Принт

Арабҳо аз Зиё Абдулло узр бипурсанд!

Салом, СССР! Дар бораи посухи арабтаборони н.Қубодиён гуфтаниям. Шумо-арабтаборон аввал мақолаи Зиё Абдуллоро дурусттар хонед. Агар савод дошта бошед, мефаҳмед, ки З.Абдулло андешаи шахсии худро гуфтаасту ягон хел тафриқа ва ҷудоиву фитнаеро бод надодааст. Бовар дорам, ки шумо-6000 нафар мардуми арабтабори Қубодиён аслан газета намехонед! Чунин мепиндорам, ки посухро аз номи шумо ягон кас ё якчанд нафар аз рӯи кина нигошта, обрӯи устод Зиёро бе ягон асоси илмӣ паст заданиянд.

Эй арабтаборони Қубодиён! Инро донед, ки ягон Одам каси дигарро ҳаққу ҳуқуқи кофиргӯӣ надорад, зеро Худованд худаш дилу нияти ҳар 1 бандаашро медонад. Аз посухи шумо маълум, ки таблиғгар, фитнаандоз, нобино ва бесаводу бахил худи шумоед. З.Абдуллоро таъна ба Зардуштиву Оташпарастӣ назанед. Инро донед, ки дини зардуштӣ ва китоби «Авесто» асари Худост ва Ҳазрати Зардушт низ яке аз паёмбарони Худост ва поягузори нахустин дин дар дунёст! Лиҳозо, зидди андешаи 1 донишманд фитна ва тафриқа барпо накунед ва ҳаргиз аз номи уламои кишвар гап назанед. Чунки чунин ҳақро надоред! Дар асри 10 не, дар қарни 21 зиндагӣ доред!!! Кӣ чӣ хел мемирад ва ӯро кӣ ҷаноза мекунад, кору вазифаи шумо нест! Дар охир гуфтаниям: Шумо-арабтаборони Қубодиён бояд дар газетаи СССР аз Зиё Абдулло узр бипурсед!

Асадуллои Бекназар,

н.Кӯшониён

 

Матлабҳои дигар