ХАБАРИ ДОҒ

Андешаи Рустам Баротов таҳти унвони «Дар харобкории сел раисон гунаҳкор!» (13.06.2019, №24) дар МИҲД ш.Панҷакент бо иштироки комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор гирифт. 4.06.2019, тақрибан соатҳои 15:00 дар натиҷаи боришоти пайдарпайи борон ва жола сели калон ба аҳолӣ ва иншооти муҳими хоҷагии халқи деҳаи Рӯзиобноки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ хисорот расонид. Аз ҷумла, 1 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шуда, 0,95 км роҳи автомобилгард ва 1 пул қисман зарар дид. Инчунин 2 тан сокинони ш.Душанбе-Раҳмонов Сунатулло ва Раҳмонов Рӯзимурод ба ҳалокат расиданд. Маблағи умумии зарари офати табиӣ 1 млну 191 ҳазору 935 сомониро ташкил дод, ки бо санади КҲФ ва қарори раиси шаҳр №361 аз 7.06.2019 тасдиқ шудааст. Барои бартараф кардани офати табиӣ аз лаҳзаҳои аввал МИҲД ш.Панҷакент чораҳои заруриро андешид ва ҳамзамон 6 адад техникаи пуриқтидор сафарбар ва дар муҳлати кӯтоҳ офат бартараф шуд. Ба оилаҳои фавтидагон маводи хӯрока ва маблағҳои пулӣ дастрас гардид. Инчунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани селроҳаҳо ба роҳ монда шуд. Айни замон сохтмони 1 адад манзили истиқоматӣ оғоз шудааст.

М.Сафарзода, муовини якуми раиси ш.Панҷакент

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter