ХАБАРИ ДОҒ

Нақши бузурги Айнии советӣ!

  • Чоршанбе, Июл 31 2019

Устод  С.Айнӣ дар 2 давра-амирӣ ва советӣ зиста, эҷод намудааст. Аввал ба эҷоди шеър машғул шуд, баъди ҷустуҷӯҳои зиёд тахаллуси Айниро баргузид. Аввалин шеъри худро с.1896 навишт. Таҳсил дар мадориси гуногуни ш.Бухоро чашмонашро кушода, зеҳнашро қавӣ кард. Дар давраи амирӣ низ ба мардум хизмат карда, ба рӯзҳои нек даъват менамуд. Баъди инқилоби Октябр шеъри “Марши ҳуррият" ба зеҳни маорифпарварии ҷомеаи онвақта таъсири зиёд гузошт. Давраи советӣ устодро ҷавон кард. Аслан ҳамин вақт аз назм ба наср гузашт. Повесту романҳояш мавқеи арзандаро дар ҷомеа соҳиб шуд. Романи “Ёддоштҳо”-ро, ки охири умр навишт, барои хонандаи дирӯзу имрӯз китоби рӯимизист. Дар ин китоб улуми забон, адабиёт, таърих, физика... пешкаши мутолеин шуда, ҳар кас барои касбаш дурдонае меёбад. Айнӣ нақши бузург дар соҳаи забони адабии тоҷик гузоштааст. Агар чунин кӯшиши зиёди нигаҳдории забони адабии тоҷикро ба миён намегузошт, ҳоло намояндагони ҳар маҳалу минтақаи кишвар забони лаҳҷавии худро истифода мебурд, чӣ тавре ки дар Эрону Афғонистон ҳоло ҳам дар сатҳи давлатӣ бо шева сухан мегӯянд. Даврони советӣ меҳнатҳои Айниро қадр намуд. 

 

Зайнулобиддин Ҳусейнов,

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter