ХАБАРИ ДОҒ

 

ЗИНДАГӢ ДАР САДАФИ ХЕШ ГУҲАР СОХТАН АСТ,

ДАР ДИЛИ ШУЪЛА ФУРӮ РАФТАНУ НАГДОХТАН АСТ.

 Ассалому алейкум, ҳамқаламон ва ҳамватанони гиромӣ. Пас аз мутолиаи мақолаи таъсирбахши устод Саёфи Мизроб «Мо ва ҷалабҳои мо» натавонистам мӯхри хомушӣ ба даҳон занам. Дар бораи мушкили хеш ва проблемаҳои худам менависам, ки новобаста аз шикасту рехтҳо тоқат кардаву нони ҳалол хӯрдам, фарзандонро тарбият кардам, ба роҳи бад нарафтам. Бовар дорам, ин қиссаи сароғоз талху сипас ширини ман, заррае ҳам бошад, ба хоҳарону модарони гӯлу гумроҳ, ки ҷалабиву фаҳшоро роҳи раҳоӣ аз варта донистаанд, кӯмак мерасонад, то бар роҳи рост ва дурусти зиндагонӣ баргарданд. Мо Метавонем! 

Аз журналистӣ то фаррошӣ

Соли 2001 — ум аз ТВТ рухсатӣ гирифта, ба Москва омадам. Бо нияти пас аз 1 моҳ баргаштан. Мутаассифона, дигар ба ватан барнагаштам… 2 тифлаки ноболиғам дар он сӯи дунё ва мани зор дар ин сӯ... Акнун рӯзи наву зиндагии маҷбурӣ оғоз ёфт. Кӣ ҳам шуда кор мекардам? Дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон. Ба корҳои дилхоҳу маоши хуб дошта, аслан тоҷиконро қабул намекунанд… Хуллас дар 1 корхона ба ҳайси фаррош ба кор даромадам. Хурсандиам дер давом накард. Пас аз 1 ҳафта аз кор ронданд, сабаб пол шуста натавонистанам. Ҳамин тавр чандин моҳ азоби бекорӣ кашидам. Ба ҷигарбандонам, ваъда карда будам «телепузик» мехарам ва баъд аз 1 моҳ бармегардам. Он шабу рӯзҳо телефон ҳам набуд, ки бо наздикон пайваста дар сӯҳбат бошам. Ҳама дарду ғам 1 тарафу дурӣ аз фарзандонам ҳазор тараф шуда буд.

… Хушбахтона 1 агентии «трудоустройство» ёфтам, ки фаррошӣ меомӯзондаанд. Курси фаррошӣ рафтам. Инак ман фарроши ботаҷрибаи «дипломдор»! Ба кор ҳам таъмин карданд. Вақто, ки ба ҷои таъиншуда-Техносила ба кор омадам, ҳамаи русзанҳо ба ҳайрат мегуфтанд, « Вы ничего не перепутали? Вы точно пришли на вакансии уборщицы? Вы молодая, красивая как можете уборщицей работать?»…  Ҳамин тавр ман дар якчанд корхона ҷое фаррош, ҷое «дворник», ҷое барфрӯ ва ҷое табақшӯй шуда кор кардам. 

Дидори фарзанд

Баъди 8 моҳ писарчаамро, ки дар Ватан синфи якро тамом карда буд, оварда, боз аз нав ба синфи якуми мактаби русӣ додам…Пас аз якчанд сол духтарчаамро низ гирифтам... Вале ҳар рӯзу ҳар соат фикри бозгашт ба ватан доштам. Ягон лаҳзае намехостам инҷо бимонам. Оҳиста-оҳиста корҳои хубе ҳам пайдо кардам. Акнун ҷое кассиру ҷое савдогар… Курси компютерии «Торговля и склад» -ро дар 7-ум версия тамом ва дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ ба ҳайси бухгалтер ва «табельшица» фаъолият кардам. Солхои 2007 — 2008 дар ООО Гравис, дар амбори арзиз 3 вазифаро иҷро мекардам: котиба, амборчӣ ва ёрдамчии бухгалтер. Соли 2009 тасмим гирифтам курсҳои парикмахерӣ-ороишотиро аз худ кунам. Дар ин самт низ муваффақ шуда, соли 7-ум аст Толори Ҳусн-«Салон Красоты»-и худамро дорам!

Иштибоҳи №1…

Дар интихоби хонаи ичора буд. Пас аз 1 ҳафта маълумам гашт, ки соҳибони хона наркоману зиндонӣ будаанд.  Боре аз кор баргаштам, ки писари соҳиби хона беасос дарафтода, то беҳушӣ лату кӯб кард. Шаб шунидам, ки писар сӯи модараш мегуфт «Мама не переживай, помнишь когда мы труп зята бросили в помойку, даже никто не искал!!! Их тоже выкинем в мусорку»… Субҳ бо азияте ба бачаҳои руси ҳамкорам занг задам. Омада, писару модарро мурданивор куфтанду ману писарамро наҷот доданд. Русҳо низ дар дӯстӣ побарҷоанд!!!

Очаҷон хона сӯхт!

30 — юми апрели 2005 сол. Писарчаам гирёну нолон ба корхона давида омад. «Очачон хона сӯхт!» гӯён доду фиғон мекард. Омада аз хона асаре наёфтам. Ҳама чиз сӯхт: ҳуҷҷатҳо, пулҳо, сару либоси зебои гаронбаҳое, ки барои кор дар ТЕЛЕВИЗИОН харида будам. Заҳмати чандинсолаам барбод рафт. Боз ҳам  шукронаи онро мекардам, ки ҷигарбандам байни оташ намонд. Ба гуфтаи гузаштагон,  азизу арвоҳе пуштибонамон будааст. Бар замми ҳамаи ин соҳиб моро ба суд дод, ки хонаашро сӯзондаем. Қарзу қавола карда, ватан омада, аз сари нав ҳуҷҷат тахт карда, бозпас ба Русия омадам ва ҳама корро боз НОЛ сар кардам. Мо Метавонем!

Моя мама ЖУРНАЛИСТ.

...Як руз писарчаам  аз мактаб озурдаю ғамгин баргашта, илтиҷо кард, «Ҷон очаҷон дигар «уборщица» кор накун, хохиш…Бачаҳо маро таъна заданду ман гуфтам, ки «Моя мама журналист!».  Ба чашмони маъюсу  ғамгини писарам нигоҳ карда, оҳи ҷонкоҳе кашидам. Ба писарам фаҳмондам, ки айб аст, агар одам кор накунаду фарзандонаш нахонанд. Ман барои шумо ба ҳама кор омодаам ва бо русӣ афзудам «Мои погоны не упадут, если я работаю!»… 

 Солҳо сипарӣ шуданд ва писарам, ҷавони баруманду баркамол боре аз ман хохиш кард, ки «Очаҷон 1 диски барномаятро деҳ». Диски барномаҳои телевизионии манро бурда, ӯ ба рафиқоне, ки замоне ба ҳоли модари фаррошаш хандида буданд, нишон медиҳад ва ҳамсинфонаш бахшиш пурсида, иқрор мешаванд, ки то ба ҳол бовар надоштем, модарат журналист аст. Акнун писарам орому хушҳол аст, ки журналист будани модарро исбот кард.

 ПОЧЕМУ Я НЕ ПРОВОСЛАВНЫЙ?

Писарам дар синфи чорум боре аз мактаб бо лабу лунҷи овезон вориди утоқ гашта, пурсид: «Чаро дар синф ҳама Христианин, Православный ҳастанду ман не?». Мавзуъ оиди дин. Қуръонро бо забони русӣ харида, дар дасташ додам. Акнун ӯ медонад, ки мусалмон асту фахр ҳам дорад. Мо Метавонем!

 Коллеҷ аз ҳама баъд!!!

Ба фарзандон фаҳмонидам, ки барои идомаи таҳсил онҳо бояд ҷои кори хуб ва маоши уствор дошта бошанд, то пули таҳсилро пардозем. Аз рӯи сенарияи ҳаёти ман, пас аз синфи 9 ҳарду курсҳои кӯтохмуддатро хатм карда, ба кор пардохтанд ва сипас ба коллеҷ шомил шуданд. 3 бор ҷарроҳӣ шудам. Аз ҷарроҳии охиринам, 3 сол сипарӣ шуд. Бори ахир сахт тарсидам. Аз марг не. Тарсидам, ки вопасин дидорам асту фарзандҳои бо  азобу машаққат калон кардаам, ки рӯи по нестанд, аз пой меафтанд. Зорӣ кардам аз ХУДОВАНД, ки ба хотири тифлаконам боз имконам диҳад то зинда монаму онҳоро соҳибкасбу соҳибмартаба кунам. 

Ҳоло писарам факултаи ҳуқуқро хатм кардаву дар Амрико таҳсил дорад. Духтарчаам дар курси 2-и ҳуқуқи ҳамон коллеҷ таҳсил мекунад. Боар дорам, ки ҳар 2 низ юрист мешаванд!!! Мо метавонем!

Нони ҷалабӣ нон нест!

Ин қиссаи 1 зани Тоҷике буд, ки новобаста ба сахтиҳои рӯзгор ба роҳи каҷ нарафт, ҳарчанд буданд афроде, ки ба ман кӯҳҳои тилоӣ ваъда кардаву мехостанд бо онҳо бошам (байнашон ҳатто олигархи русе низ буд, вале ман гуфтам, ки Тоҷики ҳанафимазҳаби мусалмонам ва маргро болотар аз фаҳшову каҷпоӣ мегузорам!). Тоқат кардам. Фарзандонро бо нони сахти фаррошӣ, кӯчарӯбӣ, табақшӯӣ, вале ҲАЛОЛ тарбият кардам ва имрӯз шукри Худо, соҳиби ҳама чиз ҳастам! Зани муваффақам. Дар Русия Толори Ҳусн дорам. Даҳҳо сертификату дипломи русӣ гирифтаам. Корам пешрав аст! Зимнан аз шумо низ хоҳарону модарони мӯҳтарама илтиҷо дорам, бо роҳи бади ҷалабиву фаҳшо наравед. Тоқат кунед. Ҳамааш мешавад! 

 Сабр калиди мушкилиҳост. Ба онҳое, ки зидди матлаби Сайёфи Мизроб навиштаанд, гуфтаниям, ки фаҳшо, зино, ҷалабӣ, ғарӣ, ҳаромхӯрӣ ягон «оправдание» надорад. Талош кунед, хоҳарон, ки бо нони ҳалол фарзандонро тарбият кунед, то дар 2 дунё рӯятон сурх ва хотиратон ҷамъ гардад. Ман тавонистам. Пас чаро шумо натавонед? Мо Метавонем!!!

Боқӣ ба шумои азиз хонадагони рӯзномаи дилкушои СССР сиҳҳатмандӣ ва хонаободӣ орзумандам. 

 

Матлуба Салимзода

 < Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. >

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter