ХАБАРИ ДОҒ

Орд гарону мардум нигарон!

  • Чоршанбе, Окт 09 2019

 

КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи Гумрук бо чӣ коре банданд, ки аз болоравии босуръати орду гандуму маҳсулоти ордӣ парвое надоранд???

 Дар бозорҳои пойтахт нархи орд-ҳам истеҳсоли ватанӣ ва ҳам қазоқӣ дар муддати 10 рӯзи охир боло рафта, ҳоло ба 185-200 сомонӣ расидааст. Омилҳои асосии қимат шудани орд дар кишвар кадомҳоянд? Захираи маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт дар кадом сатҳ қарор дорад? Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе барои коҳиши нархи орд дар бозор ва дастрас намудани он ба сокинон аз кадом тадбирҳо истифода мебарад? Кӣ бояд пеши роҳи гароншавии ордро бигирад? Ин буд мавзӯе, ки мо ин ҳафта пайгирӣ намудем.

 Гандуми қазоқӣ гарон шуд…

Тавре аз мушоҳидаҳои мухбирони газетаи СССР аз якчанд бозорҳои коммуналӣ ва яклухтфурӯшии пойтахт, аз ҷумла, бозори «Фаровон» ва «Автоколоннаи 2927» бармеояд, фурӯшандагони орд сабаби болоравии нархи маҳсулотро дар қиматшавии нархи гандум дар Қазоқистон ва харҷи роҳу борбардории он то ба минтақаҳои Тоҷикистон медонанд. Абдулло Нуров, яке аз фурӯшандагони орд дар бозори «Фаровон» мегӯяд, ширкате, ки маҳсулоташро эшон мефурӯшад, аз Қазоқистон ҳам орд меораду ҳам гандум. Гандуми қазоқиро дар осиёби ватанӣ орд карда, сипас ба фурӯш мегузоранд. Агар соли гузашта нархи 1 тонна гандум дар саҳрои қазоқ то 180 доллари амрикоӣ арзиш дошт, ҳосили имсоларо кишоварзони қазоқ аз 200 доллари ИМА сари ҳар 1 тонна гандум кам накарданд:

-Тоҷирони тоҷик гандумро аз кишоварзони қазоқ одатан тариқи пешпардохт, яъне ҳанӯз ҳангоми коридани дону пеш аз дарав яклухт харидорӣ мекунанд, то ин, ки арзонтар ба даст ояд. Вақти ҳосилпазӣ нархи гандум ҳатман меафзояд, мисли ҳоло. Бубинед, дирӯз дар Қазоқистон барф борид, пеш аз он қариб 10 рӯз боронгарӣ ҳосил дар замин монду шояд хароб шавад, ин ҳатман ҳам сифати гандумро мекоҳонад ва ҳам нархи онро дучанд боло мебарад! - мегӯяд Нуров.

 Орди ватанӣ қадр надорад?

Бахтиёр Зиёев, яке аз тоҷирони дигари бозори мазкур дар сӯҳбат бо мухбири мо қайд намуд, ки нархи орди ватанӣ, яъне гандуми қазоқии дар Тоҷикистон осиёбшуда дар бозор арзонтар аст-имрӯз нархи 1 халта орди навъи 1-уми истеҳсоли ватанӣ аз 160 то 180 сомонӣ арзиш дошта, аз лиҳози сифат низ бартарият дорад, вале 1 чиро намефаҳмам: Чаро харидори имрӯз ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ эътимод надорад? Харидорон фикр мекунанд, ки маҳсулоти ватанӣ босифат нест? Чунин андеша хато аст!...

 Мардум нигарон набошанд? 

Чуноне ки дар сӯҳбат бо СССР Раҳмон Хайрулло Зубайдулло, муовини директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» иброз дошт, мардум бояд аз ин омилҳо нигарон набошанд, зеро корхонаи мазкур ба хотири ғанӣ гардонидани дастархони сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ордӣ ва пешгирӣ намудани болоравии сунъии нархи он дар бозор тадбирҳои мушаххасро андешидааст:

-Аз оғози соли ҷорӣ то моҳи сентябр ба анборҳои корхонаи мо 6310 тонна гандум, 1087 тонна орди истеҳсоли қазоқӣ, 1700 тонна орди истеҳсоли ватанӣ, 25.995 тонна шакар ва 8411 тонна равғани растанӣ ворид карда шуд. Захираи мазкур барзиёд буда, ғайр аз ин боз 1 қисмати дигари маҳсулот то охири моҳи ноябр харидорӣ ва ворид карда мешавад. Ба ҷуз ин, дар анборҳои корхона 1350 тонна орд, 1000 тонна шакар, 200 тонна равғани растанӣ маҳз барои фасли зимистон захира шуда, нақшаи захираи маҳсулот пурра ва зиёд иҷро шудааст, - афзуд Х.Зубайдулло.

Даъвои ин масъул ҳамон масали мардумиро ёд меорад, ки «Бузак бузак намур-баҳор меояд!». О, маҳсулот, ки дорӣ, барор, имрӯз мардум харида, захира кунад. Надорӣ-дурӯғ нагӯй! Канӣ, садҳо тонна гӯшт, ки бояд нархро мефаровард? Канӣ орду равғану шаккар, ки нархҳо ба осмони 7-ум такя задаанд?! Ба фикри мо, соате расидааст, ки фаолияти ин КВД умқан омӯхта ва пешкаши Рустами Эмомалӣ-раиси ш.Душанбе гардад. Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 Нархро кӣ нигоҳ дораду содиротро кӣ?

Воқеан нархи орд ҳам дар бозорҳои коммуналӣ ва ҳам яклухтфурӯшӣ субҳи рӯзи 1.10.2019 аз 185 то 200 сомонӣ арзиш дошта, нархи орди истеҳсоли ватанӣ аз 185 сомонӣ кам набуд. Орди навъи 1 ва 2-юму 3-юм дар бозорҳо феълан фаровон асту ҳаёҳӯй нест. Аммо ин имрӯз асту пас аз фаро расидани фасли сармо шояд нарх боз боло равад-гандуми қазоқӣ ҳанӯз дар саҳро мондаву шояд хароб гардад ва ин омил ҳатман ба кисаи харидори тоҷик низ зарбаи хешро хоҳад зад. Нархи ягона ва танзимшударо кӣ бояд нигоҳ дорад? Танзими нарх ва нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ аст! Дар чунин ҳолатҳо ин ниҳод бояд кор ва болоравии сунъии нархро дар бозор танзим намояд, аммо ку танзими нарх!?

Ва масъалаи дигар-орд ва на танҳо он худ ба Тоҷикистон ворид мешавад, вале боз ҳам туҷҷору савдогари беинсоф кӯшишу талош мекунанд, ки онро аз кишвари мо ба дигар давлатҳо, минҷумла, Афғонистони ҳамсоя содир кунанд. Маълум аст, ки он ҷо нуфузи аҳолӣ бештару талабот зиёдтару нарх ҳам гаронтар аст, аммо ин маънои онро надорад, ки нони даҳони ҳамватанро канда, ба мардуми дигар дод, на! Мақомоти дахлдор, аз ҷумла, Хадамоти гумрук бояд садди роҳи ин амал гардад, то пагоҳ дар кишвар бӯҳрони хӯрока пеш наояд-гушна ба шер мезанад, инро набояд фаромӯш кард! Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter