ХАБАРИ ДОҒ

Тасвири симои Муҳиддин Кабирӣ

  • Чоршанбе, Сен 11 2019

 

«Ба ман бигӯ, дӯстат кист ва ман мегӯям, ки ту кистӣ» - мақоли халқии русӣ.

Тасвири №1. Саидюнуси Истаравшанӣ

Дар маводҳояш, ки ба ваъз монанданд, мунтазам зикр мекунад: «Ҳамеша бояд ҳақиқат, танҳо ҳақиқатро гуфт!» Вале худи ӯ тӯли 15 сол аст, дар бораи худаш ҳамин ҳақиқатро пинҳон медорад: Муддати ин солҳо дар Эрон зиндагӣ мекунад, равияи шиаи дини исломро қабул кардааст, лек дар Фейсбук бошад, мавқеи зисташро Лубнон нишон медиҳад. Саидюнус бо духтари яке аз ходимони намоёни динӣ дар солҳои 1990 Мулло Маъруфҷон, ки ба Эрон кӯчида, шиа шуда, баъдан ба Тоҷикистон баргашта, тавба карду аз ин домоди шиа рӯй гардонд, издивоҷ карда буд. Бубинед, барои чӣ?…

-Дар солҳои 2000 ӯ бо супориши вежаи хадамоти махсуси Эрон ҳамсари худро ба ш.Тошканд фиристод. Зоҳиран ба хадамоти махсуси Ӯзбекистон рисолати махфии зан маълум буд. Дар Тошканд ӯ боздошт ва ба мӯҳлати тӯлонӣ маҳкум шуд. Саидюнус озод шудани ҳамсарашро аз ҳабс интизор нашуд (чаро мунтазир шавад?! Зиндагиро давом додан лозим!) ва дубора хонадор шуд. Вақте бо зани дуюмаш моҳи асалро мегузаронид, зани аввалаи ӯ рӯзҳои охири ҳаётро дар зиндони Ӯзбекистон паси сар менамуд ва дар он ҷо фавтид. Замоне ки ҲНИТ фаъолият дошт, Муҳиддин Кабирӣ Саидюнусро, ки шиа шуда буд, сахт огоҳ мекард: «Мабодо дар бораи мо чизе нанависӣ, ки моро ҳам ба шиагароӣ муттаҳам мекунанд». Вақте с.2015 фаъолияти ҲНИТ мамнуъ шуд, Оятулло Саидюнуси навбаромад яке аз мубаллиғони асосии ғояҳои Кабирӣ шуд.

 

Тасвири №2. Равшани Темуриён

О-о-о! Ин Барон Мюнхаузени тоҷик қаҳрамони аслии на танҳо 1 ҳикоя, балки 1 романи куллии сотирӣ аст! Ман бошам дар ин роман бобҳои зеринро мегузоштам:

-Боби 1. Чӣ тавр Равшан дар Канада мақоми гурезаро соҳиб шуд.

-Боби 2. Чӣ тавр Равшанро аз радиои «Озодӣ» ронданд.

-Боби 3. Чӣ тавр Равшани питсатақсимкунак худро профессори кадом донишгоҳи Канада ҳисобида, ҳатто акси худро ҳамроҳи «донишҷӯёни маҳбуб»-аш дар Интернет ҷой додааст.

-Боби 4.Чӣ тавр Равшан бо тахаллуси «Сиёвуши Далерӣ» котиби масъули «Гурӯҳи 24» шуд. Ва чӣ гуна бачаҳои зираки ин гурӯҳ ӯро фиреб доданд ва ӯ бовар кард, ки дар оянда президенти Тоҷикистон хоҳад шуд!

-Боби 5. Чӣ тавр Равшан дар Канада барои қочоқи таҷҳизоти идорӣ боздошт шуд!

Ҳамин кофист! Давоми роман дар бораи ин одами бадбахт дилгиркунанда мешуд!

Дар ҳақиқат Равшан одами бадбахт аст. Ӯ ҳамеша дар ҳарос зиндагӣ мекунад: Мабодо нашаваду касе ниқобашро аз рӯяш кашаду симои аслии ӯро нишон диҳад! Пас чӣ гуна бояд зист? Ҳол он ки ин ниқобро борҳо аз рӯяш бардоштаанд. Вале ӯ чобукона ниқобашро аз нав мепӯшад. 2 сол қабл дар Фейсбук ман бори дигар фиребу найранги ӯро фош карда, бори дигар ниқобашро аз рӯяш кашида будам. Рӯзи дигар, бомдодон ӯ аз Канада ба ман занг зада, бо овози ларзон гуфт: «Ако! Дар бораи ман дигар нанависед! Аз шумо илтимос мекунам!»

 

Тасвири №3. Темури Варқӣ

Ман ба Темури Варқӣ қавл дода будам, дар бораи чӣ гуна ӯ мақоми муҳоҷири сиёсиро гирифт, нақл мекунам (ФБ 5.26.2019). Ҳамин тавр вақт ҳам расид. Вақте банда тобистони соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омадам, ба тарҷумаи ҳоли "диссидент", шоир, тарҷумон, директори Департаменти иттилооти «Паймони Миллии Тоҷикистон» таваҷҷӯҳ зоҳир карда, бисёр чизҳои ҷолибро омӯхтам. Вазири иттилооти Кабирӣ ҳангоми кор ба ҳайси шореҳи нашрияи «Азия-плюс» бо ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле надошт. Дар оилаи ӯ мушкилот ба миён омад. Ҳангоме ки зану фарзандонаш дар муҳтоҷӣ ба сар мебурданд, Темур аксар вақт бадмастӣ мекард (Ҳирс доштан ба машрубот яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Темур аст!). Ва дар ин ҷо Кабирӣ ӯро ба ТВ «САФО», ки дар ш.Москва бо маблағгузории Эрон таъсис дода буд, даъват мекунад. Маоши ночизи корманди ТВ (Кабирии мумсик бошад, дигар пардохт карда наметавонист) ба зӯр аз моҳ ба моҳ мерасид. Кормандони «САФО» нақл карданд, ки Темур зуд-зуд ба кор маст шуда меомад. Дӯстон, некхоҳон ба ӯ раҳм ва нақшаи бисёрҷонибаи ба даст овардани мақоми муҳоҷири сиёсиро дар Аврупо пешниҳод карданд.

Темур тибқи маслиҳатҳои дӯстонаш остонаи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро охурча карда, бе шарму ҳаё арз мекард, ки гӯиё ӯро хадамоти махсуси Россия ва Тоҷикистон таъқиб мекунанд (Ман итминон надорам, ки Темур ба майдони биниши хадамоти махсуси Россия ворид шуда тавонад!). Вале барои созмонҳои зудбовари ҳуқуқи башар кор кард. Ӯро аввал ба Украина фиристоданд, ки дар он ҷо худро дар нақши муборизи иттилоотӣ бар зидди Россия месанҷад, аммо ҳеҷ гуна натиҷае ба даст намеовард. Аз Украина ба Франсия меравад. Дар ниҳоят, орзуи деринаи шоир ҷомаи амал пӯшид! Париж, шаурма, қашшоқию гуруснагӣ паси сар шуд! Ӯро устод ном мебурдагӣ шуданд. Аммо шодӣ дер напоид. Одамоне, ки Темурро мешинохтанд, фавран мушоҳида карданд, ки ӯ чи тавр зуд ба як «порсо», Мулло Тимур табдил ёфт. Дар Интернет дар бораи Темури воқеӣ гуфтанро шурӯъ намуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ боиси хандаи умум гашт. Саймиддин Дӯстов, Сафват Бурҳонов, Хайрулло Мирсаидов, Барот Қодирӣ, Марианна Арипова ӯро дар ФБ чунон тасвир кардаанд, ки дар ҷои ӯ дигар кас мебуд, кайҳо худро меовехт.

Ва ман ҳам дар бораи ӯ борҳо навишта будам. Аз ҷумла, дар бораи он ки чӣ гуна Темур дар мусоҳиба бо баъзе журналистони аблаҳ ҲНИТро нерӯи бонуфузи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ номидааст! Ба гуфтаи ӯ, ин ҳизб он қадар қавӣ ва бонуфуз аст, ки метавонад ҳамчун миёнарав байни гурӯҳҳои ҷангии Афғонистон амал кунад ва онҳоро оштӣ диҳад!

Ва Темур аз ҳеҷ чиз шарм надорад. Мафҳумҳои виҷдон, шаъну шараф, худписандӣ, худбаҳодиҳӣ барои ӯ шинос нестанд. Табиат ӯро аз шарм комилан маҳрум сохтааст. Аз ин рӯ, шармандагии навбатиро ба осонӣ таҳаммул кард. Тавре шумо медонед, пуштибону ғизобахши Темур Кабирӣ нисбат ба Додоҷон Атовуллоев ҳисси бадбинии зиёд дорад. Мубаллиғони зархариди ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам амалҳои террор бармеангезанд, то ки Додоҷонро рӯҳан шикаст диҳанд. Ва Темур низ тасмим гирифт, аз зархаридони дигар ақиб намонад. Дар кӯшиши ба даст овардани 1 қисми иловагии шаурма, 1 ҷуфт ҷӯроб, футболка, кроссовки, ҷузвдони нав (ин як чизи хеле зарурӣ аст! Охир, Кабирӣ аксар вақт ӯро ҳангоми сафар дар Аврупо бо худ мегирад ва дар онҷо бе ҷузвдон барин чизҳо чӣ гуна бояд буд?) Додоҷонро дар ФБ бадном кард. Шахси нотавон асабонӣ мешавад ва бо хашм ба муқобил исбот мекунад - ин ҳама дурӯғ ва тӯҳмат аст! Вале агар ба ҳуҷумҳои тӯҳматии Темур асабӣ мешуд, Додоҷон, Додоҷон намебуд.

Вақте ман ҷавоби Додоҷонро хондам, пас аз хомӯшии тӯлонӣ хело хандидам ва як ҳаҷви тоҷикӣ ба ёдам омад: Пашша дар миёни пои фил.

Аз Додоҷон иқтибос меорам: «Агар дар хонаи шумо тараканҳо бисёр шаванд, дар ҳама ҳуҷраҳо портрети Темурро овезед ва онҳо дарҳол нест мешаванд!».

Давом дорад

Саломиддин Мирзораҳматов,

журналисти Тоҷики муқими Қазоқистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter