ХАБАРИ ДОҒ

 

Шоми 7.08.2019 сарбозони Дастаи таъиноти махсус-ОМОНи Нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба манзилаш, ки дар деҳаи Кой-Таш, наздикии Бишкек қарор дорад, ҳуҷум карданд. Аммо тарафдорони Отамбоев, ки хонаро бо мақсади ҳимоя иҳота карда буданд, нагузоштанд, ки ҳарбиён экс-президентро боздошт карда, бо худ бубаранд.

Алмосбек ким?

Отамбоев аз с.2011 то с.2017 президенти Қирғизистон буд, ки довталабона изҳор дошт, дар интихоботи навбатӣ ширкат намекунад, ҳарчанд тибқи Конститутсия ин имкониятро дошт. Ӯ иддао пеш овард, ки рафтанаш аз сари қудрат бояд дарҳои демократияро бар рӯи кишвараш васеътар кушояд. Алмосбек бар назар буд, ки баъди сари ӯ дар Бишкек озодӣ ва демократия ҳукмрон мешавад. Ва аммо баракс, хаос, вандализм ва бенизомии кулл Қирғизистонро печид.

Сооронбой Ҷеенбеков, ки қабл аз интихобот ҳамагӣ 2% рейтинги маъруфият дошт, бо дастгирии бевоситаи Алмосбек соҳиби курсии раёсатиҷумҳур шуд. Ҳолдонҳо ҳадс мезаданд, ки Отамбоев амдан Сооронбойи камобрӯро ҷойгузини хеш намуд, то сенарияи Путин-Медведев-Путинро роҳандозӣ кунад. Вале ғайричашмдошт, шогирд зидди устод барошуфта, барои нахустин бор дар таърихи Қирғизистон президенти фирорнакардаро ба ҳабс кашид. Бехабар аз оне, ки устод ҳамеша 1 приёми пинҳонӣ барои ба тахтапушт афгандани шогирдашро дорад…

 

Иммунитет ё импичмент?

27.06.2019. Бо дархости Ҷеенбеков иммунитет ё худ масуният, дастнорасии Алмосбек лағв ва худи ӯ аз унвони «экс-президент» маҳрум гардид. Акнун дару дарвозаҳои зиндон ба рӯяш дутабақа боз шуданд! Депутатҳо ӯро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ"-Азиз Батукаев гумонбар дониста, ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо муттаҳам карданд. Ва аммо ба гуфтаи русҳо «не тут-то было!». 

Моҳи июли соли равон ба таври ногаҳонӣ Алмосбек ба фурудгоҳи низомии «Кант» ҳозир шудаву дар самолёти фиристодаи Путин ба Маскав парвоз кард. Сооронбой нафаси осуда кашид. Акнун ӯ метавонист, Отамбоевро чун Қурмонбек Боқиев зери пайгард қарор додаву ғоибона суд кунад. Аммо бозгашти ҳамонгуна ғайричашмдошти «Экс» ва боз ҳам тавассути самолёти Путин тарбузи сиёсиро аз бағали Ҷеенбеков ғалтонид. Ҳоло дигар сухан сари ин муаммо буд, ки иммунитет ё худ дастнорасии президенти қаблӣ сари президенти феълиро нахӯрда, то импичмент-нобоварии парлумон намекашад? Суоли матраҳ аст, албатта…

 

Алмоси саркаш

Бо дастури Ҷеенбеков президенти собиқро мақомоти қудратии кишвар 3 маротиба барои бозҷӯӣ даъват карданд, лек мавсуф аз ин даъватҳо сарфи назар намуда, гуфт, Президент аст ва ба идораи пулис намеравад. Лозим шавад, ба таври катбӣ ба суолоти муфаттишон посух менависад. Вақте ба ӯ таҳдид карданд, Алмосбек гуфт:

-Ман дар хона туфанг дорам ва йигит маргро қабул медораду таслимро на!

Ин ишора ба Сооронбой буд, ки ба ҷанг омодагӣ бинад…

 

Штурми алмосин

Ахиран шоми 07.08.2019 «спецназ»-и қирғиз ба хонаи Отамбоев ҳуҷум кард. Дар наворҳое, ки ба ютюб роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки экс-президент бо тарафгиронаш барои салому алейк мебарояд ва ҳамин дам пулис ҳавлиро мавриди тиршаппак қарор медиҳад. Одамон ба ҳар тараф чошу пош мешаванд. Захмиҳо меафтанд. Доду вой мебароранд, ки «не тсреляйте в свой безоружный народ!!!».

Ҳукумат пагоҳаш гуфт, ки тирҳои пулис резинӣ буд ва аммо захмиҳои хунин дарак медиҳанд, ки ОМОН тири аслиро кор фармудааст. Дар ин шабехун 30 тан одами мулкӣ захмӣ шуда, 1 нафар аз сарбозони нерӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расид. Лаҳзаҳои ногувор давом дорад! 

 

Инқилоб офтобро монад?

Хотиррас мешавем, то ин дам Қирғизистон 3 президентро нагун ва 2 танашро фирорӣ намудааст. Мегӯянд, ин ҳама натоиҷи инқилобҳои рангаи Ҷорҷ Соросанд, ки 20 сол шуд ин кишвари амнтаринро ба хоку хун яксон месозад. Ҳоло кам не-ғам не, Қирғизистон 5 президенти зинда дорад, ки ҳар кадом Экс ё худ пешинаашро дузду ғоратгару фасодзада эълон карда, мехоҳад маҳв созад. Яъне моҷарои Сооронбойу Алмосбек аввалу охири кор нест.

Дар ҳар сурат моро боз 1 инқилоби навбатӣ интизор аст. Мутмаин бошед, Қирғизистоне, ки ба хаосу вандализми солҳо 90-и «а ля тоҷикӣ» фурӯ рафтааст, 

бе ҷангу муноқиша ин бор низ аз бӯҳрон бадар намеояд. Ва аммо ин инқилоб хунинтарин хоҳад шуд. Зеро 2 Президент бо ҳам меҷанганд ва касе фирор карданӣ нест. Мунтазир мешинем. Мо Метавонем!

М. Мубориз

Ҷ. Ҳусейн

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter