ХАБАРИ ДОҒ

Аз парвоз то суқути асосгузори РСС Тоҷикистон

  • Чоршанбе, Окт 16 2019

 

 

Абулқосим Лоҳутӣ дар Подмосковйе с.1957 ин дунёро падруд гуфт. Ӯ бемори вазнин шуда буд ва табибон ба санатория барои сиҳат ёфтан ба Подмосковие фиристоданд. Ҳуҷраи №387 иборат аз 2 табақа ва ҳар яке дорои 2 утоқ аст. Лек аз рӯи ҳуҷҷат ҳамчун 1 ҳуҷра таҳти 1 рақам ба қайд гирифта шудааст. Дар 1 табақаи дуутоқааш Нусратулло Махсум бо оилааш ва дар дигарӣ Абдурраҳим Ҳоҷибоев мезистанд. Ҳар 2 ба пуррагӣ сафед карда шудаанд…, лек навиштаҷоту ёддошт дар бораи онҳо дар қабати ин Хона то ҳол нест. Ҳамчунин дар бораи Лоҳутӣ низ чизе нест. Умедворам, мерасад рӯзе, ки дар деворҳои хонаи назди соҳил дар Маскав ёддоште дар бораи шарафмардони миллати тоҷик, ки фахри миллат ва аз аввалин асосгузорони давлати Тоҷикистон мебошанд, пайдо хоҳад шуд!

Давлат Худоназаров,

ш.Маскав

 Хонае, ки асосгузори Тоҷикистон мезист…

Журналист ва сенариянависи рус, мухбири сайти интернетии SPUTNIK (дар бахши Абхазия) - Лев Валеревич Рижков дар 1 матлаби таҳқиқотии худ ошкор кардааст, ки дар машҳуртарин хонаи назди соҳил-собиқ Хонаи Якуми Шӯро дар ш.Маскав роҳбарони СССР, вазирон, роҳбарони мақомоти қудратӣ, ҳунармандон, адибон, аз ҷумла, 3 муқимии машҳури ин хона-Абулқосим Лоҳутӣ, Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев аз Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Барои дуи онҳо (Н.Махсум ва Ҳоҷибоев) ин Хона вопасин макони иқомат будааст.

Дар ҳуҷраи №387-и хонаи машҳур, назди соҳили дарёи Маскав 2 инқилобчии тоҷик-роҳбари Кумиҷроияи марказии Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дуюмин роҳбари Шӯрои комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии РСС Тоҷикистон-А.Ҳоҷибоев мезистанд. Н.Махсум аз миёни деҳқонон баромада, дар деҳа, дар н.Ғарм (ҳоло н.Рашт) ба воя расида буд. Бо даромади деҳқонӣ қонеъ нашуда, барои кор ба шаҳр рафт, дар Қуқанд кор кард, баъдан барои иштирок дар ошӯбе аз кор пеш карда шуд. Баъдан ба деҳа баргашт.

 

 №387 – қассобхонаи Кремл

Хонаи №387 комплекси бузурги истиқоматӣ, дар наздикии Кремл, дар ҷазираи Болотная ҷойгир буда, с.1931 дар асоси нақшаи меъмори машҳури Шӯравӣ Борис Михайлович Иофан, ки аз Италия барои сохтани он ба таври фаврӣ оварда шуда буд, сохта шудааст. Ҳоло дар ин хона қариб 500 ҳуҷра ба қайд гирифта шуда, дар бинои он тибқи нақшаи ин маҷмаа кинотеатри “Ударник”, Театри эстрада, супермаркет ва музей ҷойгир аст. Сафи онҳое, ки дар ин бино зистаанду номашон ба таърихи ин давраи ҳастии башарият сабт шудаанд, хело зиёданд ва дар ҳар 1 гӯшаи деворҳо ёддоште навишта шудааст. Аммо, мутаассифона, - мегӯяд журналисти рус, - ҳаккокие бо ёдоварӣ аз Махсум ва Ҳоҷибоев нест! 

Аз ҳама зиёд дар ин хона аз намояндагони тоҷикон А.Лоҳутӣ зистааст. Ӯ дар яке аз ҳуҷраҳои ин хона, аввалҳои солҳои 1930, ҳини бунёди Иттифоқи нависандагони СССР ҷой карда шудааст. Лоҳутӣ-намояндаи адабиёти советии тоҷик бо Максим Горкий хело зиёд суҳбат мекардааст. Аммо ӯ дар ин хона ба таври доимӣ набудааст. Лоҳутӣ ба Тоҷикистон зиёд сафар карда, муддатҳо дар Душанбе мемондааст. Дар солҳои 1950 ӯ маҷбур буд ба таври доимӣ, аз сабаби бемории вазнин ва қисман муноқиша бо роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ тарки Тоҷикистон кунад.

 

Нусратулло сарнагунсози Олимхон!!!

Н.Махсум дар ш.Қӯқанд забони русиро омӯхта буд, ки ин ҳини даромадани Армияи Сурх дар солҳои 1920 ба Аморати Бухоро сахт лозим шуд. Вай дар нагунсозии амири Бухоро иштирок намудааст. Амри тақдирро бинед, ки 1 тоҷикбаччаи ғармӣ қасоси Восеъи диловари кӯлобиро аз хонадони манғитҳо гирифт! Деҳқонбачаи русидонро тез ба кор ҷалб намуданд. Ӯ аллакай баъди 3 сол роҳбари Кумитаи инқилоби муваққатии Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон, яъне шахси аввалини ҷумҳурии навтаъсис таъин гардид. Дар с.1929 маҳз бо ҷазбу часпу талоши ӯ, Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ-РСС Тоҷикистон ба ҳайъати СССР шомил шуд. Роҳбари Кумитаи марказии иҷроияи ҷумҳурӣ Н.Махсум интихоб гардид.

 

Хашми Сталин ва нанги Махсум

Мутаассуф, дар с.1933 даҳшате болои сари роҳбарони Тоҷикистони навтаъсис омад. Сабабаш ин баҳамоии деҳқонон буд. Ба Маскав хабар доданд, ки дар Тоҷикистон сохтмони совхозу колхозҳо бисёр суст ба роҳ монда шудааст. Ин хабар Сталинро ба хашм овард ва хашми ӯ сабаби на танҳо аз вазифа дур гаштани роҳбарони вақти Тоҷикистон гардид, балки ҳаёти чанде аз онҳоро аз байн бурд. Аммо бахти Н.Махсум омад карду ӯро аз вазифаҳояш озод ва барои таҳсил ба Маскав даъват намуданд. Дар хонаи назди соҳил, наздикии Кремл ӯро ҷой карданд ва худи асосгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад донишҷӯи Академияи нақшавии СССР гардид. Баъдан 8.07.1937 вайро ҳабс ва 31 октябри ҳамон сол қатл карданд. Байни мардум овозае паҳн аст, ки Нусратуллои ғайюри Тоҷик тафтишотчии русро, ки ӯро зери лату кӯб қарор дода буд, бо мушт зада меафтонаду сипас мурданивор мекӯбад. Дар ҳамин ҳин ӯро мепарронанд…

 

Бандии №2-А. Ҳоҷибоев

«Дар ҳамон рӯз дигар сокини ҳуҷраи №387 Абдурраҳим Ҳоҷибоев зиндонӣ будааст. Ҳоҷибоев дар Хуҷанд ба дунё омада, дар мактаби русӣ-туземӣ - мактабҳои омӯзиши ибтидоӣ, ки бо ташаббуси маъмурияти Русияи подшоҳӣ дар Туркистон дар асри 19 ва аввали саддаи 20 бунёд шуда буданд, таҳсил карда буд. Ӯ забони русиро медонист ва ин сабаб шуд, ки дар оянда ба зинаҳои баланди мансабдорӣ расад. Яке аз коммунистҳои аввалини Тоҷикистон буд. Ҷавони хуҷандӣ дувумин роҳбари Комиссариати Шӯрои Халқӣ шуд. Нахустинин роҳбари Комиссариати Шӯрои Халқии Тоҷикистон-Абдуқодир Муҳиддиновро с.1934 барои бисёр суст “коллективизатсия” шудани халқ парронда буданд. Ҳамон вақт Ҳоҷибоевро аз вазифааш озод намуда ба Маскав фиристоданд. Мисли Н.Махсум ӯ низ ба омӯзиши иқтисодиёт дар Институти профессураи сурх оғоз кард. Вайро дар 1 рӯз бо Нусратулло ҳабс карда буданд, аммо дертар ба қатл расониданд. Тибқи баъзе маълумотҳо ӯро дар майдони тирандозии “НКВД” дар Коммунарка ба қатл расонидаанд…» - менависад Лев Рижков.

Рижков дар идомаи таҳқиқотномаи худ овардааст, ки қатли 2 абармарди миллати тоҷик аз хонаи назди соҳил 1 ҷузъи хурдакаки афсонаҳо дар бораи ин хонаи даҳшатбор барои он замон гардид. Дар бораи он, ки дар утоқҳои махфии ин хона ва роҳравҳои он “агент”-ҳои НКВД пинҳон будаанду шабу рӯз аз қафои истиқоматкунандагони он назорат мебурдаанд, инчунин дар солҳои “террори бузург” одамонро аз он ҷо рост ба майдони тирпаронӣ бурда мекуштаанд, қиссаҳо зиёданд. 

 Баъзан одамонро ба таври оилавӣ зиндон карда, то охири солҳои 30 ҳуҷраҳои хонаи №387 3-4 маротиба соҳибҳояшонро иваз мекарданд. Миёни омма муддатҳои дароз ин хонаро “зиндон дар Берсеновский” ва “Қассобхонаи Кремл” меномиданд. Имрӯзҳо низ роҳбаладони ш.Маскав ба сайёҳон воқеаҳо дар бораи ин хона, ки гӯё то ҳол он ҷо руҳи болшевикҳо пайдо мешаванд, нақл мекунанд.

Ш.Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter