ХАБАРИ ДОҒ

Корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд

  • Чоршанбе, Окт 30 2019

Мақолаи «Хатлон: аз фаъолият мондани садҳо корхона» (СССР, 26.06.2019, №25) дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони бахшу шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва шахсони масъули соҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба мутасаддиён супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми с.2019 ба 39257,1 ҳазор сомонӣ расидааст. Дар ноҳия 22 адад корхонаи саноатӣ фаъоланд, ки аз он 5 ададаш корхонаҳои коркарди пахта, 5 ададаш коргоҳҳои хурди нассоҷӣ, 2 ададаш коргоҳҳои хурди коркарди шир, 1 адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 1 адад корхонаи дӯзандагӣ, 2 адад корхонаҳои истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва асфалтбарорӣ, 3 адад корхонаҳои хизматрасонии оби нӯшокӣ ва полезӣ, 1 адад намояндагии ҶСК «Шабакаҳои барқии Кӯлоб» дар н.Фархор мебошанд. Корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди нассоҷӣ вобаста ба ашё (пахта) ва коргоҳи хурди консервабарорӣ дар давраи ҷамъоварии меваю сабзавот фаъолияти мавсимӣ доранд. Давоми нимсолаи якуми с.2019 4 адад корхона: КМ «Шукрона», ҶДММ «Фароғат-Н», ҶДММ «Исмоил-Д» ва ҶДММ «Солеҳҷон-М» нишондоди ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзуданд. Инчунин, дар ин давра коргоҳи хурди коркарди чӯбу тахтаи ҶММ «Сабоҳ-2018» ташкил карда шуд.

Сафарализода Б.,

роҳбари дастгоҳи раиси н.Фархор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter