Принт

Корхонаҳо ба кор медароянд

(вокуниш ба мақолаи «Хатлон»: аз фаъолият мондани садҳо корхона)

Дар ҳудуди ш.Левакант 25 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, давоми 6 моҳи с.2019 корхонаҳои ҶСК «Нуриҳои Осиё» бо сабаби дар таҷдид қарор доштан, ҶДММ «Субҳи Сарбанд» бо иллати надоштани ашёи хом (пахта), «Беҳзод» бо сабаби қарздор будан, «Орди рушди Хатлон» бо сабаби надоштани ашёи хом (гандум) ва «Равғани Сарбанд» бо сабаби надоштани ашёи хом (маъсар, пунбадона) кор накарданд. Роҳбарияти «Равғани Сарбанд» дар майдони 400 га маҳсулоти равғаннокиаш зиёд, аз қабили маъсар кишт карданд, ки баъди ҷамъоварии он корхона ба фаъолият оғоз мекунад. «Субҳи Сарбанд» дар ҳолати корӣ қарор дошта, баъди ҷамъоварии ҳосили пахта ба фаъолият оғоз менамояд. Барои ба кор оғоз кардани корхонаҳои ҶДММ «Беҳзод», «Орди рушди Хатлон» ва ҶСК «Нуриҳои Осиё» мактуб ирсол карда шуд. Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 125,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,5 млн сомонӣ зиёд буда, 104,6%-ро ташкил медиҳад.

З.Давлатзода,

и.в.Раиси ш.Левакант

 

Матлабҳои дигар