ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили Бобоумаров судӣ аст

  • Чоршанбе, Окт 23 2019

(посух ба номаи Шӯҳрат Бобоумаров «Пеши раис рафтаму бехона шудам», (СССР, №26(563), 27.06.2019)

Аввалан вақте раис аз даъвогар Ш.Бобоумаров ва модараш дар сӯҳбати рӯбарӯ бо иштироки роҳбари дастгоҳ, мудири бахши ҳуқуқ ва раиси Ҷамоати деҳоти Истиқлол пурсид, ки «кай дар қабули ман будед?» гуфт, мо бо шумо вонахӯрдаем ва моро каси дигар қабул кард, вале кадоме аз муовинони раис буданашро гуфта натавонист. Баъдан вақте масъала дар ҳолати амалиёти судӣ аст, чӣ гуна роҳбари масъул ё идора ба ин қазия дахл карда метавонад? Аслан амалиёти хариду фурӯшро идораи нотариалии давлатӣ бо иштироки 2 тарафи ҳавасманд иҷро мекунаду ба он на ягон роҳбар, на ягон мақомот дахолат карда наметавонад. Инчунин чӣ гуна шахси номаълум, Гулямова Қизмой баъди фавти шавҳараш ҳавлиро чун мерос қабул карда, 25.01.2017 ба раиси ноҳия ҷиҳати ба ӯ вобаста намудан, ба фарзандонаш тақсим кардани он ва гирифтани сертификати истифодаи замин ба раиси ноҳия ариза навиштаасту баъд аз ҷониби ҷамоат, кумитаи замин санадҳо тартиб дода шуда, 11.05.2017 қарори раиси ноҳия баромадааст? Баъдан табиист, ки тамоми расмиятҳо иҷро мешаванду фарзандон (ба ҷуз Ш.Бобоумаров ва Бобоумарова Анорхол) соҳиби ҳаққи худ аз замин гашта онро бо розигии ҳамдигар мефурӯшанд. Пас 1 духтари солҳои тӯлонӣ дар Русия қарор дошта, ба ватан баргашта, албатта аз нарасидани мерос норизо шуда, бо бародари бо кадом сабабҳо мерос нагирифта, дили модарро ёфта, даъвои замини ҳавлии кайҳо аз ҷониби бародарону хоҳарон ба шахси дигар фурӯхташударо доранд. Акнун 2 нафари бе мероси падармонда хонаро ба соҳиби аслиаш намедиҳанд, ҳарчанд, ки ҳалномаи суд ҳаст. Яъне шахси ҳавлиро харида бе чораю тадбир мондааст.

Аюбзода Н.Н., 

раиси н.Шаҳринав

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter