ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили миллӣ-3

Ба фикри сирф фардии ман, ки метавонед аслан ба он мувофиқ набошед, баргардиш бар хатти арабиасос Тоҷикистонро ҳадди ақалл 50 ва аксар 100 сол қафо мепартояд. Зеро:

А) Ин забони илм нест ва;

Б) Насли бе ин ҳам донишбезори мо тамоман аз хатти савод маҳрум хоҳад гашт.

Афроде, ки мегӯянд Забони Тоҷикӣ вуҷуд надорад ва ё фикр доранд, «шоҳасарҳо»-яшонро бо алифбои арабисос садҳо миллион форсизабон мехонанд, ба дарки ҳақиқати кӯчаке нарасидаанд, ки агар Шоҳасар воқеан ҳам Шоҳасар бошаду кори илмии таъсирбахшу таҳрикдиҳанда, ҳатто ба ивриту индусӣ, африқоиву тоҷикии сирилликасос нависанд, садҳо миллион форсзабонон онро ёфта, баргардон карда, мехонанд! Вале аз барои савоб, (шу)мо чӣ доре(д)м, ки бояд эрониву афғону покистонӣ ҳама корро партофта, бо хатти арабиасос онро хонад? Ҳамон мукотиботи пур аз ҳақорату дашном?...

Воқеан ҳам, муддаиёни хатти арабиасос, бо ҳамин алифбо менависанд, муштоқ ва мунодии онанд. Ва акнун суоли матраҳ ин аст, ки онҳоро кӣ берун аз Тоҷикистон мешиносад? Ва агар дар ватан шиносанд ҳам, бо авантюраашон номӣ шудаанд.

Роҷеъ ба Забони Тоҷикӣ, ки ин мардум аз номбарии он ор медонанду ақоиди хешро сари дигарон бор карданиянд, ки гӯиё ин 1 падидаи сунъии пасошӯравист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ авҷ гирифт ва ғ. ва ҳ., овардани чанд масал кофист, то ҳақиқати кулл фош шавад. Падару модар ва бобову бибиҳои мо оё намегуфтанд, ки «Забони Тоҷикиро намефаҳмӣ?», «О, ман бо ту ба Тоҷикӣ гуфта истодаам!», «Тоҷикӣ карда гӯям…». Магар масалҳои мардумиро низ сунъӣ сари мо бор кардаанд? Воқеан ҳам, баҳс бо инҳо кори бефоидаву бе маънист. Ва ҳам кори СССР нест, кори ҷонии муҳофизи №1-и Забони Тоҷикӣ, бону Гавҳар Шарофзода аст, ки барои ҳамин кор маош мегирад ва дафтари кор дораду мошини хизматӣ. Вале чаро хомӯши асрорангез дорад Шарофзода, дар нисбат ба душманони ашаддии Забони Тоҷикӣ, ки мавҷудияти он, яъне Тоҷикиро зери суол мекашанд, муаммост?! Охир, кори ҷонии Шарофзода ҷанг бо чанд вожа нест, кори ҷонияш ҳифзи Забони Тоҷикист! Шояд бо ишон мувофиқ аст? Агар не, пас нависад, мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

Ин, ки Тоҷикбезорон аз обмӯрии пан-эронизм об мехӯранд, аксиома-кори исботшудаест. Фарзи мисол, агар таваҷҷӯҳ кунед, душманони Забони Тоҷикӣ ё шодихӯрдагони оғоёнанд ва ё шиъаҳо. Шиъаҳои исмоилия 1 тараф. Байнашон аз ин турфа ҳаст, аммо кам. Чандин сол пеш, борҳо муфтии Тоҷикистон, домулло Саидмукаррам Абдуқодирзода роҷеъ ба хатароти рӯзафзуни шиъаҳои 12-имома ҳушдор медоду мо хомӯш будем. Кор бо чӣ хатм шуд? Қариб бо табаддулоти давлатии Ҳоҷӣ Ҳалим ва шуруъи қатлу куштору ҷанги ҷадид! Фаромӯш кардед? Спонсори табаддулотро чӣ? Оё охундҳо набуданд???

Ва ана акнун ҳамин кудаточиёни номуроди охундӣ аз Аврупову Тоҷикистон бо шеваи нав зидди Миллат шӯрида, даъвӣ доранд, ки Забони Тоҷикӣ вуҷуд надорад! Шумо миллатеро дидаед, ки забон надошта бошад? Агар мо розӣ шавем, ки Забони Тоҷикӣ воқеан несту он порсист, пасон мавҷи №2 сар мезанад, ки мавҷудияти Миллати Тоҷикро зери суол мекашад. «Всё проще простого!»-гуфти бародарони рус. Мо, ба ҳич ваҷҳ мавҷудияти забони форсиро зери суол намекашем. Зеро ақл дорем. Пас, чаро онҳо мавҷудияти Тоҷикиро инкор мекунанд?! Ин кори саҳлу осон нест ва бояд сари он андешид. Сахт ва чуқур…

Дарӣ, Тоҷикӣ, форсӣ...Инҳо 3 шохаи 1 забонанд. Ва боре андешидаед, ки чаро афғонҳои мӯҳтарам аслан сари дарӣ ё порсӣ баҳс надоранду мо дорем? Зеро афғонҳо ҳанӯзам хатари фанатизми шиъаи 12-имомаи асрҳои мутавасситро, бо Армияи «Кулоҳқирмизӣ» фаромӯш накардаанд. Ин фанатҳои сафавӣ Ҳиротро қатли омм карда, ҳатто ҷасади Абдураҳмони Ҷомиро танҳо ба ин хотир, ки суннимазҳаб буд, аз гӯр бароварда оташ заданд! Кулоҳқирмизиҳо бо Самарқанду Бухоро чи карданду Балху Марву Ҳироту Кобулу Кӯлобро чигуна ба хоку хун кашиданд, ба сарчашмаҳои таърихӣ муруре кунед. Зиёд бо Фейсбуку Интернет банд бошед, ақаллан «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифиро хонед ва ё «Риёз-уш-шуаро»-и Волаи Доғистониро, ки ҳар 2 китоб адабиянд ва хушхон ва бо даҳшати фанатизми охундҳо ошно шавед (Воқеан ҳам Вола такмили илму маърифат бо забони тоҷикии форсии дарӣ дар Доғистони имрӯзаи Русия кардааст. Кунун, куҷост забони мо дар Қафқоз? Ҳамаи ин аз сарчашмаҳои забонситезиву забонгурезии шабеҳи имрӯзиён далолат медиҳад, ки хоҳед сари мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!). Қарнҳо тағйир ёфтаанд, вале сиёсати ҷангии ташайюъ-охундӣ иваз нашудааст. Зимнан, ҳар нафаре фикр дорад, ки эрониву порсӣ-парастӣ ин муруре ба Фирдавсиву Хайёму Ҳофизу Саъдиву дигарон аст, сахт хато мекунад. Ин ҷо сиёсат бештар аз фарҳангу адаб аст, ки сари он низ баҳс хоҳем кард. Мо Метавонем!

Хулласи калом, Ман Тоҷикам! Забони Ман Тоҷикист!! Модари Ман Тоҷик аст!!! Падари Ман Тоҷик аст!!!! Бобову бибии Ман Тоҷиканд!!!!! Давлати Ман Тоҷикистон аст!!! Ва ҳар касе дар ин моваро ҷонибдори Ман аст, бо мост ва Мо Метавонем!!!!!

Рӯзи Забони Тоҷикии Давлати Тоҷикистон муборакамон бод!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter