Принт

Симчӯбҳо то асри 22 меистанд?

Узви Ихвон-ал-СССР, Исмоил Ҷабинзода, аз деҳаи “Алака”-и ноҳияи Муминобод бо телефони 918 67 08 05 ба СССР занг задаву гуфт, ки ёд дорам, с.1970 ба муносибати 100-солагии доҳӣ В.И.Ленин дар деҳоти Алакаву Марғак, Кӯлчашмаву Ғофилобод... симчӯбҳо насб ва хонаҳои мардумро бо нури иличӣ мунаввар карданд. Аз шодӣ дар курта намеғунҷидем. Инак, баъди 50 сол симчӯбҳо пӯсиданд. Барои он, ки ба замин наафтанд, ба симчӯбҳо 10 бор поя задем. Ин ҳам фоида нашуд. Баъд пояи оҳанинро истифода бурдем. Оҳанғундорон онро дуздиданд! Аз кормандони шабакаи барқи н.Муъминобод мепурсем, ки муҳлати истифодаи симчӯбҳо ним аср аст, ё 1 аср? Метарсем, ки симчубҳои паси хонаҳо ё симчубҳои баландноқил низ рӯзе чаппа шуда, фалокатеро ба вуҷуд наоранд. Умед дорем, то 200-солагии деҳа симчӯбҳо иваз мешаванд. Аз раъду барқ ва борони аввал, ки 1.10.2019 рехт, барқи мо аллакай хомӯш шуд...

 

Матлабҳои дигар