Принт

Мо ва қурбонии мо…

 

Худкардаро даво нест!

(масали мардумӣ)

10.08.2019. Шоми пеш аз ид. Вориди бозори… (дилхоҳ бозор!) шудам. Бовар кунед, манзараи бомбаандозии ҶБВ-ро мемонд растаҳои бозор. Ярмаркаҳо пурра рӯфтагӣ, рафҳо холӣ, мардум чизе, ки аз сари роҳаш мебаромад, шуставу кӯфтаву рӯфта мехариданд. Ба фикрам, ягон «мусори полезӣ» намонд. Картошкае, ки дар 2 аср касе намехарад, бо нархи 2 сомониву 80 дирам мерафту пиёзу харбузаву тарбуз бо кадом нархе, ки савдогар мегуфт (40-50-70 сомонӣ!!!), ХАРидор меХАРид… Ва дар ин додуситад, ягон зарра маъмурияти Бозор айбдор набуд. Иллати гароншавии нарх сари ХАРидор, яъне мову шумост, хонандаи ин сутур.

Оре, ин мову шумоем, ки худро ҷонҳавл ба бозор задаву ҳар чизе ба чашм мехӯрд, мехаридем. Эй мардум! Ин гурусначашмӣ аз куҷо ёри ин Миллат шудааст? Магар пагоҳ Қиёмат барпо мешуд ва ё ҷанги ядроӣ шуруъ, ки бо ин тангназарӣ ба бозор ҳуҷум кардем(д)? Моҷаро ин буд, ки агар 6 сония савдо кардаву мехостӣ, нархро пасттар созӣ, дилхоҳ ХАРидори дигар омадаву маҳсулоти полезиро меХАРиду мерафт.

Гӯшт… Оҳ, баччаи гӯштро Худо кушад! - гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ. Гӯшт 47-48 сомонӣ буд, агар баҳс мекардӣ ва аммо гӯштро то 60-65 сомонӣ «бе хӯр-хӯр!» гуфти ҷавонони муосир, ХАРида мебурданд. Воқеан ҳам хеле аҷиб буд, ки 700 тонна гӯшти ваъдагии КВД Захираҳои моддии шаҳр дар ин шабу рӯз куҷо шуд? Мафияи гӯшт, ки тайи чанд соли ахир сабабгори болоравии арзиши тамомии маҳсулот дар бозорҳои кишвар шуда истодааст, ин бор низ таслим нашуд ва зӯри ҳукумат ба ишон нарасид… Масъулин медонанд, ки сари ин мафия ки(м)ҳо меистанд ва шояд аз усули Сталинӣ кор гирем бо ин паразитҳои бозори молу чорво? Зеро онҳо, ки эмони худро дар иди Рамазону Қурбон фурӯхта, бизнес мекунанд, гумон аст, ки аз виждон тарсу ҳарос дошта бошанд. Зимнан, ин шиор дар баробари Мафияи Гӯшт бояд корбаст шавад:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,

Саги девонаро дору кулӯх аст!!!

Дар ҷамъ Мафияи Занҳо бар Мардон боз пирӯз шуд. Зеро таври маълум, кам марде ҳаст, ки дар идайн худнамоӣ кунад ва агар ҳаст, мардак нест! Ва аммо занҳои мо танҳову танҳо барои худнамоӣ, дастурхони пурнозу неъмат меороянд, то дугонаҳояшон дидаву оби даҳонашон резад. Ва аксарияти бонувони мо, ки 1 вазифа доранд-Соҳибхоназан ва чӣ будани азияти кору ширинии маоши меҳнатро начашидаанд, моҳонаи мо-мардонро бе дудилагӣ чошу пош мекунанд. Нагӯед, муаллиф аз сафи шумо-мардони азиз берун аст, ман низ ин азиятро ҳамасола дар ҳама идайн мекашам. Чӣ кунем, ки ҳатто Қонун дар бораи Танзим низ бар бонувони Тоҷик зафарёб нашуд, ки нашуд… 

Ва аммо ин Ид чанд хубие ҳам дошт. Нахуст ин, ки эмом-хатибон ахиран ба Танзим даромаданд. Намоз дар ҳама масоҷид расо соати 06:30 дақиқа шуруъ ва 06:50 (бо тамомии атрибутҳои исломӣ-ният, намоз, хутба, қироат) хатм гардид, ки аҳсант ба Кумитаи Дин!!! Ёд дорам, ки намозҳои қаблӣ, 3-4 соат давом мекарду мардумро дар ҳавои сарду гарм муллоҳо нигаҳ медоштанд. Дар масоҷиде намоз ҳатто 2-3 бор баргузор мешуд, ки айни савоб набуд! Хулласи калом, дар ҳамин самт хеле пешравиҳо ҳаст.

Сафи атфоли идгардаккун низ каме коста шуд, ки низ боиси аҳсанту офарин аст. Кӯдак набояд ид гуфта, тамомии шаҳру деҳаро чарх занад. Равад, мо тарафдор, аммо танҳо ба кӯчаву биное, ки худ зиндагонӣ дорад! Ва аз ҳама нуктаи муҳими Иди Қурбони имсола ин буд, ки Душанбешаҳр аз хуну халаф халос ёфт. Умед дорам, ташаббуси Рустами Эмомалиро руасои дигар шаҳру навоҳӣ низ сармашқи кор қарор медиҳанду нуқтаҳои вежаи қурбонӣ мекушоянд. Бовар кунед, дидани хунрезии гӯсфанду гову буз, ки мӯҳтарам мусалмонони пойтахт, довталабона ва намоишкорона иҷро мекарданд, манзараи мудҳишу муҳлике буд. Ёд доред, ки дар барномаи сайёҳии худ-«Орёл и Орешка», Андрей Бедняков маҳз дар рӯзи иди Қурбон манзараҳои забҳи гӯсфандро нишон додаву Тоҷикистонро хандахариши оламиён карда буд? Мо низ хафа шудем! Ҳол он ки Андрей камбуди усулии моро кашф намуд. Дар ягон шаҳри дунё, ҳатто дар Макка, дар ин рӯз, дар маърази омм гову шутуру гӯсфанд на-ме-ку-шанддд!!! Ин гӯсфандкушӣ бештар аз худнамоии мо, ки «бинед, ман қурбонӣ мекунам!», ягон часпише бар ислом надорад. Ва хайрият, ки бартараф шуд!

Дар ҷамъ, хонандагони гиромии ман, ки ҳамаатонро бори дигар бо Иди Қурбон табрик мекунам, дастурхон, қурбонӣ, меҳмондорӣ, хайру сахо, инояту лутфу меҳрабонӣ бояд пӯшида бошад. Зеро агар барои Худо мекунем, пас Ӯ дилро назар мекунад, на хону деги гӯштбирёнамонро ва мабодо хато рафтаву пушаймон шавем?! Соли дигар ҳамин моҷароро такрор мекунем, ё ислоҳ мешавем, мардум???

Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар