ХАБАРИ ДОҒ

Душман гап наёфт, мегӯяд, думи сагат каҷ!!! 

(масали мардумӣ)

Душманону душмании мо ҳатто номардӣ шудааст. Ин бор перомуни 1 матлаби чанд хабарнигори хабаргузории муътамади амрикоӣ менависам, ки худро хуб паст бурданд. Ҳафтаи гузашта, аз номи чанд мастчоҳие Радиои Озодӣ “хабар” парканд, ки гӯиё дар Мастчоҳи Кӯҳӣ (“Кӯҳистони Мастчоҳ” вожасозии тоҷикӣ нест!) барои меҳмондории ҳайъати ҳукумат ва Президенти ҶТ аз мардуми маҳаллӣ, мутаваҷҷеҳ шав хонанда, ...1 кило биринҷу 1 кило равғану 2 фатирӣ ҷамъ кардаанд...

Ҳай-ҳай-ҳай... Озодӣ то ин ҳадд кай паст рафта буд? Ҳич бор! Ва ин корро дар арафаи ташрифи президенти Радиои Озодӣ-Ҷеймӣ Флай махсус роҳандозӣ намуданд. Медонед чаро? Зеро ба Флай садорати тозатаъини Озодӣ нишон доданист, ки мо кор мекунем ва моро дар Тоҷикистон мавриди хушунат ва фишор қарор медиҳанд. Зеро раёсати қаблии ин ниҳодро маҳз ба хотири “ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон” сабукдӯш карда буданд. Хуб. Флайро 1 сӯ мегузорем. Аммо шумо чигуна ба чашми мастчоҳиёни нозанин, ки зодаи ҳамун диёред, нигоҳ мекунед, аз ин ба баъд? Ё шояд дигар фарқе миёни виждон ва зодгоҳатон намондааст??? “Ни чего святого не осталось!”- гуфти бобои Ғуломи таърихӣ, ки русиро дар ҶБВ ёд гирифта буд. Мастчоҳиёни пурғурур аз кай то ин ҳадд дар назари шумо уфтодаанд, ки агар бигзор ин хабаратон рост ҳам бошад, барои 1 кг биринҷу 2 кулча ба шумо шиква бубаранд??? Шояд солҳост Мастчоҳ нарафтаед. Ман 2 бор пайиҳам дар 1 соли ахир ун ҷо будам ва медонам, ки мастчоҳӣ охирин нонашро ба меҳмон медиҳаду худ гурусна мешинад! Ҷое меҳмон шудем, мӯсафеди 90-солае, иштирокчии ҶБВ, муаллими собиқадор, мастчоҳии сарбаланд пешамон баромаду то ана-мана кардем, ки 1 бузашро кушт!!! Мо шиштанӣ набудем ҳатто, “тем более” меҳмони ҳукуматӣ низ нестем. Вале ӯ чорворо забҳ кард. Шояд ин охирин бузаш буд! Ва медонед чӣ гуфт? Гуфт, меҳмони пойтахтед ва Рӯдакӣ барои иззати меҳмонони Бухоро, ки барои қатлаш омада буданд, аз дасти онҳо заҳр хӯрда буд!!! Ин масалро шояд шумо надонед, дар Аврупо. Зарафшониҳо медонанд!!!

Абсурдии ин ҳангома он аст, ки шумо дар Аврупо нишаста намедонед, ки Президенти ҶТ ва Ҳукумати марказӣ дигар он ҳукумати соли 1992 нест! Ҳоло Ҳукумат қудрате дорад, ки Мастчоҳи Кӯҳиро худ нон диҳаду биринҷу равғану гӯшту пӯст. Шумо аз куҷо медонед, ки қабл аз ташрифи сарвари давлат садҳо тонна кӯмаки ғизоӣ, миллионҳо доллар, ба Мастчоҳи Кӯҳи расида буд?! Ва он “утка”-тағову модаротон дурӯғ паркандаанд; агар гуфта бошанд, садояшонро гузоред, принсипи Радио ҳамин аст, ҳо доред-ку “ба гуфтаи 1 манбаъ, ки аз ифшои ном худдорӣ кард...”, с.1937 нест, касе ба ишон зиён намеорад, магар ҳамсояҳошон, ки барои ғурури Мардони Мастчоҳи Кӯҳӣ пӯсташон накунанд...

Ва акнун баргардем, сари корҳое, ки Ҳукумати “мӯҳтоҷи 1 кило равғану 1 кг биринҷу 2 кулча нон” ба Мастчоҳи Кӯҳӣ кард. Омодаед? Рафтем:

Аз буҷҷаи давлат (мутаваҷҷеҳ шав, хонанда, на хариду фурӯши 1 кило равғану 1 кг биринҷу 2 фатири мастчоҳиён!) 170 млн. сомонӣ, аз ҷумла, 81 млн. сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 млн. сомонӣ барои рушди ноҳия ҷудо шудааст! Оё медонед, бо ин қадар пул чанд кило равғану биринҷу фатир метавон харид? То-та!

Давомашро гӯш кунед:

То с.2021 дар Кӯҳистони Мастчоҳ 100 иншооти наву замонавӣ бунёд меёбад! Кӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ дар тӯли 70 соли шӯравӣ ва 1000 соли то инқилоби советӣ бинои 2-ошёна дида буд? Имрӯз чандин баландошёна, бо шумули Идораи Суд, Беморхонаи замонавӣ, Амонатбонк ва ғ. ва ҳ. сохта шуд! Шояд аз ҳисоби 1 кг равғану 1000 гр биринҷу 2 дона фатири мардум?

Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳия барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, дар сеюним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 млн сомонӣ амалӣ шудааст! Аз ҳисоби фатиру биринҷу равғани мардум?

Мактаби миёнаи муосир дар деҳаҳои Дашт ва Эсизи Поён барои 570 нафар хонанда, мактаб дар деҳаи Деҳавз бо 110 ҷои нишаст, мактаб дар деҳаи Хайробод, муассисаи томактабӣ барои 72 нафар кӯдак дар деҳаи Дашт, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Роғ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн, варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст дар маркази ноҳия, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдон... 

Ва ин ҳамаро Ҳукумат аз ҳисоби худ месозаду 2 кг биринҷу равғану 3 фатир намеёбад, ки тановул кунад???

Айб аст, шарм аст, ай-яй-яййййй... Журнализмро то ин ҳадд ба хоки замин баробар накунед. Аз ғайбати занакҳои лави об ва ҳатто дурӯғпаркандагии зани дуввуми талоқдидаи мардон пасттар нафуроед, мӯҳтарам ҳамтоҳо...

PS: Газетаи мардумии СССР аз ин бӯҳтони нанговар, ки дар ҳаққи мардуми сарбаланд ва ҷавонмарди Мастчоҳ бастаанд, ҷои он ба ном “журналистон” пӯзиш мехоҳад. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter