ХАБАРИ ДОҒ

Вақте муаллими физик ғусл меомӯзонад…

  • Чоршанбе, Окт 16 2019

 

Мушкили миллӣ-4

Маро ба навишти ин матлаб ҳодисае дар шаҳри Норак таҳрик дод: Муаллими фанни физика дар ин шаҳраки саноатӣ, ки мутаассуф, замони ахир макони фанатизму экстремизм гаштан дорад, ба шогирдонаш аз асосҳои … ислом дарс мегуфтааст. Ин физик-шизик (шизофрения-намуди камақлист, ки ба асабоният ва худситоӣ мекашад) аз талабаҳои синфи 10 талаб мекардааст, ки ҷои Қонунҳои Исаак Нютон сураҳои Тавбаву Ёсин омӯзанду навболиғони синфи 11-ро сураи ғусл ёд медодааст. Оре, маҳз физик!!! Ва ҳар соати дарсӣ аз онҳо сураҳои ёдкардаашонро мепурсидааст. Ба пиндори ин шизик сураи ғусл бештар ба хамткунандагон лозим будааст, ки дар қонуни фишору марказгурезӣ ва амалиётҳои табииву физикӣ…даркор мешаванд…

Фикр дорӣ, хонанда, ман зидди омӯзиши Қуръону талаботи мазҳабиям? Аслан на! Вале ҳама чиз ҷои худро дорад! Муаллим набояд мулло бошад! Ва баракс мулло набояд физикаву химия омӯзонад. Дар ин додуситад маро чизи дигар дар ҳайрат овард: Фанатизм аллакай маорифи моро низ сӯҳон кардаасту мо бехабар… Ва маҳз дар Норак, шаҳре, ки саноатист ва шаҳре, ки Низом Қосим-садри удабои мо, раиси ИНТ зодаи ҳамон ҷост. Яъне дастгоҳи таблиғотии ин шаҳр онгуна заъиф шудааст, ки наметавонад, Адиби №1-ро, ки худ норакист, ба мардум муаррифӣ кунад. Ва ин аст, ки тибқи масали русӣ «Свято место пусто не бывает» («Ҷои муқаддас холӣ намемонад») ва 1 мубаллиғи доишӣ садҳо ҷавону наврасро гумроҳ кардаву ба доми хеш мекашад. 

Роҷеъ ба қатли велосипедронҳо, ки наврасони ҳамин шаҳрак поин оварданд, бисёр гуфтаву навиштаем. Вале касе ба ин суол посух надод, ки чаро ин ҷавонон ба доми экстремистон уфтоданд? Чаро натавонистем садди роҳи мудҳиштарин ҷинояти соли 2018 дар сартосари олам шавем? Чаро наврасоне, ки аз 100 гулашон 1-е нашкуфта буд, бо чунин бераҳмии чингизӣ мардуми осоиштаро қатл карданд?

…Воқеан ҳам дар бораи ин фоҷеа низ гуфтаниям. Бо амри тасодуф, ман шоҳиди ин фоҷеа шудам. Ҳамагӣ 5-7 дақиқа пас ба ҷои ҳодиса расидам ва манзараеро дидам, ки агар Дастгоҳи Идеологии мо онро пешкаши оламиён мекард, номи Тоҷик чун миллати асилзода (ҳатто соати ҳамон террор низ!!!) дар ақсои дунё садо медод. Хуб, ман чӣ дидам?

-Садҳо Тоҷик мошинҳои худро партофта, ба сайёҳон кӯмак мекарданд. Ҷавонони ҳузарб худро ба ҷариву дара партофта, ҷасади вело-туристонро кашида мебароварданд. Занеро дидам, ки докаи сап-сафеди сарашро гирифта, бадани урёни 1 бонуи хориҷии фавтидаро пӯшонид. Дигар зане доманашро дарронда, ҷароҳати марди сайёҳеро баст, ки хунравӣ манъ шавад. Хулласи калом, тамомии мардум ба ин сайёҳон кӯмак мерасониданду ба қотилон нафрат мехонданд…

Ана ҳамин дидаамро чун чанд рӯз ба баъд дар вохӯрие бо сафири Амрико қисса кардам, гуфт:

-Ман пеши ҳиммату ҷавонмардии мардуми Тоҷик сари таъзим меорам ва … сарашро хам кард!!!

ТВ ва Радиоҳо, сайтҳои хабарии расмӣ бояд маҳз дар ана ҳамин бора менавиштанд, ки мутаассуф, чун ҳарвақта ҳарфе нагуфтанд. Зеро ба онҳо 2 чиз намерасад:

1.Профессионализм ва 2. Ҷасорати инфиродӣ!!!

Вале боз баргардем сари физике, ки дарси ғуслу таҳорат медиҳад. Фикр намекунед, ки ӯ низ зери таблиғу ташвиқи ҷараёни салафияву доишиҳо мондааст? О, модари 1 тан аз ҳамон ҷавонҳои террорист, ки бегуноҳонро куштаву низ кушта шуданд, муаллима буд, мудири мактаб буд!!! Пас, моҷарои ахирии ин физики шизик ягона ва худрӯй (хаосӣ) нест. Маълум мешавад, ки муаллимин зери фишори муллоҳо мондаанду манзалати асливу усулӣ-пешвои ҷамъият буданро аз даст додан доранд. Дар урфият масале ҳаст, ки ба моҷарои Норак рост меояд:

-Гургро дуру майдонро холӣ дидан…

Майдон бояд пур ва гург дошта бошад. Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад ба мавқеи идеологҳои хатлонӣ ва норакӣ рост наояд, бояд маҳз Адиби №1, устод Нозим Қосимро дар Норак бештар таблиғ кард. Бояд шаби шеъру тарона, сурудаҳо бар назми ӯ, маҳофили ширу шаккар бо ҳузури ӯву сарояндагони номдоре, ки аз ашъораш мехонанд, дар ин шаҳр роҳандозӣ шаванд! Бинед, Мирзо Турсунзодаро машинаи идеологии советӣ то ҳадде таблиғ мекард, ки то ҳанӯз дар Қаратоғ, Шаҳринав, Регар исми устод чун рамзи чаҳоруми муқаддасоти миллӣ (дар баробари Парчаму Нишону Гимн) қабул мегардад. Агар ин корро 70 сол пеш шӯравӣ ҳамагӣ бо 1 ТВ кард, пас чаро Тоҷикистони соҳибистиқлол бо 9 шабакаи муосири марказии ТВ, даҳҳо адад Радио ва ҳазорон сайтҳои интернетӣ карда натавонад? Мегӯед намешавад? Мешавад! Кор кардан даркор. Ва он гаҳ натанҳо Норак, ки шаҳри саноатӣ, стротегӣ, туристӣ, сайёҳӣ, фароғатӣ ва маданисту номаш бо экстремистон ва физик-фанатҳояш машҳур гашта, ки дилхоҳ гӯшаву канори диёр аз мубаллиғини ҷараёнҳои исломситезу обрӯрези тоҷикон орӣ мегардад. Танҳо кор кардан даркор. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter