ХАБАРИ ДОҒ

МИҲД ш.Бохтар мақолаи «Аз фаъолият мондани садҳо корхона» (СССР, №25, 20.06.2019)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Бохтар маркази маъмурии вил.Хатлон буда, шаҳри саноатист ва 45 адад корхона, коргоҳҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуда, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва МИҲД вил.Хатлон аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар 6 моҳи с.2019 ба маблағи 96 млн. 918,0 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи с.2018 ба маблағи 12 млн. 98,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсол 114,3%-ро дар бар мегирад. Дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ҷой дорад. Аз 45 адад корхонаҳои саноатӣ 2 адад ҶДММ «Кристал АТТ» ва ҶДММ «Равғани Сомонӣ», ки самти фаъолияташон ба коркарди пахта ва истеҳсоли равған равона аст, бо сабаби мавсимӣ буданашон ва надоштани ашёи хом фаъолият накардаанд. Илова бар ин ҶДММ «Алӣ-1» ва МКЭҶ «Корхонаи нобиноён», ки самти фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, дӯзандагӣ ва симтур равона буда, бо сабаби дар бозор рақобат надоштани маҳсулот, истеҳсолро кам кардаанд. МИҲД ш.Бохтар минбаъд низ рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва МИҲДи вилоятро таҳти назорати доимии худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо мақсади бунёд ва ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, тамоми имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода хоҳад бурд.

Исмоилзода А.А.

раиси ш.Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter