Принт

Компютеромӯзии мо сусттар аст

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусамад Сайфиддинов аз ноҳияи Файзобод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки саводи донишҷӯён худи ҳозир нисбат ба фанни компютер сусттар аст. Бояд тадриси информатикаро аз синфи 3-4 дар макотиби миёна ба роҳ монем ва барои донишгоҳ омода кунем. Ин айби студент нест. Ӯ завқ дорад, аммо мутаассифона, пас аз дарс дар хона шояд аз ӯ волидайнаш напурсад, ки дар чӣ вазъ қарор дорад. Завқро бояд аз мактаби миёна муаллим дар вуҷуди хонанда ба вуҷуд орад. Студенти имрӯза хоҳиш ва талабот дорад, аммо зӯраш ба қабули илми муосир намерасад. Дар информатика сайтсозӣ, барномасозӣ, сет (шабака), системаи амалиётӣ ва ғ. дохиланд. Ҳадди ақал дар бораи инҳо дар мактаби миёна муаллимони фанни компютер андак иттилоъ доданашон даркор. Ин таҳкурсӣ аст. Дар охир гуфтаниам, ки бояд маоши муллим ҳам дар зиндагиаш расанда бошад. Яъне муаллим дигар дар бораи даромади иловагӣ ва мушкилоти хонааш наандешад.

 

Матлабҳои дигар