Принт

Инсофи пахтагӣ куҷо шуд???

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Аюбҷон Азизов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сомон-2015», сокини ноҳияи Зафаробод бо телефони 92 700 15 62 ба СССР занг задаву гуфт, ки аллакай дар манотиқи ҷануб ва ҳам шимоли Тоҷикистон чиниш ва ҷамъоварии пахта шуруъ гардидааст. Аммо мо-пахтачинон ҳайронем, ки барои чӣ нархи пахтаро беҳад арзон (баробар ба хоки сиёҳ!) аз мо қабул кардан доранд? Охир, бо ин қимате, ки пахтаро харидан доранд, дар бозор нархи 1 халта орд 200 сомонӣ ва 1 кг гӯшт қариб 55 сомонист! Куҷо шуд инсофи пахтагӣ??? Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз дар 1 маҷлис гуфт, ки «пахтаро аз 5,50 дирам кам қабул накунед!» Аммо вақте мо-кишоварзон пахтаро ба пункт мебарем, бо қимати 4 сомониву 70 дирам гирифтан доранд. Дигар намедонем, ки арзи худро чи хел ба раиси вилоят бирасонем!

 

Матлабҳои дигар