Принт

Мо ва феминизми мо

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,

На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд…

Матлаби қаблии ман-«Мо ва ҷалабҳои мо» дар ҷамъияти имрӯза чун вулқон таркише ба миён овардааст ва шояд барои нахустин бор бошад, ки андар шарҳи мақолаам мақола хоҳам навишт. Мо Метавонем!

Сароғоз муфаххирам, ки аксарият чӣ дар сӯҳбатҳои чортанӣ, чӣ баҳсҳои интернетӣ ва чӣ дар орухонаи фейсбукӣ аз матни матлаб пуштибонӣ кардаанд. Зеро ҷалабизми имрӯза воқеан ҳам бомбае шудааст, ки замоне ҷамъиятро хоҳад тарконид. Бовар кун, хонанда, ки чунин аст. Нафаре ҳам навиштааст, ки қудратиҳо бо додугирифти экстремизми исломӣ банд шуда, мушкили ҷалабҳоро, ки паёмадаш батар аз давлати исломист, нодида мегиранд. Дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР-Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода бошад, ҷумъаи гузашта аз минбари масҷиди Ҳисор занг задаву гуфт, сипоси худ ва мардуми намозгузорро ба СССР барои дарҷи ин матлаб мерасонам…

Ва аммо оппонентҳои мо, онҳое, ки ҷалабҳоро пуштигирӣ кардаанд, кам ҳам бошанд, ҳастанд ва факту далели овардаашон моро ба навишти ин матлаб маҷбур кард. Минҷумла, бонуе навиштааст, ки «чаро СССР бар муъминаҳо эрод мегирад?» Бонуи гиромӣ! Муъмина ва муслима ҳаргиз ғарӣ намекунад, чӣ расад ба ҷалабӣ. Дигаре ангошта, ки «СССР ба модари Тоҷик даст нарасонад!». Хонандаи гиромӣ, оё метавон ҷалаберо Модар гуфту обрӯи 6 млн зан-духтар-модарро рехт? Оре, онҳо низ таваллуд мекунанд, зан ҳастанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ Модар на! Зеро Модари Тоҷик фарзандашро бо нони ҳаром тарбият нахоҳад кард!

Эроди дигари ҷонибгирони ҷалабизм «шароити бади зиндагонист». О, буродарон, хоҳарон! Шароити бад таккондиҳандаи ғарӣ набояд буда бошад. Мисол мехоҳед? Дур намеравам. Апаи Гулчеҳра, ки ӯро модари «Ҷавонони Тоҷикистон» мехонанд, дар 28-солагӣ, дар соли 1983 бо иллати кӯдак наёфтан аз шавҳараш ҷудо шуд ва номуси зани Тоҷик нагузошташ, ки бо касе издивоҷ кунад. Инак, ӯ 36 сол бе шавҳар аст, зиндагонии сангин дорад, рӯзияшро бо нӯки сӯзан ҷамъ меорад, шабҳо хоб нест, рӯзҳо дар такудав аст, газета мефурӯшад ва аз сари ҳар газит ҳамагӣ 10 дирам меёбад. Ин дар ҳолест, ки боз 2 кӯдаки ятиммондаи хоҳарзодаашро ба тарбияти худ гирифтааст. Магар ӯ наметавонист, бар тибқи ғояи фаҳшосапедкунандаи шумо – «шароити бад» бо роҳи бад равад ва ё шавҳар кунад? Ана чунин Гулчеҳраҳоро метавон Модари Тоҷик хонд! На ҷалабпешаҳои зерҳимояти шуморо…

Мутаассуф, ҳамаи ин ҳама пуштигирӣ аз куҷо реша мегирад? Аз тақлиди кӯр-кӯронаи мо ба Ғарбу Амрико. Феминизм ё худ зансолорие, ки солҳои 60-и асри пор ба миён омад, дар Ғарб рушд кард ва имрӯз дар давлатҳои пешрафта ба нуқтаи авҷи олияш расид. Мо зидд нестем. Зеро ин усул ва шеваи зиндагонии ғарбиён аст, давлатҳое, ки фарҳанги табордорӣ умуман надоранд. Вале чаро мо бояд чашм пӯшида, тақлид ба фарҳанге кунем, ки дар ҳамин самт, яъне табордорӣ, аз мо садсолаҳо қафо мондааст? Магар Тоҷике худро мард мешуморад, агар фарзи мисол, фарш шӯяду хӯрок пазаду куртаву эзори занашро шӯяд? Суолро баракс мегузорам: кадом зани Тоҷик мардеро, ки куртаву эзорашро мешӯяду фархак-памперси кӯдакашро иваз месозаду авқот мепазад…, иззат мегузорад? Чунин «тряпка»-латтамардро ягон Зани Асили Тоҷик ҳурмат нахоҳад кард! Вале мо мехоҳем, ки мисли Ғарб занҳои мо озоду мардон хонақап бошанд…На-ме-ша-ваддд! Дар Ғарб чунин озодӣ занеро ғару фоҳиша намесозад, дар мо танҳо тамошои филмҳои ҳолливудиву роликҳои интернетӣ аллакай бонувонро ҷалаб кардаанд, чӣ расад ба озодии а ля ғарбӣ. Яъне инқилоби озодии зан бояд сараввал дар майнаҳоямон пухта расад ва ана баъдаҳу дар ҷамъият...

Бовар дорам, ба ин навиштаи ман, аксарияти онҳое эрод хоҳанд гирифт, ки … муҷарраданд, шавҳар надоранд! Худро нофи замину само низ хонеду 1001 қонуну қоида мисол оред, ана ҳамин бева мондани шумо исботи гуфтаҳои айни мананд, ки фарҳанги табордории ғарбӣ ҳич гоҳ қобили қабули ҷамъияти ману мо нест ва нахоҳад буд!!!

Феминизм аввали кор аст. Ана ҳамин идеяи иҷборан занҳоро ба кор кашидани ҳукумат аз ҳамон зовия об мехӯрад. Дар мо озодист, шукри Худо занеро сангборон намекунанд, дар маърази омм ҷазо намедиҳанд, духтарон дар мактаби алоҳида намехонанд, нақлиёти ҷамъиятии хос барои бонувон нест… Стоп! Хонанда, дидӣ, ки барои обрӯрезии ҷамъияти мо чанд феминистка пешниҳод доранд, ки автобусу таксиҳои сирф занона таъсис дода шаванд? Медонӣ барои чӣ? Пагоҳ ҳаминҳо бар оламиён ҷор мезананд, ки агар дар Тоҷикистон зан-модарро арҷ мегузоштанду тазъйиқу фишор намебуд, магар нақлиёти алоҳида месохтанд? Ҳушёр бояд буд, ух, как, ҳушёр…

Зани Тоҷик кор кунад, ташаббус нишон диҳад, ҳатман соҳиби вазифа мегардад! Мисол мехоҳед? Лола Ҷумъаевна-муовини раиси Ориёнбонк. Ин бону беш аз 30 сол шуд дар вазоифи баланди соҳа кор мекунад ва ҳаргиз «танҳо барои зан будан» ҷое таъин нашудааст! Бовар кун, хонанда, феминизм пирӯз омад, ҳатман Ғарб талаб мекунад, трансвеститу гомосексуалҳоро низ бо кор таъмин кунем… Баччабозӣ, ҳамҷинсгароӣ, ишқварзии зан бо зану мард бо мард аз талаботҳои дигари ин демократия аст, ки иҷборан фарҳанги зотии моро аз байн бардоштанист. Ва агар ҷамъият, таваҷҷӯҳ кун, хонанда, на ҳукумат, ки маҳз ҷамъият (!!!) аз ин ҳама ошуфтамизоҷӣ садд нагузорад, фардо писаронатон шавҳару духтаронамон зан мегиранд! Намегиранд? Ещё как мегиранд!

Боз сахт гуфтам? Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар