Принт

Ғамхори Шарипова Ҳукумат аст

МИҲДТ н.Ёвон матлаби «Ғами моро кӣ мехӯрад»-и коргузори ҶДММ Креолити ноҳия Шарипова Муаттар (СССР, №20(557), 16.05.2019)-ро дар ҷамъомади васеи кормандони шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Таъмири биноҳои муассисаҳои таълимӣ, сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ сурат гирифта, ҳамзамон тибқи муқаррароти моддаи 63-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», ки эҳсонкориро дар соҳаи маориф пешбинӣ кардааст, дар ин самт кумаку дастгирии сармоядорон, шахсони саховатпешаю хайрхоҳ, падару модарон, корхонаҳои ноҳиявӣ, дастпарварони мактабҳо, кумита ва ассотсиатсияҳои падару модарон ҷалб карда мешавад. Шарипова соҳиби 3 фарзанд, шавҳараш дар Россия бо ҷурми даст доштан бо маводи мухаддир дар маҳбас асту аз тарафи муассисаи таълимӣ ин оила ба гурӯҳи оилаҳои эҳтиёҷманд дохил шуда, аз писаронаш Холназаров Фирдавс-хонандаи синфи 2-и МТМУ №30 ва Хидиров Меҳроб, ки тарбиятгирандаи гурӯҳи омодагӣ ба мактаби муассисаи таълимии томактабии №4 мебошанд, маблағҳои иловагӣ талаб карда нашудааст.

Амирбеки Темур, раиси ноҳия

 

Матлабҳои дигар