораи шахсияти Абдулло Раҳимбоев зиёд менависанд. Ӯро хоин низ меноманд. Воқеан, агар хоин бошад чаро дар шаҳри Хуҷанд барояш нимпайкара гузоштанд? Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ӯ дар аввалҳои Инқилоби Октябр чун инқилобчӣ сарварии Республикаи халқии Бухороро ба ӯҳда дошту с.1924 дар вақти тақсимоти ҳудудии кишварҳои Осиёи Миёна, аз миллаташ рӯ гардонид. Журналист Сангини Гулзод дар бораи ӯ дар СССР навишта буд, ки «Абдулло Раҳимбоев дидаву дониста хиёнат кардааст. Ҳофизаи таърихии мо ба ҳаддест, ки ба ин хоини миллат дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» нимпайкараву дар н.Бобоҷон Ғафуров хоҷагиеро ба номаш гузоштаанд». Ба инаш чӣ гӯем?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter