Принт

Пулис ва футбол

Мушкили миллӣ-6

Бе шак, ислоҳот ё худ реформае, ки солҳои ахир, ба вежа, ҳини раёсати Рамазон Раҳимзода дар ВКД меравад, шоистаи таҳсин аст. Милисаи мо аз пулиси солҳои қабл тафовути назаррас дорад. Шикамҳо пасттар, бозувон қавитар, либос шинамтар, одобу муошарат хубтар шудаанд. Аммо ин ба маъние нест, ки мо комилан аз таълиму тадрису реформа даст кашему бигӯем, ки ба ҷое расидаем, ки дигар ба мо чизе лозим нест. Баракс, замона дигар шудааст ва зимнан милиса низ бояд дигар шавад. Ман ҳоло ҳамагӣ 1 мисол меорам, то масъулин донанд, ки пулис ва он ҳам милиса бояд мавқеъшинос бошад! Мо Метавонем!

15.10.2019. Соат ба вақти Душанбе 16:30 дақиқа. Бо даъватномаи вежа ё худ VIP ба варзишгоҳи марказӣ рафтам. Пешопеш мегӯям, кош ҳаргиз намерафтам!!!

Тамомии роҳҳо то чанд километр ба стадион маҳкам. Кормандони БДА, дақиқан аз ниҳоди махсус (спец-подразделение) аз рӯи пули мавсум бар «Путовский» роҳҳоро бастаанд. Ба гуфтаи бобои Ғулом «аз ягон тураққӣ» низ даромада намешавад. Пеши ину он нозир истода, мефаҳмонам, ки даъватномаи VIP дорам, вале аз санг садосту аз онҳо не. Ҳарфашон якест:

-Чуррррррр!!!! Яъне бо ҳуштак мегуфтанд, ки аробаатро каш!

Ба куҷо кашам? Номаълум! Хулласи калом, баъди саргардониҳои барзиёд, ахиран 1 посбони Кохи Наврӯз «иҷозат!!!» дод, то аробаамро ба таваққуфгоҳи ин бино дарорам. Фикр мекунед, мушкилам осон шуд? На! Баракс, нав сар шуд сарсониҳои ман.

4 тарафи варзишгоҳ моломол аз пулис. Муҳимтар аз ҳама, инҳо милисаҳои кадом шаҳру ноҳия ва ҳатто низомиёне буданд, ки натанҳо футбол ва шаҳрро намедонистанд, ки парвои касеву чизе надоштанд. Маълум буд, ки ин бечораҳоро низ зӯракӣ овардаанд, ки хеле хашин менамуданд. Сафи пулис, низомӣ, калтаку ҳуштакдор онгуна зиёд буд, ки фикр мекардӣ, бозӣ дар Душанбе-оромтарин пойтахти Тоҷикистони азиз не, ки дар Кобули Афғонистон ё Димишқи Сурия мегузарад. Бе ҳеҷ муҳобо, ҳазорон-ҳазор, ба таъбири Сӯҳробшои Фаррухшо, миллиард-қиллиард милиса, на танҳо стадион, ки нисфи Душанберо печонида гирифтаанд. Ва бархе на одоб доштанд, на футболро мефаҳмиданд, на варзишро ва на маданияти мухлисиро. То расидан ба варзишгох дар чандин ҷо мухлисинро манъ кардаву чуррак кашидаву ҳақорат додаву тафтиш карда, чунон асабӣ мекарданд, ки ба ҳурмати Худо аз мунтахаб ҳам безор мешудиву аз футбол низ!!! Гӯиё мунтахаби Афгонистон дар Кобул ё дастаи Сурия дар Ироқ бозӣ дораду садҳо муҷоҳиду «смертник» ба стадион худу дигаронро кафондан мераванд...

О, ҳамон 2 ҳалкаи ОМОН ва тафтиши дари варзишгоҳ бас будагист, охир?! Бовар кунед, мухлисони Япония, ки ин манзараро тамошо доштанд, пас аз ин бозӣ 100% фикр доранд, ки дар 1 кишвари ноором, пури милисаву низомиву солдату армия... ва моломол аз террористу муҷоҳиду «смертник» бозиро тамошо кардаанд... О, ин хели бадам не-да?!

Барои кайк пӯстинро намесӯзанд! Бархе масъулин барои таъмини тартибу низом, вазъиятро онгуна печида кардаанд, ки воқеан ҳам фикр мекунӣ, тоҷикон ҷумлагӣ «хулиган», авбош, ғоратгар ва ҷангараанд. Эй, масъулин! Ман бозии футболро дар бархе аз калонтарин варзишгоҳҳои Аврупо тамошо кардаам. Он ҷо доду вою фарёду занозании мухлисинро бинед, мегӯед, ки қиёмат қойим шудааст. Дар бозии Атлетико бо Реали Мадрид (на Барселона, ки инро мухлисини асил медонанд!), Зениту Спартаки Маскав, Бавария бо Боруссия, Ливерпулу Арсенал онгуна мағалу кашмакашу занозанӣ мешавад, ки ҳисобаш гум. Аммо ин 1 ҷузъи футбол аст, охир! Вале ин қадар пулисе, ки дар варзишгоҳи Душанбе он шом буд, дар ягон гӯшаи олам надидаам! Ҳаргиз намегӯям, дар мо низ чунин бояд бошад. Вале эҳтимолияти пиндорро бояд пулис донад. Ва ба стадион онҳое бояд сафарбар шаванд, ки футболро медонанд. Ҳадди ақалл ба онҳо бубояд гуфт, ки футбол чисту мухлис кист! Ёдам ҳаст, ки боре 1 мухлиси Равшанро пулис ҷанг мекард, ки чаро байрақи Равшанро бардоштаасту суруди футболӣ мехонад ва насиҳат мекард, ки «Мо 1 парчам ва 1 давлат дорем!». О, буродарон, байрақу гимну рамзи клуби футбол дигар чисту парчаму рамзу гимни давлат дигар чи!!!

Ҳамон рӯзи бозӣ бо Ҷопон маро ба VIP роҳ надоданд. Дақиқтараш худам нарафтам. Зеро аз фаҳмонидани милисаҳо, ба таъбири ҳамон Бобои Ғуломи таърихӣ «даҳонам пашм баровард!». Мушкил ин буд, ки якеро мефаҳмонидаму чанд қадам гузашта, дар ситами дигар милиса меафтодам ва манзара такрор мешуд… Ҳамроҳи ман 7 хориҷӣ низ дар даст даъватномаи VIP доштанду ахиран дилсард шуда, паҳлӯям, дар қатори поинтарин, ки он ҷо билет ҳам намефурӯшанд, нишастанд. Дигар ҳамин аст, бархӯрди милисае, ки намедонад футбол чисту меҳмони VIP кист?!

Воқеан ҳам кормандони ОМОН ва УУР (афсарони таъиноти махсус ва раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ), ки ҷумлагӣ аз футбол бархурдоранд, бо мухлисин бисёр додуситади ҳасана доштанд ва ҳатто маро мешнохтанду аз ситами милисаҳои даъватии сарироҳӣ чандин бор “наҷот”-ам доданд. Ба фикрам будани ҳаминҳо дар дилхоҳ бозӣ кофист! Зеро онгуна, ки пулис он рӯз мардумро ғам дод, ягон фанат, мухлис, “хулиган” ғам надода буд...

PS: Ҷопон ғалаба кард. 3:0. Вале ин пирӯзии тими мо буд, ки бо самурайҳо хеле хуб бозидем. Пирӯзиҳо баъди чунин шикастҳо аз абарқудратҳои футболи ҷаҳонӣ муяссар мегарданд. Ва касе фикр дорад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ “шарманда” шуд, аз ҳамон милисаҳое, ки аз футбол 1000 чақрим дуртараканд, фарқе надорад. Тоҷикистон ба пеш! Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар