ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Ҷумҳурии Шимолии Тоҷикистон: Ҳақиқат аст, ё овоза?

  • Чоршанбе, Сен 11 2019

 

 Вақте Тоҷикистон дар хоку хун оғӯшта буд, бо сарварии Гулафзо Савриддинова вакилони халқӣ мехостанд кишварро пора кардаву қисматеро ба ҳайъати Ӯзбакистон шомил кунанд…Пас ба қадри Истиқлолият бояд расиду шукр кард, ки ҷавонмарде, бо исми Раҳмон Ватани моро аз маҳву нестӣ наҷот дод. Сари ин мавзуъ гапу калоча бисёр асту ба пиндори мо соате даррасида, ки он ҳамаро фош созем. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Бо сарварии Гулафзо Савриддинова вакилони халқӣ мехостанд, ки Тоҷикистонро пора кардаву қисматеро ба ҳайъати Ӯзбакистон шомил кунанд…

Дар Фейсбук ба навиштаҳои аҷибе вохӯрдам. Судуриддин Маҳкамов-сармуҳаррири чандинсолаи нашрияи «Насими Исфара» маводеро бо унвони «Ба ифтихори 70-солагии ходими намоёни давлатӣ Мирзошариф Исломиддинов» рӯи чоп овардаанд. Дар байни ин дабдабаҳои зиёд ба гуфтаҳое вохӯрдам:

«Соли 1990 ман аз ҳавзаи интихоботии “Ворух” ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили мардумӣ интихоб гардидам ва ифтихор дорам, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барқарор намудани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ, интихоби Пешвои миллатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Сардори давлат - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаам. Хотираҳоям оид ба вазъияти сиёсию иҷтимоӣ, фаъолияти шабонарӯзии роҳбарияти шаҳр дар он солҳо рӯи коғаз омада, Худо агар расонад, ягон рӯз пешкаши хонандагон мегарданд».

  Давоми фаъолияти ин «ходими намоёни давлатӣ» аз с.1996 шуруъ мешавад. Гуё М.Исломиддинов 6 сол (аз с.1990 то с.1996) танҳо ба «барқарор намудани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ» машғул шуда бошанд. Хотираи ин нафар маҳз атрофии ҳамин давра заиф шуда будааст. Хуб, хотиррасон мекунем:

   Моҳи майи с.1992 иҷлосияи ғайринавбатии вакилони халқӣ дар ш.Исфара баргузор гардида буд, ки дар он раиси онвақтаи комиҷроияи Исфара Гулафзо Савриддинова вуҷуд доштани пешниҳод оид ба ҷудо намудани вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) аз Тоҷикистонро хабар медиҳад. Баъди баромади Савриддинова вакилони муҳтарам ба муҳокимаи масъала оғоз мекунанд. Сараввал раиси колхози «Ленин» Шаҳобиддин Нуриддинов баромад карда, дар назди Шӯрои вилоят гузоштани масъалаи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистони Шимолиро талаб мекунад. Вакилони дигар Болтаев, Мақсудов, Мансуров, Қурбонов ва Воҳидов аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ мекунанд. 

Хушбахтона, вакилони дигар, фарзандони содиқи Исфара, Решаев, Пӯлодов, Шарофов, Абдуллоев якпорчагии Тоҷикистонро аз курсию вазифа волотар дониста, зидди ин масъалагузорӣ садо баланд мекунанд. Кор ба ҷанҷол мегузараду ин қарор қабул намешавад.

    Аҷиб аст, ки дар бораи ин Иҷлосия дар «Насими Исфара» маводе аз рафти иҷлосия рӯи чоп омад. Аҷибтар аст, ки сармуҳаррири онвақта маҳз ҳамин Судуриддин Маҳкамов буданд. Ун сепаратистон (фарзияи ба ҳайати Ӯзбекистон дертар дохил намудани Ҷумҳурии Шимолии Тоҷикистон то ҳол вуҷуд дорад) то чанде пеш соҳиби курсиҳо буданду акнун ба нафақа баромада давлати пирӣ меронанд. Акнун ёддоштҳо менависанду нақши худро дар таърихи Исфара боқӣ гузоштан мехоҳанд. Вале фаромӯш мекунанд, ки бознависии таърих амали кӯтоҳмуддатест ва дер ё зуд таърихи ҳақиқӣ дастраси омма хоҳад шуд.

 Аслан, дар маъхаз танҳо нусха (копия)-и "Насими Исфара" (№56(7549), 13.05.1992)-ро дорам, ки ин далели ҷолибро дорад. Аксе, ки дар ин матлаб мебинед, аз газета (на рӯзномаву моҳона, чунки шумораи аввалину охирин буд)-и "Мавқеъ" аст. Газетаи «Мавқеъ» танҳо ба хотири ана ҳамин мавод ба қайд гирифта шуда буд! Андӯҳгинам, ки маҳз тарҳи Ҷумҳурии Шимолии Тоҷикистон (мумкин дар ҳайати Ӯзбекистон) бори аввал расман дар Исфара пешниҳод ва баррасӣ шуд. Вале ифтихор дорам, ки маҳз фарзандони ватандӯсти Исфара ин лоиҳаро барбод доданд. Дар ҳамин маврид, дар ҳамон иҷлосия, устоди ман, таърихшинос, муаллим Миров Бобокарим баромад намуда, беасосиву нодурустии ин лоиҳаро гуфта, ба якпорчагии Тоҷикистон овоз дода буданд. Афсӯс, ки муаллим дар шабакаҳои иҷтимоии интернет саҳифа надоранду наметавонанд ин қиссаҳоро нақл кунанд, 

Ғуфрон Ваҳҳобов,

журналист

Аз СССР: Мо ин матлабро нашр карда, расман дархост дорем, ки мӯҳтарама Савриддинова ва дигар депутатҳои вақти Исфара, ки сиҳату саломатанд, ба дуруст ё нодуруст будани ин иддао посух нависанд. Зеро мо низ дар ин бора шунидаҳо дорем. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

 

Китобҳо

Flag Counter