ХАБАРИ ДОҒ

Гулбаст-гунае аз охирон касби Ориёнои аҳди қадим

  • Чоршанбе, Сен 18 2019

 

Шавӣ обу адои нози ширину ҷамоли хуш,

Агар бинӣ ту рақси чумчаи кӯлобидухтарро! 

Ва агар бигирем, ки ин кӯлобидухтар, ки чумча ё ба истилоҳи мардумӣ кафгирча ба даст, боз дар тан Чакан (ниг. ба акс) ва ё Гулбаст мехиромад, шояд ба карат бинандаро мот кунад. Гулбаст гунаи либоси сирф мардумист, ки ба шаҳодати мардумшиносон, танҳо хоси сокинони мавзеъи ҷануби кишвар ва он ҳам водии Кӯлоб будааст.

Усулан Кӯлобро бо чакан мешиносанд ва аммо Гулбаст аз чакан тафриқаи осмонӣ дорад! Гулбаст пироҳанест, сар то пову пой то сар гулпӯш ва аммо чакан нест! Гулбаст аз косибон онгуна заҳмати сангин ва чолокиву зиракӣ металабад, ки ҳатто дар Кӯлоб на ҳар кас ба таҳияи ин либос даст мезанад. Мардумшиносон мегӯянд, ҳамин заҳмати гарон аст, ки Гулбаст - гунае аз либосвори сирф ориёӣ аз байн тақрибан рафтааст ва дар кишвар, биноан, дар олам низ дигар ягон устои Гулбаст намондааст, илло сулолаи Гулбастии усто Шоиста, ки барои ин хонавода ин касб  таборист ва онро аз қаъри қурун то замони мо маҳз табори Ҳасановаҳо овардаанд.

 

Гулбаст чист? 

Гулбаст катонест, хеле ва хеле нозук ва маҳин, ки замони ахир ҷои онро усулан дока, ки дар тоҷикон маъруф аст, мегирад. Ҳамин докаро устои Гулбаст дохили дегҳои бузург намуда, меҷӯшонад ва ранг мерезад. Барои 1 Гулбаст, ки беш аз 200 соат омода мегардад, докаро аз 3 деги ҷӯшон мегузаронанд ва рангрезӣ мекунанд. Шигифтии ин ҳунар ин аст, ки ҳини омодасозии Гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. Вале пас аз 240 соат матоъе гулбези моҳпечу ситоразой пайдо мешавад. Матоъи Гулбаст, на тарроҳӣ мегардад ва на қолабрезӣ. Ҳатто аксҳои моҳу истора бар асари чолокона барбастани кунҷу канори матоъ бо ресмони маҳин ба даст меоянд; 

Гулбаст 3 ранг дорад. Онро ҷо-ҷое мебанданд ва ба дег меандозанд ва чун рангеро гирифт, мегиранду риштаро хушк мекунанд ва матоъро баста, ба деги дигар мепартоянд, рангҳои ҳар ситораву моҳтоб гунаи дигар пайдо мекунанд.

 

Гулбаст нақшу қолабро намепазирад!

Зафар Мирзоев, бостоншинос ва нафаре, ки ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои атиқаи мардумӣ сару кор дорад, мегӯяд, тарсими моҳ дар ин нигораҳо ба гунаи чалипо омадааст, ки  нишон аз даврони Моҳпарастии ориёност, ки ба замони Хуршедпарастиву Оташпарастӣ рост меояд. Хайрулло Тоҳиров бостоншиноси дигар ин тарсимҳоро ба даврони то Оташпарастӣ нисбат медиҳад. Ин дар мавридест, ки тарсимҳои Гулбаст қолиб надоранд ва танҳо дар зеҳни мардум тӯли ҳазорсолаҳо аз гирудорҳои замона маҳфуз мондаанд.

Аз сӯи дигар дар Гулбаст аз ягон ранги кимиёвии ҷадид истифода намебаранд. «Ин рангҳои табиӣ, рангҳои халқианд. Аз «краска» истифода намебарем. Мо намедонем, рангро чигуна омода мекунанд. Мо танҳо ранги тайёрро мегирем. Кӣ тайёр мекунад, рангро? Мо намедонем, ба худо, ки намедонем», мегӯяд Савронбӣ, устои Гулбаст.

Ман хеле мехостам, ки таркиби рангҳои Гулбастро ошкор кунам. Зеро Гулбаст умри тӯлонӣ дорад ва аммо барои боре онро намешӯянд ва ин рангҳо матоъро аз ифлосшавӣ ҳифз медоранд. Вале қатъияти ман дар ин маврид ба сангари «Асрори Гулбаст» дучор гардид: 

Гулдухтарони усто сирри рангҳои табии худро ҳамчун сирри давлатӣ ва ё асрори ишқи нахустини хеш ҳифз мекунанд! Ва кӣ медонад, шояд ҳамин асрори аз мову манҳо ниҳонмонда, Гулбасти ориёноро сар аз ҳамлаҳои Дорову Искандару Турку Муғул то ғасби арабу рус ҳифз дошта, то ба даврони мо овардааст…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter