Принт

Фейкҳо ва Гей(к)ҳо

Баддаҳантарин, бадгуҳартарин, бадбахттарин, бадбинтарин ва ҳақоратгӯтарин миллат … Тоҷик шудааст!!! Ва пеши роҳи ин бадбахтиро бояд гирифт, ки фардо дер мешавад!

Сухан сари ба масал «гулҳои сари сабади миллат» меравад, ки дар орухонаи Фейсбукӣ худро падару модари миллат хонда, дигарандешонро ҳақорат медиҳанд. Усулан ман Фейкро Одам намепиндорам. Зеро ин турфа нимодаму нимаҳайвонҳо гунае аз ҳамон персонажҳои репрессияи сталиниянд, ки он замон номашон дигар буд: Анонимшик! Ана ҳамин анонимшикҳо сари миллионҳо нафарро хӯрда буданд. Ҳоло Фейкҳо, ки аз тухмаи ҳамон номардони солҳои репрессияанд, роҳи хубтару гуворотари сияҳу бадномсозии ҳаммиллатонро дарёфтаанду дар кабинетҳои барҳаво нишаста, рӯи мардони марди ин миллат, сар аз 1 соҳибкори муваффақ то журналисту раису вазиру сарвазиру президент, борони маломату тӯҳмату бӯҳтон мерезанд. Дар Хитой пеши роҳи инҳоро гирифтанд. Русияву Амрико низ онҳоро сарришта кард. Дар Аврупо кайҳо камаршикастаанд. Ӯзбекистон низ ин мушкилро ҳаллу фасл намуд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон кай поккорӣ аз ин нопокзодаҳоро шуруъ мекунад? Ба назар мерасад ҳич вақт!

Хандабарангез аст, ки бӯҳтонномаҳои ин нимаҳайвону нимаодамҳо, яъне Фейкҳо, ки дар Фейс нашр мешаванд, боз аз сӯи мақомот мавриди санҷиш қарор мегиранд!!! Ҳарчанд дар қонунгузории мо тафтиши номаҳои аноним, бе муаллиф, манъ аст! Маро ба навиштани ин матлаб 1 моҷаро тела дод, ки гуфтанд, яке аз сабабҳои барканории раиси собиқи ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода бӯҳтонномаҳои дар Фейсбук нашршудаи Фейкҳо будаанд…

Фейкҳо 2 мақар, ситод, штаб доранд. Яке дар Аврупо, ки шодихӯрдагони наҳзатиянд ва дигаре дар ш.Душанбе, фарзи мисол, ҳамин бинои ГЖК… Бояд ин Фейкҳоро пайдо ва бо ному насабашон фош ва ба ҷавобгарӣ кашид. Афроди дигаре низ ҳастанд, ки худ Фейк наянд, аммо ин Фейкҳоро тӯда-тӯда (ҳайвон, ки бошанд ё подаанд, ё тӯда) ба саҳафоти таъсисдодаашон ба «друзья»-гӣ қабул карда, бо дасти онҳо мардони мардро дашному ҳақорат медиҳанд. Ва агар аҳамият додаед, ҳар нафаре, ки аз Миллати Тоҷик, Давлати Тоҷик, Ҳукумати Марказӣ ва дастовардҳои кишвар ва Ватан ҳарф гуфт, Фейкакон ба дашному ҳақораташ шуруъ мекунанд. Онҳо дар симои ину он фард, фарзи мисол, актёр ё коргардоне, ки мутаассуф, аз эгоизми бисёр худро Нофи Замин метарошанд, ҳатто миллатро ҳақорат медиҳанд.

Воқеан ҳам дар Қонунгузории бисёр кишварҳо, масалан, Русия омадааст, саҳифаи интернетӣ, фейсбукӣ ва ҳатто блоге, ки беш аз 9000 хонанда дорад, аллакай ВАО дониста мешавад ва тибқи қонунгузорӣ чунин саҳафот бояд барои дашному сақат посух гӯянд! Фикр намекунед, ки дар мо ҳам кайҳо чунин фурсате фаро расидааст, ки ҳамингуна қонун қабул гардад? Ин сензура нест! Ин ҳифозат аз беадабону бетартибону бенизомиҳоест, ки дар олами виртуолӣ миллатеро ҳақоратчӣ, дашномпардоз ва беодоб кардан доранд! Агар чунин Қонун қабул шуд, фарзи мисол, чанд Гей(к)-и ланданӣ (гуфтори худашон) намебитвонанд, ки хосаҳои миллатро таҳқиру дашном диҳанд дар саҳафоти чанд лоуболаке, ки гӯиё ба ин дашномномаҳо сару коре надоранду мегӯянд: «Айб дар ош аст!». Айб дар мош аст! Ва ин мошҳоро бояд барчиду ба ахлоттӯда партофт. Мо мечинему мепартоем. Мо Метавонем!

Воқеан дар бораи гейҳо, ки фейк шудаанд. Инҳо имрӯз, ки забону давлати моро инкор кардан доранд, пагоҳ мутмаин бошед, кокулчаҳошон паси сар ҳатман мӯди урупоии «ҳезӣ» ва «баччабозӣ»-ро низ ташвиқ хоҳанд кард. Зеро дар Ғарб ин чизи маъмул аст ва тарғиби он халтаи пул. Нафаре, ки ҷинсияти худро дар Аврупо ба негре фурӯхтааст, магар метавонад ҳомии миллат бошад? Дар 100 сол на! Ва агар ин худозадаҳо ҳомии миллат бошанд, пас мо ва хонандагони мо ва 9 млн Тоҷикистонӣ бо онҳо нестем!!!

Ва аз ҳама муҳим: Вақте, ки ин фейк-гей(к)ҳо баъди сӯҳбати Профессор Иброҳим Усмонови Тоҷиктарин Тоҷик ба ӯ дарафтоданд, 1 нафаре ёфт нашуд, ки бо имзои худ аз устод ҳифз кунад. Ва акнун чигуна ба эроди Усмонов наметавон бовар кард, ки аз миёни даҳҳо муаллими факултаи журналистика ҳамагӣ чанд нафаре мақола навишта метавонанду бас? Агар метавонед, пас чаро аз Мэтри факулта ҳифз намекунед? Хомӯшии шумо 2 маънӣ дорад:

-Ё наметавонед ва Ё бо душманони миллат ҳамфикред!

Ман дар ин моваро танҳо 1 нафар-Саъдии Маҳдиро мебинам, ки аз манофеи миллӣ ҳифз мекунаду бас! Дигар муаллимин хомӯшии шубҳабарангезро ихтиёр кардаанд. Галстукҳо маҳкам бастагиву ишкамҳо серу мошинҳо таки по… о, маоши ҳукумат ва давлати Тоҷиконро ҳалол кунеду қалам гиред охир?! Журналистони расонаҳои расмӣ чаро хомӯшанд? Вақти он расида, ки дар ҷанги иттилоотӣ камин-окопро интихоб кунанд. Зеро Саъдӣ, Сафват, Усмонов, Шоира, Нури Наср, Абдуқодир Талбаков…ва боз 4-5 нафари дигар тани танҳо мондаанд дар ин гирудор. Мушаххасан бояд муайян кард, ки шумо бо кистед. Бо мо, ё бо онҳо?

Дуализм ва дурӯягӣ бас! Мо Метавонем!

PS: Хос барои Барзу Абдураззоқов! Вақте, ки ман Мо мегӯЯм, ҳаргиз Шумо ва шумобаринҳои манқуртро, ки забони модарашонро намедонанд ва ё фейк-гейкҳоеро, ки худро порс мегӯянд, дар назар надорам! МО ҳич вақт бо шуМо набудем ва нестем ва нахоҳем буд. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар