ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: бозор рав!

  • Чоршанбе, Авг 21 2019

Ҳарчанд ман бо чашми сар надидам, вале овозаҳои ба ҳақиқат наздик мегуфтанд, ки шоми Иди Қурбон нархи гӯшти хубу хӯрданӣ то 60-65 сомонӣ хест. Зимнан ба назар мерасад, ки ҳукумат дар набард бо қассобони беимону даллаҳои бозори чорво пирӯз наомад, ки наомад. Брависсимо, қассобу чорвопарварони мусалмон...

 

10.08.2019. Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа.

Бо супориши редаксия маҳз дар ҳамин вақти шом ба бозори «Саховат»-и пойтахт меравам, то ин ки ҳам аз вазъи бозор дар арафаи Иди саиди Қурбон огоҳ шуда, нарху наворо бубинам ва ҳам барои хони идонаи модарам харид кунам. 1 рӯз пеш аз ид ҳатман нарху навои маҳсулоти кишоварзию қаннодӣ ба осмони 7 дакка хӯрда, ба дӯконҳои гӯштфурӯшӣ наздик шудан ғайриимкон мешавад. Ин дафъа ҳам мисли пешопеши идҳои дигар ҳаёҳӯй дар бозори мазкур ҳукмфармо буд, ҳаёҳӯйи харидорон…

 

Харбуза 10 сомонӣ, ангур-3 кг 10!

Соат бо вақти Душанбе 18:45 дақиқа. Нахуст аз ярмарка-фурӯши ташкилкарда дар саҳни бозор дидан мекунам. Раставу мошинҳои боркаши қатор аз шаҳру ноҳияҳои вил.Хатлон, тобеи марказ ва Суғд тарбузу харбуза, ангур, шафтолую себ, помидору бодиринг оварда буданд. Савдогарони суғдӣ харбузаи миёнҳаҷми зардро донае 10 сомонӣ мефурӯхтанду мардум мехариданд. 1 кг ангури сафеду сиёҳу сурх аз 5 то 8 сомонӣ арзиш дошт, нархи 1 кг шафтолу аз 5 сомонӣ (майдатар) сар шуда то 8 сомонӣ. Шакарсеби хуби ватаниро низ бо 6-8 сомонӣ харидан мумкин буд. Ба нархҳои арзони ярмарка шубҳа карда, аввал назарам харбуза ва ангури арзонро нагирифт-деҳқоне ангури бедонаи ҳосили навро 3 кг 10 сомонӣ нарх карда буд. Пеши худ гуфтам, ки 1 бор тамоми бозорро бигардам, агар арзонтару беҳтар наёфтам, баъд харид мекунам.

 

1 кило гӯшт-52 сомонӣ!!!

Соат бо вақти Душанбе 20:00 дақиқа. Ба суроғи гӯшти гов ба дохили бозор даромадам. Аксари дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар ин вақт аллакай баста шудаанд. Танҳо дар 1 дӯкон қассобе ҷунбуҷул дошт, пурсидам, аввал гуфт надорам, вале дид, ки гӯшт суроғ дорам, гуфт, барои нафаре гузошта будаму харидор наомад, метавонам аз он бароят фурӯшам. Нархашро пурсидам, гуфт 45 сомонӣ, аммо ҳатман равғану устухон илова карда медиҳам. Пурсидам, ки агар равған намонед, чӣ? Ҷавоб дод, ки пас 47 сомонӣ бигиред. Розӣ шуда, 1 кг гӯштро бо арзиши 47 сомонӣ харидам. Фурӯшанда бо миннату алам пулро гирифта гуфт: «Ба хотири он, ки дер шуду харидори супоришдода наомад, маҷбурам гӯшти хубро, ки 52 сомонӣ нарх карда будам, ба шумо арзон фурӯшам. Пагоҳ истироҳат аст, касе намеояд, 5 сомонӣ аз тарафи ман ба шумо идгардакӣ!».

Соат бо вақти Душанбе 20:15 дақиқа. Ин дам нафаре гузашта гуфт, ки ба ярмарка гӯшт овардаанд. Аз қафояш баромада, сӯи растаи гӯштфурӯшии ярмарка давидам. Воқеан, аз мошинҳои миёнвазн ронҳои калони гӯшти говро мефароварданду дар 1 фосила одам ҷамъ шуд. Яке аз масъулони бозор, ки он ҷо истода буд, гуфт, 400 кг гӯшти гов ворид карданду бо нархи 45 сомонӣ мефурӯшанд. Ман ҳам дар навбат истодам, аммо на барои гӯшт, балки 1 кг кӯфта-фарш. Қисмати худам интихобкардаи гӯштро қассоб дар 1 дам чархонда дод, бо иловаи каме равған нархи он 50 сомонӣ шуд. 1 кг гӯшти чархкардаро бо арзиши 50 сомонӣ харидам, аммо гӯшту фаршро на барои хони идонаву меҳмон, балки барои рӯзгори ҳаррӯза харидам… Ин сару садову гиру дор ва гароншавии гӯшт дар ҳолест, ки КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» бояд 700 тонна гӯшти гов аз Белорусия меовард. Ку ин миқдор гӯшти гов, ки бояд ҳатман қимати гӯштро то 35-40 сомонии қаблӣ мефаровард???

 

Ҳарчӣ арзону гарон буд-рафт!

Соат бо вақти Душанбе 20:40 дақиқа. Дар бозор гашта-гашта боз ба ярмарка омадам. Мардуми харидор ҳамоно дар ҳаёҳую ҷунбуҷул-ҳар чизе медиданд мехариданд! Харбузаи 10 сомона ҳам қариб тамом мешуд, дарҳол рафта аз он 2-то харидам. Аз ангури бедонаи 3 килоаш 10 сомонӣ низ 6 кило харидам-барои кӯдакон, ки тавонанд чанд рӯзи дигар хуб ангурхӯрӣ кунанд. Себу шафтолуро низ маҳз аз ярмарка харидам-охири бозор гуфта савдогарон меваро хеле арзон карда буданд. О, ана, мешудааст, ку! 1 кило шафтолуеро, ки дар дохили бозор 10 сомонӣ нарх дошт, ман 5 сомонӣ харидам. Пеши худ гуфтам, ки барои мо ҳамин харбузаи 10 сомона ва ангури 3 килоаш 10 сомонӣ бас аст. Дар воқеъ хона бурда, харбузаро пора карда, чашидем-қанд барин ширин!

 

PS: То мағозаҳои давлатӣ набошанд…

Ҷаҳиши нархҳову гароншавии бозор пеш аз ҳар иду ҷашн аллакай ба 1 одати ҳамешагӣ табдил ёфтаву мо харидорон ба ҷуз оҳу воҳу таассуф дигар чизе намегӯем, харидан мегирем. То мардум мехаранд-савдогарон меоранду мефурӯшанд-ин қонуни савдою тиҷорат аст!  Дар ин маврид ягона роҳи танзими нарх дар бозор ташкили мағозаҳои давлатист, ки маҳз барои табақаи иҷтимоӣ ва ниёзманди кишвар бошад. Амсоли мағозаҳои «Лидовка» дар Чехия, «10 сент» дар бархе аз кишварҳои Аврупо, «Дэй ту дэй» дар Аморати Муттаҳидаи Араб, «Алди» дар Олмон, «Маркет Баскет» ва «1 доллар» дар Амрико, ки нархи маҳсулоташон аз 1 доллари амрикоӣ беш нест. Чунин мағозаҳо барои мардуми камбағалу бесоҳибу бехона фаъолият карда, дар он маҳсулоти хеле арзон ба фурӯш гузошта мешавад ва аз ҳама муҳим созмонҳои иҷтимоиву давлатӣ ин мағозаҳоро назорат мекунанд. Ғайр аз ин созмонҳои хайриявӣ ва ашхоси алоҳида пешопеши ҳар 1 ҷашн маҳз дар ҳамин мағозаҳо аксияҳои хайриявӣ ташкил намуда, ба мардум хайр мекунанд. Чунин мағозаҳо аз пардохти андоз озод буда, аз тарафи сӯи имтиёзҳои хуб низ доранд.

Дар пойтахти кишвари мо низ дар заминаи КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» метавон чунин дӯконҳо боз кард. Таъминоти дӯконҳоро низ бояд худи КВД бар зимма гирад ва маҳсулот бояд сирф ватанӣ бошад. Магар ин вазифаи аввалиндараҷаи корхонаи мазкур нест!? Ин корхона бояд арзонфурӯшӣ кунад, на баракс! Ва аз ҳама охир, то мағозаҳои алтернативии давлатӣ набошанд, нарх арзон нахоҳад шуд!

Ҷ. Ҳусейн

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter