ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили миллӣ-7

Мо пайваста «Облава»-ро танқид мекунем, минҷумла, ман низ. Вале биоед, имрӯз аз диди дигар, призмаи нав, ба ин маърака дида афганем ва мардона иқрор шавем, ки агар он, яъне «Облава» набошад, Армия кӣ меравад???

Ҳафтаи пор дар Кӯлоб будам ва маро 1 далел ба ташвиш овард: шаҳри бостонии Кӯлоб, ки бешак бо ҷавонмардони багурдаву бо номусаш номовар буд, дар феҳристи иҷрои нақшаи сафарбарӣ ба Артиш дар мақоми охирин қарор дорад! Ёбу гир!!! Ин дар ҳолест, ки шахсан банда шоҳидам, барои ҷанг рафтан дар солҳои 1991-1997 кӯлобиҳо навбат меистоданду тағобозӣ низ мекарданд, то рафта биҷанганд!!! Пас чӣ шуда, ки дар солҳои оромтарин мардум ба Артиш намеравад?!

Бахтиёр Лангариев, яке аз масъулини баландпояи Вазорати дифоъ мегӯяд, ки патриотизм дар миёни ҷавонон коҳиш ёфтааст. Амонуллоҳи Хайрулло, муовини аввали раиси вилояти Хатлон (собиқ раиси ш.Кӯлоб) дар ин маҷлис факти дигаре овард, ки Армияи мо дар байни мардум бо номи «Артиши деҳқону камбағалон» маъруф шудааст ва хизмат шарафмандӣ неву нанг гаштан дорад! Мулло Ҳайдар Шарифзода бошад даъво намуд, ки интернет гунаҳкор аст ва афзуд, саҳафаҳои иҷтимоии интернет бо таблиғу ташвиқи рӯзафзун ҷавонмардонро аз Армия гурезон мекунанд. Ба пиндори домуллои мӯҳтарам, бояд интернетро дар Тоҷикистон баст. Нафаре аз ҳозирин эрод ҳам гирифт, ки сароғоз Интернетро бастан имкон надорад, вале агар интернет гунаҳкор бошад, пас чаро Исфараву Бадахшон нақшаи сафарбариро якум шуда иҷро карданд?! Яъне муаммои нарафтани ҷавонон ба Артиш дар дигар ҷо ниҳон аст…

Комиссари комиссариати ҳарбии ш.Кӯлоб даъво пеш овард, ки афроде пайдо шудаанд, «зидди сафарбарӣ ва хизмат ба ватан таблиғ мебаранд!». Сардори милисаи шаҳрӣ ин даъвои комиссарро беасос хонда гуфт: «Агар Шумо 12 коргар дошта бошед, пас ман 220 корманд дораму садҳо тани дигар ҳамкорони ҷамъиятӣ ва агар чунин таблиғ мебуд, мо пештар аз шумо дарак меёфтем. Дар ҷамъ, ин даъво дурӯғ асту аслан ҷой надорад!» Воқеан ҳам ба таъкиди сардори милиса, то кунун ҳудуди 500 нафарро ба комиссариат овардаанд, вале аксарияти кулли онҳоро духтурон «негодный» бароварда, ҷавоб додаанд. Ин дар ҳолест, ки аз ҳамин «касалиҳо» 3 тан аз н.Восеъ ва 5 нафари дигар дар ш.Душанбе «годный» гардидаву Армия рафтаанд. Пас ин ҷо чӣ сиррест? Шояд пора???

Воқеан ҳам, кӣ намедонад, ки бо пораву ришва ва тағо дилхоҳ даъватшавандаро метавон халос кард? Комиссарҳо агар виждон ва имон доранд, «ставка»-маблағи халосшавиро низ мегӯянд. Зеро медонанд! Ба пиндори сирф фардии ман, маҳз ришваситонӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ обрӯи Армия ва маъракаи Даъватро ба хоки замин баробар кардааст! Даст рӯи сина гузошта, ба Худову Қуръон савганд хӯред, ки намедонед, бар ивази чӣ даъватшавандаҳо аз Армия халос мехӯранд, мариз мебароянд, касал мешаванд ва ғ. ва ҳ… Агар 1 нафаре омада, савганд хӯраду маро инкор кунад, ки умуман облава ва ришват дар комиссариатҳо вуҷуд надорад, ман, Сайёфи Мизроб, сар аз ҳамин рӯз навиштанро бас мекунам!!! Мо Метавонем!

Мо чизеро рӯпӯш кардан дорем, ки ба кӯр равшану ба кар фошу ба гунг фаҳмост! Ҳамарӯза садҳо ҷавонро доштаву тариқи зӯр ба комиссариатҳои ҳарбӣ меоранд. 1 бор аз назди «военкомат»-и навоҳии Фирдавсӣ, Синову Сомонии пойтахт гузар кунед. Ҷои сӯзанпартоӣ нест! «Пробка»-тамбашавии мошинҳо, садҳо нафар падару модари сарсону саргардон ва хешу таборон. Ва агар ин ҳама овардаҳоро ба Армия баранд, Тоҷикистон ким-кай плону нақшаи сафарбариро тамом мекард. Неъ! На-ме-ба-ранддд! Агар намебареду оварда ҷавоб медиҳед (муаммое, ки танҳо баъди волидайнашон ба комиссариат омаданҳо ҳал мешавад!!!), пас чаро ҷавононро сайд кардаву обрӯи Армия ва Ватанро мерезед?

Ба пиндори ман, бояд аз сар то пойи Вазорати мудофиа реформа шавад! Бояд аз лейтенант то генералҳои ин вазоратхона шахсан пеши Президенти кишвар гузориш диҳанд, ки чаро вазъро то ин ҳадд печида кардаанд, ки ҷавонони ғаййур ва ҷасури миллати шарифи Тоҷик армиягурез шудаанд! Бояд ин реформа ҳатман 1 муамморо ҳаллу фасл кунад:

-Касе, ки Армия намеравад, на корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуда метавонаду на хизматчии давлатӣ! Ана баъди чунин амр мебинед, ки мардум пора дода, фарзандони худро аз Армия халос на, ки ба Артиш равон мекунанд!

Воқеан ҳам дар Ӯзбакистони ҳамсоя чунин аст. Ҳамсоякишвар аз мо бисёр чиҳоро омӯхтаву гирифт, фарзи мисол, Танзимро… Пас чаро таҷрубаи маъракаи сафарбарӣ ба хизматро мо аз онҳо нагирем??? Бояд гирифт! Мо Метавонем! Зеро то ин таҷрубаро нагирем ва наомӯзем, ҳамасола 6 моҳ (баҳору тирамоҳ) фарзандони мо аз тарси Облава хонашин шудаву фардо ба ҷавонмардакони буздил табдил хоҳанд ёфт…Агар наёфтаанд…

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Обрӯи Армия ва Ватанро ҳифз бубояд кард. Мо Метавонем!!!!!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter