Принт

Хонаи Худо аз Араб нест!!!

Дар 1 аз сӯҳбат бо чанд ҳоҷӣ менишастем, ки дар боби гармии ҳавои Арабистон, бо бодбезакҳои пурқувват ҳавои салқин додан аз болои сар, фаршҳои салқини хонаи Худо мегуфтанд. Яке савори шутур дар болои кӯҳи Арафот акс гирифтанашро таъриф мекард, дигаре аз таъоми гарми мошини хайрхоҳи араб бо эҳтиром мегуфт. Беш аз 1 соат нишастем, лек ягон ҳоҷӣ дар бораи тавофи Каъба, сайри Сафову Марва... ҳарфе нагуфт. Ба саволи “чанд тан ҳоҷӣ аз ҷумҳурӣ ҳаҷҷи акбар кардаанд?” ва ҳатто онҳоро кӣ роҳбаладӣ мекард, чизе намедонистанд. Ба касе пӯшида нест, 1 қисми онҳое, ки ҳаҷ кардаанд, дар гузашта майл ба шароб доштанд, аз ҳаққи мардум хӯрдан сармоя ғундоштанд, ё ягон одати номатлубро соҳиб буданд. Фарзандон аз ин амалҳои онҳо халос хӯрем гуфта, онҳоро ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ ё умра мефиристанд. Инҳо баракс, аз тавоф омаданду номи ҳоҷигиро бар замин заданд. Як қисми ҳоҷиён бо маблағҳои дигарон ҳоҷӣ шудаанд ва ин хилофи “қувват бар тавоноӣ” аст. Аз ҷумҳуриамон ҳар сол беш аз 5000 нафар хонаи Худоро зиёрат ва 5000 доллар барои рафтуомад ва дигар амалҳо хароҷот мекунанд. Аз ин маблағҳо Арабистони Саудӣ фоидаи ҳангуфт мебинад. Фикри ман ин аст: Кумитаи дин дар назди ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ масъала гузорад, то ки нисфи маблағи ҷамъшударо ҳар сол ба ҳар 1 мамлакате, ки зоиринаш зиёрати хонаи Худо мекунанд, кӯмаки яквақта расонад. Ин амалест тибқи шиори “муъмин бародари муъмин”, зеро маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби ҳаҷ дар Арабистон зидди мусалмонҳои дунё истифода мешаванд. Аз Арабистони Саудӣ талаб намоем, ки таъйид кунанд, хонаи Худо танҳо барои онҳо нест!!!

Зайнулобиддин Ҳусейнов

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

 

Матлабҳои дигар