ХАБАРИ ДОҒ

(Чмо интеллигент нест ва интеллигент чмо буда наметавонад!!!)

10 рӯз дам гирифтам. Дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, ки воқеан ҳам бо кӯшишу талоши Давлат Самизода-раиси ин коргоҳ, 1 осоишгоҳи сатҳи байнулмилалӣ шудааст. Тамомии табибон бо пешхидматону кормандонаш зиёд муомилаи хушу сара доранд, ки боиси афзоиши роҳату фароғату табобату фараҳ аст. Ва аммо сӯҳбат сари ин Осоишгоҳ нест. Ман дар ин ҷо камтар кор мекардаму бештари авқотамро харҷи мутолиа, сарфи филм, тамошои телевизионҳои чандин кишвар, бо шумули Ӯзбакистону Русияву Тоҷикистон намуда, ахиран умқан газетаву журналу саҳафоти интернетро варақ задаву ба хулосае омадам, ки ба Тоҷикон нависам, ки чмо (человек морально об…тёсанный-яъне одаме, ки маънан худбохтааст: дар Армия пасттарин солдат!) ҳич вақт зиёӣ нест. Интеллигент нафарест, ки синаро барои Шараф сипар мекард ва хунашро мерехту обрӯяшро на:

Хуни худро гар бирезӣ бар замин,

Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор!

Ин шиори интеллигентҳои Тоҷик буд! Зиёӣ ҳодии ҷамъяит аст ва интеллигенти Тоҷик ана ҳамон Рустаму Суҳробҳо буданду Гурдофариду Манижаҳо. Зиёии Тоҷик дар ҷанг дар сафи аввал меистод! Мани худро дошт. Шахсият буд. Инсон буд. Гапро дар рӯи одам мезад. Ҷавонмард буд!!!

Мутаассуф, бо болғаи идеологии шӯравии а ля русӣ бар сари миллати мо чунон куфтаанд, ки то ин рӯз мо дар бораи интеллигентсияи то инқилоби октябрии худ ҳеҷ иттилоъе надорем. Ҳамаро бо 1 ҷорӯб-босмачӣ руфта партофтанд. Ҳаргиз тарафдори босмачӣ набудаму нестам, аз рангу рӯшон безорам. Вале магар он чанд лақайу туғайу турку муғули дузд табори ману ту буданд хонанда? Инҳо билкулл босмачӣ буданд, дузду роҳзан буданд. Вале магар бидуни инҳо Тоҷик ҷадд, авлод, табор, зод ва зот надошт? Дошт! Ва аммо куҷо шуданд онҳо? Аз архивҳои тошкандиву маскавӣ бояд ҷуст. Аҳмади Донишу Шоҳину Ҳайрату Туғрал чун зиёӣ дар хотири мо мондаанд ва он ҳам бо…шеъру шоҳасарҳои назмиву насрӣ. Аз ин ҷост, ки фикр дорем, шоиру нависанда интеллигент асту бас! Ҳаргиз! Зиёӣ танҳо аҳли эҷод нест. Рустами Дастон магар шеър менавишт ва ё шамшер мезад? Ва агар Шоҳномаро умқан бихоне(д)м, дарк месозем, ки Рустам интеллигенти пеши пеш буд. Шамшер низ дастгоҳи зиёист! Зиё танҳо дар насиҳату панд ва шеъру румону повесту ҳикоят нест. Магар мешавад дасти тааррузи душманро танҳо бо насиҳат баст? Корду камону дору расан лозим аст барои ҳифзи Шарафи Ватан ва ин корро бояд интеллигент кунад!

Зимнан ителлигенти мо бояд Рустамвор зиндагонӣ кунад… Нафаре сақат гуфт, интеллигент нест! Муштзӯрӣ кард (дар ҳолати ҳифзи шараф) зиёӣ нест!! Сарватманд бошад-ку…эҳаааа тамоман аз марзи интеллигенсия каноратарак аст. Яъне интеллигент тарсу, беқувват ва камбағал бояд буда бошад? Магар Айниву Лоҳутӣ камбағал буданд? Дуртарак равам? Тазкираҳо мегӯянд, бори маъишати Рӯдакиро (мисле, ки ҳозир Варзоб истироҳат меравем) садҳо шутур мекашид! Фирдавсӣ 60 ҳазор тангаи ғайритилоии Султон Маҳмудро дар 1 ҳаммом партофта рафт (он тангаҳо пули андаке набуданд, ба масале ӯ 60000 евро мехосту ба ӯ 60000 доллар доданд!). Ҷомӣ, ки аз ӯ мо танҳо 1 хислат-шикастанафсӣ омӯхтан дорем, сарвате дошт, ки Алишери Навоӣ-садри аъзами Ҳирот надошт! Яъне камбағал интеллигент нест, зеро зиёии бепулу хонаву дар ҳич гоҳ Ватанашро Рустамвор ҳифз нахоҳад кард…

Воқеан ҳам, шукри Худо ва истиқлолият, ки имрӯз шоирону муаллимони макотиби олии мо хелееее сарватманданд, ҳарчанд пинҳон медоранд. Ҷои пинҳон кардан нест. Бояд муаллим бой бошад, то мактаббачча сӯи дониш дилгарм гардад…

Интеллигентҳои рус (аз моро ҳазф карда, аз худашонро таблиғ мекарданду мо рӯзгорашонро медонем), мисли Пушкин, Грибоедов, Лермонтов барои Шараф дар дуэл кушта шудаанд. Магар инҳо графзода, дворянин, яъне душман набуданд? О, инқилоби октябр бар ҳаминҳо пирӯз шуда буд-ку?! Ин ҳушдор ба дастгоҳи идеологии мост, ки соате расида, мо низ зиндагиномаи табори бузургу интеллигенти худро бознигарӣ кунем.

Интеллигенти фаронсаву англису испанӣ…агар беш аз 35-40 сол умр медид, мавриди танзу ханда қарор мегирифт, ки чаро дар дуэл барои шараф ва ё ҷанг зидди душманони ватанаш фавт наёфта, ба ин синну соли бузург расидаанд.

Яъне чӣ? Яъне интеллигент онест, ки аз Шарафи худ, Шарафи Миллати худ, Шарафи Ватани худ, Шарафи дӯстдоштаи худ, Шарафи зани худ, Шарафи марзу буми худ бо хун ҳифз мекунад ва ҳаргиз тарсӯ нест!

Ин фикри шахсии ман аст, ки метавонад бо андешаи аксарият муғаййир бошад. вале ҳар касе маро аз наздик мешносад, медонад, ки ин иддаоям сухани холӣ нест. Ман, масалан чунинам!

Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,

Ту гӯӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?

Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,

Ки беҳ аз оқили бе ғайрат аст ин!

Ин, аллакай, моли Ҳилолист. Нафаре, ки барои Шараф кушта шуда буд. Классика!...

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter