ХАБАРИ ДОҒ

Бозор: кӣ садди роҳи нарх мешавад?

  • Чоршанбе, Авг 14 2019

 

 

Одатан дар арафаи ҳар 1 иду ҷашн нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия, меваю сабзавот ва қанду ширинӣ ҳатман боло меравад. Аҷоибаташ он аст, ки пас аз гузаштани хурсандӣ нарху навои маҳсулот дар бозор ба ҷои коҳиш ёфтан, баръакс ҳамин тавр мемонад ва боз ҳам дар иди навбатӣ меафзояд. Яъне идҳо омили нархафзо гаштаанд. Дар ин бора мухбирон ва хонандагони газета борҳо гуфтанду навиштанд, вале тиҷорату савдо, ки хусусияти хоси худро дорад, ба ягон тавсияву қарору таъкиду дастур итоат намекунад. Бозори имрӯзаи на танҳо кишвари мо, балки ҷаҳон низ, аз рӯи шиори «Бардорад зам кун, набардорад кам кун!» амал намуда, он аз рӯи муносибати танҳо 2 нафар-фурӯшанда ва харидор ташаккул меёбад. Ва аммо кӣ ва ё кадом сохтор бояд садди роҳи ҷаҳиши нарх дар бозорҳо бошад? Мухбирони мо пешопеши фарорасии Иди саиди Қурбон боз рӯ ба бозорҳои пойтахт оварда, ин мушкилро таҳлил намуданд.

Рақобати солим тавассути ярмаркаҳо

   Сайвалӣ Сабзаев, директори КВД «Бозори «Саховат» мегӯяд, ки барои танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия намоиш-ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯштию ширӣ хеле кӯмак мекунанд ва маҳсулоте, ки дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта мешавад, дар сифат ва таъм аз маҳсулоти дохили бозор ҳеҷ фарқияте надорад.

   - Пешопеши ҳар 1 иду ҷашн ва дар рӯзҳои истироҳат низ аз ҷониби маъмурияти бозор дар саҳни даромадгоҳи он намоиш-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешавад. Ба ғайр аз ин, ярмаркаи доимоамалкунандаи бозор низ фаъол буда, дар он сабзавот-картошкаву пиёзу сабзӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. Бовар кунед, сифати маҳсулоти дар ярмарка пешкаш шуда, шояд ба маротиб аз сабзавоти дигар нуқтаҳо беҳтар бошад, вале харидор ҳама вақт рафта, маҳсулоти гароннархро интихоб мекунад. Ҳамин намоиш-ярмаркаҳо боиси пайдо шудани рақобати солим дар бозор гашта, то метавонанд нархро коҳиш медиҳанд. Вале чуноне ки мушоҳидаҳо бозгӯӣ мекунанд, таваҷҷӯҳи мардум ба бозор кам ва ба супермаркетҳо афзудааст,- иброз медорад Сайвалӣ Сабзаев.

Маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғду Хатлону Ӯзбекистон

   Дар самти ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия маъмурияти бозори дигари пойтахт-КВД «Бозори «Деҳқон» низ дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ дар бозори марказӣ ва бозори маҳаллаи 33-и пойтахт 10 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ ташкил карда, ба ғайр аз он то ба имрӯз зиёда аз 520 тонна маҳсулоти кишварзиву агросаноатии бо сифат ба бозор ворид намудааст.

    - Бубинед, нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва агросаноатӣ дар назди даромадгоҳи бозор, ки доимоамалкунанда мебошанд, аз рӯи таҳлилҳои мо то ҳадде нархи дигар минтақаҳои бозорро коҳиш медиҳанд. Бозори мо бо мақсади захира ва ворид намудани маҳсулоти босифати агросаноатии ватанӣ бо 32 хоҷагии деҳқониву фермерии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва инчунин бо 3 хоҷагии деҳқонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкорӣ намуда, шартномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Ин имкон медиҳад, ки мо тавонем сокинони пойтахтро бо маҳсулоти тару тоза саривақт таъмин намоем ва бояд гӯям, ки дар самти таъминоти бозор бо маҳсулоти хушсифат мушкиле нест, - таъкид медорад Сунатулло Назаров, директори КВД «Бозори «Деҳқон».

Мехаранд, ки меоранд! 

   Абдулҳафиз Шоев, яке аз собиқадорони савдо, ки то ба ҳол дар бозори «Саховат» дӯкон доштаву маҳсулоти қаннодиву ширинӣ мефурӯшад, бар он ақидааст, ки мардум худ гунаҳкори асосии боло рафтани нарх дар бозор мегардад, алалхусус дар арафаи идҳо.

   - Бубинед, кай пеш дар дастархони мардуми тоҷик банану афлесуну ананасу кивӣ ва манго буд? Ҳеҷ гоҳ! Аммо ба туфайли ҳамин худнамоиҳоямон акнун рӯи дастархонамон иди Рамазону Қурбон он тараф истад, ҳатто дар маъракаи фотиҳа ҳам банану афлесуну кививу ананас мегузорему бо ин ба савдояшон кӯмак мекунем. Меваҳои ситрусӣ ба гурӯҳи маҳсулоти ниёзи аввалия, ки бо нархи тавсияшуда ба фурӯш гузошта мешавад, дохил намешаванд ва ҳар 1 савдогар, ки худ соҳибкор асту ба давлат андоз месупорад, бозори гарми ин намуди меваҳоро дида, аз Чину Афғонистону Покистон меораду мо бо нархи хангуфт харида рӯи дастархон мегузорем. Ягон масъули бозор сади роҳи ин амал шуда наметавонад, зеро мо, ки мехарем, онҳо меоранд, дар бораи шоколаду торту шириниву обҳо ва хушкмева умуман гап намезанам, - таъкид медорад мавсуф.

   Воқеан, ҳам ҳанӯз ба фарорасии Иди саиди Қурбон 1 ҳафта монда бошад ҳам, бозорҳои пойтахт алакай аз меваҳои ситрусӣ пур шудаанд. Рост мегӯяд акаи Абдулҳафиз: Мехарем, ки меоранд!

Чаро мардум аз ярмаркаҳо харид намекунанд?

  Дар идомаи сӯҳбат Абдулҳафиз Шоев мегӯяд, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи харидор ба бозор ва ярмаркаҳо кам шудааст. 

   - Чанде пеш дар сомонае хонда будам, ки Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии мамлакат гуфтааст, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овардаасту нархҳо мехезанд. Шояд ин рост бошад, ки таваҷҷӯҳи харидор ҳам ба бозор кам шудаасту ҳоло ҳама чӣ дорову чӣ нодор ба супермаркетҳо медаванду худнамоӣ карда, маҳсулоти гаронро мехаранд. Тоҷик кай гӯшту тарбузу равғану орду картошкаву пиёзро аз супермаркет харида буд? Акнун мехарад! Харидор эрка шудааст, намехоҳад каме меҳнату заҳмат кашида, меваю сабзавот тоза кунад! Аз супермаркет харидорӣ мекунанду баъд мегӯянд, ки «қиматӣ шудааст!». Ҳамин мардум агар ба фурсат дар бозор чарх зада, аз ярмаркаҳо дида, баъд маҳсулоти рӯзғорбобро ёфта, арзонтар харидорӣ кунад, чӣ бадӣ дорад? Пуламон зиёд шудааст, дигар назарамон ярмаркаҳоро намегирад, бояд ҳатман рафта аз «Пайкар»-у «Ёвар»-у «АШАН» харид кунем, то дигарон бубинанд, - бо таассуф мегӯяд номбурда.

Чанд «паразит»-и бозорро шумо мешиносед? 

   Оне, ки миёнаравҳо-савдогару туҷҷорро, ки маҳсулоти арзонро аз деҳқон гирифта, баъдан бо нархи гарон мефурӯшанд, кайҳо пайдову исбот шуда, ҳатто «паразит» ҳам ном гузоштаанд. Маҳз ҳамин «паразит»-ҳо яке аз сабабҳои қиматшавии нархи маҳсулот дар бозор мебошанд. Тӯли ин чанд соли ахир, ки ҳама сар аз раисону вазирон дар бораи «паразитҳо» мегӯему менависему ба чор тараф дод мезанем, ниҳоде аз мақомоти қудратӣ ва назоратӣ нафареро аз ин «паразитҳо» боздошт ва ӯро тариқи ТВ ба мардум муаррифӣ накардааст.   Мубориза алайҳи нархи гарони бозор танҳо вазифаи раиси бозор нест, балки сар аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия ва ҳатто милитсия муваззафанд, ки бо чунин «паразит»-ҳо мубориза бубаранду ҷилави чунин афродеро, ки сабабгори гароншавии нарх дар бозор мебошанд, сахтакак бикашанд. Ман то ба имрӯз надидаам, ки тоҷиреро барои гаронфурӯшӣ ҷарима карда бошанд, шумо чӣ?

Нависед, паразитҳоро номгир кунед. Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter