Принт

Росиян: Ифтихор, касб ё г…но?

 

(Мушкили Миллӣ)

Авоили истиқлолият демократу наҳзатӣ баобрӯ буд. Сипас даври боевикҳо расид. Баъдаҳу «муҷоҳидин». Сипас замони ришдарозакон, ки воқеан мисли ришашон умри дағ-дағаашон низ дароз буд. Андаке баъдтар даврони «наркобаронҳо» ҳукмрон гардид. Сипас муллоҳо ба майдон омаданд. Паси ишон рӯзгори ҷодугарон даррасид. Почкалтаҳои юбкапӯши салафиву ваҳҳобӣ низ солҳо мавриди тақлиду пайгирии ин миллат қарор доштанд. Каме пештарак боз ришдарозони бе бурути шашликхӯри доишӣ давову дағо мекарданд. Муллоҳо-ку умре бояд садрнишини маҳофилу маъракаҳо боқӣ мемонданд, агар ҷояшонро... СТОП! Кӣ гирифт? Ким медонад? Ҷои ин ҳамаро… «Росиян» гирифт!

Росиян-фахр. Росиян-домоди дилхоҳ! Росиян-Қиблаи умед! Росиян-гавҳари орзӯи ҳар тоҷикбачча! Росиян-ишқи аввалину охирини гулдухтаракони тоҷик… Росиян-душмани Тоҷикистон…

Оре, ҳайрон нашавед. Имрӯз, мутаассуф, ҷараёни махуфе рафта истодааст, ки машинаи идеологии кишвар онро ё намебинад, ё дарк намекунад ва ё бо он ҳамфикр аст. Садҳо ҳазор Тоҷик Росиян шудаанд. Яъне шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Ман бовар дорам, ки аз хонадон ва ё табори ҳокимини вақт низ Росиян бисёр асту пинҳон медоранд. Медонед, ин чӣ хатаре дорад? Абарқудратон «просто-так» паспорт намедиҳанд, грин-карт бозӣ намекунанд. Ҷояш ояд барои 100 лже-шаҳрвандаш тухми моро бо элак мебезанд. Ёд оред, «Делои летчикҳоро». Овардед? То-та!

Росиян имрӯз дар дилхоҳ маърака бологузар аст. Ба масале ҷои Ҳоҷӣ-бобову муллоҳоро гирифтааст. Зеро мардум медонад, ки Росиян, ки шудӣ, ҳоҷӣ ҳам мешавию гоҷӣ ҳам, муллову мавло низ. Вале дар асл Росиян кист? Кӯчарӯб, ахлоткаш, сохтмончӣ… Аз дилхоҳ урус пурсед, мегӯяд, ки гастербайтер, «жалкий таджик», «таджикское г…но». Воқеан ҳам ҳафтаи пор навори лату кӯб, кордхалонӣ ва сипас куштори 1 «таджикское г…но» олами интернетро тарконид. Дунё сӯи Россияи фашистӣ туф андохт! Олам ба ҷӯш омад, ба хурӯш омад, ба ғазаб омад. Илло радиову телевизиони мо, ки ақаллан 1 ҳарф дар ин бора нагуфтанд. Вазорати хориҷӣ, ки кори ҷонияш ҳифзи шарафи Давлати Тоҷикон аст, 1 нотаи эътироз равон накард. Бовар дорам, чунин номаи эътирозро Лавров аз Аслов сахт интизор буд. Вале чун дар дигар маврид мо хомӯш мондем. Зеро фарзанд ё хешони наздикамон Росиян ҳастанду мабодо Кремл ранҷад. Барои мо шарафи миллат шарафи фардии мо нест! Мо фикр дорем, ки чанд уруси фашистак 1 тоҷикро лату кӯб кардаанду бас! Неъ! Агар онҳо 1 тоҷикро мекуштанд, ҳаргиз ба такрор ӯро «таджикское г…но» намегуфтанд! Онҳо миллати Тоҷикро хала задаву ҳақорат медоданд.

Шукурҷон Зуҳуров ва парлумони касбии мо агар аз Шарафи Миллат пуштгирӣ накунанд, ба чӣ кор оянд? Охир, мавҷудияти онҳо аз буҷҷа, яъне кисаи ману ту, хонандаи ин сутур ва пулҳои равонмекардаи ана ҳамон «Таджикское г…но»-ҳоянд-ку?! Мӯҳтарам вакилон, ақаллан нонатонро ҳалол карда, аз манофеъи нонте - мардуми оддӣ ва «таджикское г…но»-ҳо дифоъ кунед!!! Вагарна шумо ҳам, ман ҳам, мо ҳам ба он ибораи таҳқиромез қӯшем! Туро намедонам, хонанда, Шукурову Асловро низ намедонам, вале шахсан ман бо шунидани он ибора худро низ «Таджикское г…но» ҳис кардам…

Э, воқеан, канӣ шоиру нависандагони мо, ки ба Ольга Тутубалинаи нозанин дарафтода буданд, барои корбасти ҳамин вожа (г…но), ки ӯ аз забони Ленини бузург чун ситата оварда буд? Миллатро «г…но» гуфтанд-ИНТ хомӯш аст. Зеро фикр дорад, интеллигенсияро Тутубалина «г…но» гуфт, онҳоро таҳқир кардааст, вале тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ скинхедҳо тоҷикеро «г…но» гуфта, мекушанд, ин ба онҳо дахл надорад…

Росиян… Русҳо мақоле доранд, ки «бьют по морде, а не по паспорту!». Бовар кун, хонанда, шояд ҳамон бечораи бетақдир низ паспорти ФР дошт!!! Ва рӯзе мерасад, ки шуморо низ, мӯҳтарам Росиянҳо, барои чашму абрӯи сияҳ, новобаста ба мӯҳри шиносномаатон, хоҳанд кӯфту хоҳанд гуфт: Таджикское г…но!!!

Аввалҳо моро намезаданд, дашном медоданд-хап кардем. Оҳиста-оҳиста заданд-хап кардем. Гурӯҳ-гурӯҳ заданд-хап кардем. Ровшану Ҷумшут карданд-хап кардем. Ба куштан гузаштанд-хап кардем. Диданд, ки девори осонбуроему пуштибоне надорем, таҷовузмон карданд-хап кардем. Хуршедаи 9-соларо 23 халаи корд заданд, хап кардем. Кӯдаки 5-моҳаро дар пулис куштанд-хап кардем. Тифли 5-соларо таҷовуз кардаву куштанду имрӯз суди Русия он «маняк»-ро ҳатто суд карданӣ нест-хапппем… Пас, «конечно» «г…но»-мон мехонанд!!! 

Маҳатма Гандӣ, вақте 1 англис ҳиндуеро маҷбур кард, то мисли саг аф-аф кунад, миллатро ба майдон кашид ва беш аз 1 млрд ҳинду чанд моҳ дар кӯчаҳо ҷакиданд. Англисҳо ба ин фишори равонӣ тоқат накарда, соли 1948 куллан Ҳиндустонро тарк карданд. Мо низ бояд худро г…но хондаву сафорати ФР ва Дивизияашро бадар созем!!! Мегӯед, таҳдиди Толибону Афғонистону…ҷангу ҷадалҳо? Аввал, ки ин ҳама таблиғу ташвиқи теле-шоуҳои русист. Ва сипас бигзор! Бигзор моро кушанду қатл кунанд ҳам. Ҳар чӣ ҳам бошад-шавад, вале охир Шараф бояд ҳифз гардад! Одамвор бояд зист! Вагарна умре «Таджикское говно» мемонем(д).

Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар