ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷик-қотили Тоҷик дар Русия!!!

  • Чоршанбе, Окт 09 2019

 

Чанде пеш Хадамоти матбуоти Раёсати тафтишоти вилояти Маскав хабар дод, ки Суди вил.Маскав Беҳзод Носиров-шаҳрванди Тоҷикистонро дар 3 куштор муттаҳам кард. Ӯро барои қасди куштор (моддаи 105), ҳамчунин дар узвият дар бандаи ҷиноӣ (моддаи 209) ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштану истифода бурдани силоҳ (моддаи 222) 17 сол аз озодӣ маҳрум ва ба зиндони низомаш шадид маҳкум намуданд. Тибқи баёнияи Суди Маскав, ҳамаи 3 қурбонии ӯ ҳамватанҳояш-тоҷикҳо будаанд. Суди Маскав гуфтааст, ки Носиров қотил (киллер)-и асосӣ дар гуруҳи ҷиноии Лутфулло Муҳаммадиев-корманди собиқи милиса (маъруф бо лақаби Анвар) буд. Ва азбаски мафияи тоҷикҳо дар Русия ҳанӯз хеле сусту заиф аст ва қуввати бо мафияҳои дигар сарбасар шудан надорад, аз дасти онҳо фақат «андоз» (доля) бастани ҳамватанҳои худи онҳо, асосан «доля» бастани аробакашони бечора дар бозорҳои Русия меояду бас. Ва ҳам қатли тоҷикҳое, ки аз пардохти «ҳақ» ба ин мафия саркашӣ мекунанд. Суд ҳини эълони ҳукм гуфтааст, ки с.2009 аз тири силоҳи дасти Беҳзод 1 ҷавони ванҷӣ низ кушта шудааст. Вале суд номи ванҷии кушташударо ошкор накард.

Бандаи тоҷикии тоҷиккуш

Тафтишот ва суд муайян кардаанд, ки дар моҳи сентябри с.2009 ду шаҳрванди Тоҷикистон бандаи ҷиноятиеро созмон дода, ба сафи он ҳамватанҳои худ, аз ҷумла, Беҳзодро ҷалб карданд. Ин банда ба куштор бо мақсади тарсондан ва тасарруфи молу мулки зодагони Тоҷикистон дар Русия машғул буд. Раёсати тафтишотии вил.Маскав навиштааст, ки «Носиров дар ҳайъати ин банда с.2009 дар ҳудуди як бозор, дар шаҳри Маскав 1 нафарро кушт ва қасди куштани боз 4 нафари дигарро кард. Ғайр аз ин, дар с.2010 Носиров ҳамроҳи шариконаш 2 ҳамватанашонро дар ноҳияи Пушкинои вил.Маскав куштанд». Ба гуфтаи Суди Маскав, ин ҷиноятҳо солҳо боз нокушода боқӣ монда буданд. Дар с.2017 ба тафтишот дар ниҳоят муяссар шуд, ки аъзои ин бандаро маълум ва дастгирашон кунад. То замони боздошт яке аз роҳбарони «бандаи тоҷикҳо» аллакай худаш ҳам кушта шуда буд. Беҳзод, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, баъди боздошт ба ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуд ва ба ин далел, парвандаи ӯ алоҳида муҳокима гардид.

Вендеттаи Ванҷӣ дар Русия

Ин бори аввал нест, ки расонаҳои русӣ дар бораи мафияи тоҷикӣ дар шаҳру вилоятҳои Русия гузориш медиҳанд. Қаблан агентии хабарии “Росбалт” дар бораи 3 куштор ва дигар муноқишаҳо дар байни "мафияи тоҷикҳо” дар 1 матлаб бо номи «Конец вендеттам таджикской мафии” навишт. Роҳбари шинохтаи олами ҷиноӣ дар Маскав-Лутфулло Муҳаммадиев, расман ба даст доштан дар 4 куштор айбдор шуд. Ин корманди собиқи ВКД ҶТ баъди ба Русия рафтан 1 гуруҳи ҷиноии бераҳмеро ташкил дод, ки аз муҳоҷирон ва тоҷирони тоҷик дар шаҳру вил.Маскав “доля”меситонд ва ихтилофро ба вуҷуд меовард. Ҳамаи 4 қурбонии гуруҳи Лутфулло ҳамватанҳои худи ӯ аз Тоҷикистон будаанд. 

С.2009 байни гуруҳи Лутфулло ва бачаҳои Ванҷ бар сари тақсими доираи “авторитет” (нуфуз)-ашон дар чанд бозори Маскав муноқиша сар мезанад. Онҳо 6.09.2009 дар бозори "Эмерал”, воқеъ дар 25 километрии МКАД (Московская кольцевая автомобильная дорога) "стрелка” мезананд. "Разбор”-и 2 гуруҳ натиҷа надод, балки ибтидо ба занозанӣ, дар ниҳоят ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа, 5 нафар тир хӯрда, якеи онҳо баъдан дар бемористон мурд. 

"Росбалт” менависад, тафтишот муайян кардааст, ки тири марговарро маҳз худи Лутфулло задааст. Баъди чанде 1 узви дастаи Лутфулло бо намояндагони гуруҳи дигари тоҷикҳо вориди муноқиша шуд. Дар он муноқиша бародари яке аз ёрони наздики Лутфулло ҷароҳат бардошт. Гангстер барои гирифтани интиқоми бародараш ба гуруҳи рақиб ҳамла кард. Онҳо ӯро барои "разбор” ба майдони назди вокзали роҳи оҳани Маскав даъват ва бо корд тақрибан реза-реза карданд. Лутфулло қарор кард, ки интиқоми ёри худро бигирад, вале рақибон пинҳон шуданд. Нафарони Лутфулло 1 шиноси онҳоро ёфтанд ва таҳти шиканҷа ӯ хабар дод, ки он нафарон дар 1 манзили иҷора дар шаҳраки Пушкино руст шудаанд. Лутфулло бо ҷангиёнаш он ҷо омада, вориди хона шуда, 2 ҳамватани худро тирборон карданд. Ҳоло аксари аъзои гуруҳи Лутфулло ҳабс шудаанд ё дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Бино ба навиштаи «Росбалт», ин гуруҳи мафиозӣ ҳоло амалан «ликвидатсия» шудааст.

 Шӯха-смотрящий” ва “Ашхабадский вор в законе”

Дар авоили солҳои 2000 Шуҳрат, ки бо "дузди қонунӣ” Олег Ашхабадский хеле наздик буд, ба ҳайси "смотрящий”, яъне нозир ё чашму гӯши "дуздони қонунӣ” назорати гуруҳҳои ҷиноии иборат аз зодагони Тоҷикистонро дар Маскав назорат мекард. Ба ӯ "авторитет”-и маъруф бо номи Мустафо ва Лутфулло Муҳаммадиев кумак мекарданд. Вале Мустафо баъди чанде кушта шуд. Қабл аз маргаш, Мустафо барои амнияти худ эҳсоси хатар мекард ва ба ин далел дар вилояти Кострома хона харида, оилаашро он ҷо кӯчонд. 1 рӯз Мустафо ба домофон занг зад. Ҳамсараш ӯро дида, дари даромадгоҳи биноро кушод, вале аз он ҷо садои тир баланд шуд. Қотилон дар дохил мунтазири Мустафо будаанд ва ба бадани "авторитет”-и мафияи тоҷикӣ 14 тир холӣ кардаанд. Баъди марги ӯ, байни Шуҳрат ва Лутфулло барои мақоми роҳбарӣ бар мафияи тоҷикӣ доим муноқишаҳо сар мезаданд. Шуҳрат Лутфуллоро таъна мезад, ки ӯ қаблан корманди милиса буд ва ин дар олами ҷиноӣ бад қабул мешавад. Лутфулло бошад дар ҳалқаи наздиконаш Шуҳратро ба даст доштан дар қатли Мустафо айбдор карда мегуфт, интиқоми ин хешовандашро хоҳад гирифт. Тафтишоти ҳарбии вил.Маскав мегӯяд, с.2014 Лутфулло дар шаҳри Видное Шуҳрат (маъруф бо лақаби «Шуха», 1 «авторитет»-и дигари тоҷик)-ро аз пистолети худи ӯ паррондааст. Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти қудратии Маскав, айни замон ҳамчунин Сафиулло Аҳтамов (маъруф ба лақаби «Челюст»)-устоди варзиш оид ба ҳарби шарқӣ, собиқ корманди Вазорати Корҳои Дохилаи ҶТро, ки дар қаламрави Русия ҳамчун «авторитет» шинохта шудааст, меҷӯянд. Аҳтамовро дар силсилаи разборҳои гуруҳӣ ва дуздиву ҳамла ба молу мулки мардум айбдор мекунанд.

 Делои “Хованское кладбище”

Рӯиҳамрафта, сайтҳои хабарии Маскав бо такя ба сарчашмаҳои судии худ гуфтаанд, ки бандаи Лутфулло шахсан ба «қазияи Хованское»-и с.2016 даст дорад. Хотиррасон мекунем, ки дар занозании гӯристони Хованское-шимоли ш.Маскав рӯзи 14.05.2016 се нафар тоҷик (зодагони ш.Роғун - Хушаков Сӯҳроб, Ризоев Иноят ва Собиров Сайнуриддин) кушта шуданд. Дар занозании оммавӣ аз рӯи иттиллои расонаҳои русӣ беш аз 500 нафар ширкат варзида, 4 нафар кушта, 26 нафар захмӣ ва 13 нафари онҳо бо захми тир ба беморхонаҳои Маскав интиқол ёфтанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотии Маскав, Лутфулло ва чанд гуруҳи дигар аз қабрканҳои тоҷики «Хованское» доля мегирифтаанд. Дар фарҷом, сабаби асосии ин задухӯрди фоҷиабор директори нави қабристони Хованское-северное Юрий Чугуев буда, бо раҳбарони мафияҳо «риштаи дӯстӣ» доштааст.

Боздошти 300 “вор в законе”

Ахиран, Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русия баршумурд, ки дар қаламрави Русияи паҳновар аз 432 нафар «дуздони қонунӣ» («вор в законе») 318 тан боздошт ва зиндонӣ шудаанд. 19 нафари онҳоро, ки ВКД ФР хело хавфнок номидааст, дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Тибқи иттилои ин ниҳоди қудратии ФР, аксарият (242 нафар)-и дуздони қонунӣ гурҷиҳо, русҳо-51 нафар, арманҳо-30, язиди (курд)-ҳо 26, озариҳо 16, абхазиҳо 10, чеченҳо 10, яҳудиҳо 7 нафар буда, шаҳрвандии Русияро доранд. Дар байни ин ҳамаи гуруҳҳо «законник»-и хеле ашаддӣ ва хавфнок Надир Салифов (мулаққаб ба Гулӣ) ва Юнус Назаров (зодаи Ӯзбекистон) будаанд, ки феълан нуфузи худро берун аз Русия фаротар бурда, тибқи дархости Кремл дар феҳристи кофтукоби Интерпол қарор гирифтаанд. Матбуоти русӣ бо такя ба овозаҳои мардумӣ навишта, ки Юнус дар қаламрави Ӯзбекистон пинҳонӣ ба сар мебарад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи русӣ инчунин исму насаби бархе аз «вор в законе»-ро фош кардаанд, ки ҳоло дар кунҷи зиндон бо ангушт рӯзи ба озодӣ баромаданро мешуморанд: Илгар Алиев, Талех Даглиев, Эмин Ахмедов, Заур Шипилов, Али Гейдаров, Улфат Тагиев. Ва ба наздикӣ 1 авторитети дигар-Ҳоҷибобо Толибхони тотор дар 1 амалиёти мақомоти қудратии Маскав боздошт шуд. Аҷиб ин аст, ки тибқи навиштаи нашрияҳои даврии Маскав, аз ҳама «дуздони қонунӣ»-и сарватманд Гули, Юсуф Шамхорский, Вагиф Дипломат, Алберт Рижего ва Рашид Гянджинский номида шуда, сармояи онҳо миллиардҳо доларро убур кардааст. Гули бошад тамоми гипермаркетҳо ва бозорҳои сабзавотфурӯшии Русияро дар даст дошта, аз берун, тавассути наздиконаш онҳоро назорат мекардааст.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter