Принт

Тоҳир фаромӯш намешавад

Салом, СССР! Чаро ВАО давлатии мо аз шодравон Тоҳири Абдуҷаббор-шахсе, ки барои Истиқлолияти миллии Тоҷикон хизмат кардааст, ёд намекунад? Мо бояд раҳматии Т.Абдуҷабборро дар ҳар 1 ҷашнҳои кишвар ёд кунем. Ӯ барои мо бегона набуд ва ҳиҷ вақт барои зарар сухан нагуфтааст. Ҳар гапу амали ӯ барои манфиати иқтисоду сиёсии Ватани мо буд-ку? Хуб мешуд, перомуни ин шахсияти бузург СССР дар шумораҳои ояндаи худ бисёр ба тафсил бинависад. Тарҷумаи ҳолашро чоп кунед, рӯҳи устод шод мешавад. Набояд, ки чунин ашхоси барӯманд ва барҷастаи Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ биравад. «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!», ин аст шиори мо.

Зиёвиддин Ҷамолов,

муаллим, н.Рӯдакӣ

 

Матлабҳои дигар