Принт

Интизори шикояти шумоем

Суди Олии ҶТ мақолаи С.Ш.Саидовро зери сарлавҳаи «10 моҳ боз дар кӯчаем» (СССР, 4.04.2019, №14(551) дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки Саидов ва дигарон нисбат ба санадҳои судии марбут ба парвандаи гражданӣ бо даъвои Гиёева М.Ш. бо ҷавобгарии Саидов С.Ш., Шосафарзод М.Б., Қосимова С.С. ва ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва гарав, шаҳодатномаи сабти гарави манзили истиқоматӣ, созишномаи ҳаққи дасткашӣ… қабулшуда норозигӣ баён намудаанд. Тибқи қисми 1-и моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон мумкин аст бо тартиби муқарраркардаи қонун шикояти назоратӣ пешниҳод карда шавад. Ашхосе, ки мақоларо навиштаанд, иштирокчии парвандаи граждании мазкур мебошанд ва тариқи назоратӣ ба марҳилаи назоратии Суди Олӣ бо шикоят муроҷиат накардаанд. Аз ин рӯ, онҳо дар асоси талаботи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ метавонанд нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратии Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намоянд, ки асос барои ба тариқи назоратӣ омӯхтани ваҷҳҳои онҳо ва қабули қарори асоснок мегардад.

Исҳоқӣ А.А.

муовини Раиси Суди Олии ҶТ

 

Матлабҳои дигар