ХАБАРИ ДОҒ

 

Аз зиндагӣ 1 мазмунро дарк кардам. Дарк кардам, ки бахти инсон ЛАЗЗАТИ БОР аст. Лаззати бор чунин аст, ки… 

Биё, хонандаи азизи ман, фалсафа накунему ба ҳамон шеваи ҳарвақтаи худ гӯем; Ина мисол: сари пуштат 1 халта бор дорӣ, ки мебарӣ. Агар 1 халта пул бошад чӣ лаззат дораду 1 халта порӯб чӣ? Фаҳмо? Борат агар пул бошад, кайф мекунӣ, порӯб бошад-кайфат мегурезад. Зиндагиро ана ҳамин хел фаҳмидам.

Зиндагие, ки дар ин 1 сол дар СССР доштам тайи чанд сол, лаззати махсус дошт. Лаззаташ, азизони ман, ҳамин буд, ки бо шумо наздиктар будам. Ритми нафаси мо шунаво буд. Ҳамдигарро мешунидем. Медонистем, ки кам нестем. Муштем, на ангуштем. Медонистам, ки Бобои Маҳмадназар аз Бадахшон, Бобои Мерган аз Зарафшон, Бобои Санг аз Хатлон ва Бобои Саидбек аз Раштон дуои ҷондарозии мо мекунанд, барори кори моро мехоҳанд.

Аз ин ҷониб Ҷонибеку Аслиддин, Аҳмаду Сӯҳробшоҳ, Саъдию Сайёд ва ману Сайёф ин лаззати бори худро дарк карда, лоиқи ҳол меҷунбем. Аз Гули Зард чизе намегӯям. Беҳтар аз худи ӯ кӣ метавонад ӯро ба хонанда муаррифӣ кунад? «Рапортҳои» Акрами Санг лаззати бори ӯст. Медонам, ки умеди бисёр аз ӯ доред. 

О, о, о! Раис фаромӯш шуд-ку! Раиси мо Шаҳрзоди Амину хулиганиҳош бо шумо зебост. Пурсам, ки чаро Ҷек Лондонро аврупоӣ гуфтӣ, мегӯяд, ки Дарвин агар одамро аз маймун шудагӣ намегуфт, эволютсия ба кӣ даркор буд?... Авантюра!

Умеди Сатторов – калони чопхона, бародари азизи мо, ки риштаи пайванди моро ҳар ҳафта мустаҳкам мекунад, низ аз ҳамин команда аст.

Барои ин соле, ки бо ҳам будем, ҳар он касе, ки маро ранҷонида – бахшидамаш ва ҳар касеро, ки ранҷонда бошам, аз ӯ сидқан бахшиш мепурсам. Миёнро боз барои соле дигар мустаҳкам мебандем! Ба пеш ва барори кор!

Чӣ мегӯӣ, Сайёф?

Сафват Бурҳонов

маҳз СССР! 

 

2 то 1=???

Аз СМ: Ин матлаб дар 1-солагии СССР нашр шуда буд, ки такрор овардемаш ва на бе сабаб. Ҳамакнун мо 2 то 1-ро паси сар кардем. Яъне, 11-сола шудем. Дар ин 11 сол садҳо ҳазор моро хонд, таърифу тавсиф намуд, ҳақорату дашном сохт, оппозитсия хонду душмани миллат, ҳукумативу давлатпараст, босмачидӯстдору босмачибадбин, исломиву атеист номид, авантюрист хонду оппортунист ҳам ва умуман чиҳое, ки моро нагуфтанд. Яъне чӣ? Яъне, мо на ба ҳама писанд будему на бар ҳама номақбул. Ин миссияи асливу усулии Журналистика аст!!! Профессор Холмов, устоди ман дар Санкт-Петербург мегуфт: «Сайёф, агар чизе нависӣ, ки ба ҲАМА писанд ояд, коратро бас кун, ки ту дигар журналист нестӣ, балки шоирӣ, адибӣ, романтикӣ. Журналист набояд ба ҳама писанд ояд. Зеро журналист проблема мебардорад!!!». 

СССР маҳз аз рӯи ҳидояти профессор Холмови раҳматӣ ва он илме, ки шахсан ман дар Ленингради советӣ аз бар кардаам, нашр мешуд, мешавад ва хоҳад шуд. Мо газетаи мардумием ва андешаи ҳар хонандаро арҷ мегузорем, нашр мекунем, баҳс доир менамоем. Аммо ин ҳаргиз ба маъние нест, ки бо ҳамаи шумо ҳамфикрем. Вале ҳамаатонро дӯст медорем. Зеро ҷамъияте, ки худаш баҳс намекунад, солҳо ба баъд баҳси дигаронро дар бораи худаш хоҳад хонд… 

2 то 1 муборак, аъзои Ихвон ал СССР!! Мо Метавонем!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter