ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили миллӣ-5

Агар аҳамият додаӣ, хонандаи гиромӣ, мо-Тоҷикон 1 иллате дорем, ки шахсан ман дар ягон миллати дигар надидаам: дар дилхоҳ маҳофил агар 1 ғайритоҷик бошад, аҳли маҷлис кӯшиш мекунад, ки бо забони ӯ гуфтугӯ кунанд; русе алкаш бошад-русӣ, ӯзбеке деҳқон бошад-ӯзбекӣ; қирғизе подабон бошад-қирғизӣ. Хориҷӣ бошад-ку эҳааааа… Борҳо шоҳид шудаам, ки Тоҷикон бо англису немису фаронсавӣ бо забони…русӣ сӯҳбат карданӣ мешуданд.

Соле қабл дар Амрико будем ва мушоҳида кардам, ки ҳамсафаронам чун англисиро намедонистанд, бо амрикоиҳо…урусӣ гап мезаданд! Ба онҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфтам, ки «Тоҷикӣ гап задан гиред, аздусар намефаҳманд»…

Воқеае дигар ҳамин ҳоло ёдам омад: Ягона корманди сафорати Амрико, ки Тоҷикиро дар сатҳи олӣ медонист, Ҷеф-садри маркази матбуоти ин сафоратхона буд. Ва ҳар боре, ки бо-журналистон Тоҷикӣ ҳарф мезад, аксарият бо ӯ…русӣ сӯҳбат мекарданд. Ин чист? Бегонапарастӣ ва ё таъсири 70-солаи ғуломӣ?!

Дар рӯзи озодии матбуот, 3 май, журналистони Тоҷик бо аҳли толор русӣ сӯҳбат мекарданду масъулин ба англисӣ ва…тоҷикӣ тарҷума!!! Ягона нафаре, ки шарафмандона Тоҷикӣ сӯҳбат намуд он рӯз, Адолати Мирзо-сардабири Миллат буд.

Кормандони тамомии созмону сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро аз ин боргоҳҳо рондаанду на Дастгоҳи иҷроияи президент ва на Вазорати корҳои хориҷӣ, на Вазорати адлия, ки онҳоро номнавис мекунанд, талаб намекунанд, ки забони тоҷикӣ ҳадди ақалл мақоми русиро дар ин ташкилотҳо дошта бошад! Касеро парвое нест, ки сафирону дипломату мутахассисини хориҷӣ, ки аз ҳисоби кор дар Тоҷикистон НОН мехӯранд, ақаллан тарҷумони Тоҷик дошта бошанд! Ва ана ҳамин аст, ки корпусҳои дипломатии хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ба бурду бохтҳои кишвари мо аз забон ва диди тоҷикони манқуртшуда ва забону ҳувият гумкарда баҳо мегузоранд; аз диди афроде, ки дар сар фирор аз ин кишварро доранд…

30 сол аз Истиқлолияти мо гузаштаасту то ҳанӯз забони модарии худро арҷ намегузорем!

«Ин ҳам гӯрба!»-гуфти Ортиқи Қодир. Бархе аз забонпарвардагони мо афғону ируниеро бинанд, чунон лабу даҳонро каж карда сухан мекунанд, ки «хара хандаву буза бозӣ!». Ҳол он ки он эрониву афғон, ки 20-30 сол дар Душанбе зиндагонӣ ва бизнес доранд, аслан бо лаҳҷаи Тоҷикон сухан намекунанд. Хуб мекунанд! Зеро нафаре лаҳҷаи модарашро иззат намегузорад, оё шеваи модари ируниву афғуниро арҷ мегузорад? Дар 100 сол на ва онҳо инро хуб медонанд.

Ҳоло дигар дар бораи афроде, ки бо амри тақдир дар Эрону Афғонистон ба сар бурдаанд, гап намезанам. Зеро онҳо то рӯзи марг намоишкорона вожаву ибораҳои ируниву афғуниро лозиму нолозим корбаст мекунанд. Оё лаҳҷаситезиву шевагурезӣ миллатбадбинии дохилии мо нест? 1 бор хонанда ин суолро мардона пеши худ гузор ва бар худат иқрор шав, ки чунин ҳаст!!! Мо Метавонем!

Ман бо бузургони ин миллат сӯҳбатҳо доштам. Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Муъмин Қаноат ва сабтҳои ҳазрати Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сайдалӣ Вализода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршаккарро шунидаам. Онҳо ҳатто дар давраи русии тоталитарӣ урусӣ гап намезаданд ва ҳаргиз бо лаҳҷаи ируниву афғунӣ сӯҳбат намекарданд, вале имрӯз афроде, ки барои ин миллат хасеро рӯи хас нагузоштаанд, забони ин бузургонро «рӯзбакӣ» мехонанд! Пас, шояд русу турку ируну афғонпарастии мо решаҳои дигар доранд? Шарафи миллиро аз даст додан магар ҷои ифтихор аст? Номуси миллӣ надоштан, ори миллӣ надоштан, нанги миллӣ надоштан, магар аз аносире нест, ки ёри шахси маризу бемор аст?!

1 чиро психологияи миллӣ мегӯянд. Ин илм ҳувияти миллатро омӯхта, диагноз, ташхиси дарди равонии миллатро ошкор карда, сипас дастгоҳи идеологӣ ин маразро шифо мебахшад. Ҳатман миллатситезии даврони истиқлолиятро бояд ташхису фош намуд, то ҳаммиллатони мубтало ба бегонапарастии мо шифо ёбанд. Ба бемор намеханданд. Бечора аст, мариз аст, сарвайрон аст, ӯро бояд табобат намуд. Зеро агар бемор намебуд, аз бегонапарастиву миллатситезии хеш намеболид, фош намекард, таблиғу ташвиқ намесохт, забони модарии худро «рӯзбакӣ» намехонд, ҷойнишасти чархболи бузургвореро бо аҳли табору қишлоқаш ҳар ҳафта зиёрат намерафт... 

Мо онҳоро шифо мебахшем ва ё ҳадди ақалл аз ҷамъият инзивоъ-изолятсия мекунем, то дардашон ба дигарон нагузарад. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter