ХАБАРИ ДОҒ

Путин ба ҷанги «Законник»-ҳо меравад!!!

  • Чоршанбе, Окт 16 2019

 

 

 Чанде пеш президенти Русия Владимир Владимирович Путин зери 1 моддаи Кодекси ҷиноии ФР ("Занятие высшего положения в преступной иерархии") имзо гузошт, ки тибқи он аз ин пас авторитетҳои бонуфузи ҷиноӣ таҳти контроли шадид қарор хоҳанд гирифт. Путинро ин маҷбур намуд, ки Ҳукумат барои назорати ишон сару калобаи худро гум кард ва натавонист ҷилави онҳоро бигирад. Тибқи қонуни ҷадиди путинӣ, ҳар нафар авторитет дар қаламрави Русия аз ин пас бо андеша гом мегузорад, чун ҳар гапаш назорат аст ва дигар наметавонад рӯшод дар ҳар нишастҳои ҷиноӣ ҳузур дошта бошад.

Дар сурати аз ҷониби авторитетҳо риоят нашудани ин моддаи Қонун аз 8 то 15 соли ҳабс зиндонӣ ва ё 5 миллион рубли русӣ ҷарима хоҳанд шуд. Барои амдан ташкил кардану роҳбарии гурӯҳи ҷиноӣ ва ширкат дар ҷаласаҳои ҷиноятӣ ин гуна афродро 20 соли ҳабс таҳдид хоҳад кард. 

 

Саакашвилӣ-«авторитет»?

Хуллас, қонуни мазкур кунун рӯи мизи Гарри Владимирович Минх-намояндаи президент дар Парлумони Русия, барои ҳамовозии вакилон қарор дорад. Гарри 1 нусха аз мазмуни ин моддаро ба Гурҷистон низ фиристода, таъкид намудааст, ки аксарияти «вор в законе»-ҳои Русия гурҷиянд, лек объектҳои зери дасти худро аз берун контрол мекунанд. То ҳатто дар Кремли путиномедведевӣ ҳадс мезананд, ки Михаил Саакашвилӣ-собиқ президенти Гурҷистон ва волии пешини вилояти Одессаи Украина (дар замони раҳбарии Петро Порошенко) авторитет дар олами ҷиноист ва аксарияти дамдорони гурҷӣ дар Тифлису Маскаву Киев зери «щелчок»-и Мишаи аврупогаро чапу рост тоб мехӯранд! Аммо «вор в закон»-ҳо дар асл кистанду ҳадафашон чистанд?

 

«Вор в законе» дар асри 18 таваллуд шуд???

Тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи ҷиноятшиносии рус, таърихи пайдоиши ибораи «дузди қонунӣ» дақиқ нест. Бо такя ба сарчашмаҳо агар дар асри 17-и рус олами ҷиноят шакли инфиродии фаъолият бошад, асрҳои 18-19-и ҳаёти русӣ худ масъалаи ташаккулёбии олами ҷиноятро ба вуҷуд овардааст. «Ворвской(ские) закон(ы)» низ муаллифи мушаххас ва санаи дақиқи таълиф надорад ва ба ҳар ҳисобу тахмин маҳсули тафаккури зиндониёни рус аст. Нависандаи рус Валентин Пикул дар романи таърихияш-«Каторга», ки ба ҳаёти зиндон ва мардуми муҳоҷири нимаи дуюми асри 18-и нимҷазираи Сахалин бахшидааст, аз аввалин падидаҳои ин қонун дар миёни бандиёни русӣ сухан гуфтааст.

Тибқи маълумоти «википедия», қонун(ҳои) дуздӣ-ҷамъи қоида ва меъёрҳои нонавиштаеанд, ки риояи онҳо барои дуздони қонунӣ ҳатмист. Аз ҳамин қонун вазифаҳои зиндониёни дигар ҳам новобаста ба «табели рутбаҳояшон» муайян мегарданд ва он «қонуни зиндон» ном дорад. Ҳадафи асосии «дуздони қонунӣ» кӯшиши ба низом гирифтани муносибатҳои худи зиндониён-вобаста ба воқеияти ҳаёти зиндонҳост, ки пур аз маҳрумиятҳост. Масалан, муаррих-муҳаққиқи рус Михаил Александрович Дёмин баъзе моддаҳои ҳамин қонунро овардааст:

1. Доштани зан ва фарзанд барои дузди қонунӣ мумкин нест!

2. Кор кардани дузди қонунӣ мамнӯъ аст; ӯ танҳо бояд аз ҳисоби фаъолияти дуздияш бизияд;

…14. Дузд ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бо давлат ҳамкорӣ ва дар амалҳои ҷамъиятӣ ширкат кунад, набояд узви ташкилоти ҷамъиятӣ бошад;

15. Дузд набояд аз дасти намояндаи ҳукумат яроқ гирад ва набояд ба хизмати аскарӣ равад…

Баъд аз мутолиаи ин сарчашмаҳо гумони ғолиб бар он меравад, ки дар ташаккули дастурҳои аввалини «Қонун(ҳои) дуздӣ» дасти «охранка»-полиси подшоҳии рус ҷой доштааст. Чаро, ки принсипи асосӣ-бидуни сиёсат будани олами ҷиноят ва ба корҳои ҷомеаи озод дахли бевосита надоштанаш, далолат ба ҳамин дорад.

 

Дед Хасан ва ҳукми қатли Сангак

Қатли бераҳмонаи Ҳасан-бобо-«дузди қонунӣ» ва авторитет дар олами ҷиноиро дар шаби Соли Нави 16.01.2013 нек ёд дорем. Тибқи манобеъи интернетии криминалӣ, Ҳасан-бобо яке аз пешвоёни криминали шӯравӣ бо Тоҷикон ҳамзабон будааст. Ҳарчанд зодаи Тифлиси Гурҷистон буд, вале ба насл гузаштагонаш ба курдҳо рафта мерасад ва даъвои мусалмонӣ ҳам дошт. Ҳатто овозае буд, ки Сангак Сафарови маъруф, пешвои Фронти халқии Тоҷикистон дар соли 1992 паёми сиёҳи Ҳасанро гирифта буд, яъне ҳукми қатли ӯро дар Маскав «Вор в закон»-ҳо бароварда буданд. Гуноҳи Сангак-собиқ пахан зонаи шӯравӣ нобахшиданӣ буд (барои олами ҷиноии советӣ):

-Ӯ дар ҷанги граждании Тоҷикистон ҷониби прокурор (Сафаралӣ Кенҷаев)-ро гирифт!!!

Дар ҳама давру замонҳо пуштибонӣ аз прокурор барои ҷинояткорон ба марг баробар буд.

 

Сходка барои Седою Ёқуб?

Овозаҳо атрофи дигар авторитетҳои криминал ва собиқ тюремшикҳои СССР низ кам набуданд. Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки «Вор в закон»-ҳо мехостанд ба «красный ковёр»-разборкаи дохилӣ генерал Ёқуб Салимов, ки вазири вақти ВКД буд (пулиси №1, чӣ таҳқире барои олами ҷиноӣ!!!) ва генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев (Седой)-ро низ кашанд. Ба пиндори олами ҷиноӣ ва мувофиқи кодекси нонавиштаи «Вор в законе» ва «авторитет»-ҳо, собиқ зиндониёни номдор (дар симои Седой ва Ёқуб) ҷинояткорон набояд низомӣ шавад ва «тем более» милиса… Ҳамон овозаҳо мегуфтанд, ки олами ҷиноӣ дар разборкаи худ ҳамон солҳо танҳо бо ин далел, ки 2 генерали ахирӣ оташи ҷанги бародаркушро хомӯш кардаанд, инҳоро бахшиданд. 

Вале Сангак Сафаровро набахшиданд!...

 

Муҳаммад Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter