ХАБАРИ ДОҒ

Конститутсияи мо чанд сол дорад???

  • Чоршанбе, Нояб 13 2019

Мушкили миллӣ-8

Албатта, 25-сол, хоҳад гуфт хонандаи закии мо. Ва рост ҳам мегӯяд. Сарқонуне, ки бар асари нахустин референдуми умумимиллӣ дар таърихи 6-уми ноябри соли 1994, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, расо 25 сола шуд. Шукр, ки дар бастагӣ ба ин санад Ҳукумати марказӣ Қонун «Дар бораи авф»-ро қабул ва дар нисбат ба 20.000 муҷриму гунаҳкору зиндонӣ татбиқ намуд. Имрӯзҳо ҳазорон-ҳазор хонадони Тоҷик аз шодиву сурур лабрез аст, ки наздикону пайвандони худро дар озодӣ ба оғӯш мекашанд. Ва шукронаи Сарқонун ва Ҳукумати марказӣ доранд. Ин хуб аст. Хеле хуб!

Вале илми технократия, яъне давлатсозӣ талаботҳои худро дорад, ки онро набояд нодида гирифт. Ва тибқи ин илм ҳар давлате, ки таърихи тӯлонитар дорад, решаҳояш қавитаранд. Хосса, дар давроне, ки ҳатто давлатҳои бузурги араб мисли ҳубоб рӯи об нест мешаванд, маҳв мегарданд, дар таҳаввулот қарор доранд. Зеро таърихи мустамликадории хешро наомӯхта буданд. Дур намеравем, ҳамин кашмакаше, ки бо Қирғизистони ҳамсоя дорем, ҳамааш аз бепарвофалакии марҳум Ҷаббор Расулов сар задааст, ки дар солҳои 60-и асри пор заминҳои вилояти Ленинободро танҳо барои андоз напардохтан ба буҷҷаи Маскав, ба чарогоҳҳои қирғиз додаву онро санад накарда буд. Дигар ёбу гир! Кор то куҷо чигилу печида аст, ҳар исфарагиву конибодомӣ ва хистеварзӣ, ки дар маркази хархаша қарор доранд, мисли профессорҳои кафедраи таърих ба шумо қисса хоҳанд кард. Яъне чӣ? Яъне ба дастовардҳои Истиқлолият арҷ гузошта, идеологҳои давлати мо набояд аз таърихи шӯравии РАСС ва РСС Тоҷикистон чашм пӯшанд! Зеро он ҳам таърихи мост!!! Зиёдтар аз ин: решаҳои давлати моянд!

Дар асл, ҳамин сол Сарқонуни мо расо 90-сола шуд!!! Зеро Конститутсияи аввалини РСС Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон меросбари ӯст, дар соли 1929 қабул шуда буд!!! Ҷои зикр аст, ки РАСС Тоҷикистон дар соли 1924 ва РСС Тоҷикистон дар соли 1929 таъсис ёфтаанд. Баъди пошхӯрди давлати абарқудрати СССР РСС Тоҷикистон низ дар қатори 15 республикаи бародарӣ Истиқлолият ба даст овард ва маҳз 15 ҷумҳурие, ки Сарқонуни худро доштанд, тавонистанд шаҳди озодӣ чашанд! Тоҷикистони имрӯза дар марзу буми ана ҳамон РСС Тоҷикистон, шукри Худо, ки то ҳанӯз арзи ҳастӣ дорад. Шумо 1 бор ёд оред, ки Чеченистону Ингушетия чанд сол бо Маскав ҷангидаву соҳибистиқлол нашуданд. Ва медонед чаро? Зеро Сарқонун надоштанд, ки ба онҳо имконияти истиқлолият дода метавонист. Конститутсияи СССР бошад, бо такя бо Сарқонунҳои маҳаллӣ, ба 15 республикаи бародарӣ ин шонсро медод. Бисёриҳо аз ҳамон даврон бархостаем ва нек медонем, ки ман чиро дар назар дорам! Яъне соҳибистиқлолии мо аз Конститутсияҳои даврони советӣ маншаъ мегирад ва инро технократҳо бояд аз ман хубтарак донанд. Намегӯям он Сарқонунҳо идеалӣ буданду хостаҳои миллии 15 республикаро бароварда мекарданд. Ҳаргиз! Зеро ин ҷумҳуриҳо аз Маскав бастагӣ доштанд. Вале бо ҳама камбудаш он Сарқонунҳо санги асоси Истиқлолияти имрӯзаи ҳамаи республикаҳои бародариро гузоштаанд. Ё не?

Акнун, биёед таърихи Сарқонуни худро варақ занем. Дар СССР мо мисли дигар ҷамоҳири шӯравӣ 4 бор Сарқонун қабул кардаем:

1.Тавре дар боло сӯҳбат шуд, Сарқонуни аввалини мо дар соли 1929 қабул шуд;

2.Дар таърихи 24 феврали соли 1931, Сарқонуни дуввуми мо дар Съезди 4-уми Шӯрои намояндагон қабул шуд;

3.Дар таърихи 1 марти соли 1937 Конститутсияи нави РСС Тоҷикистон дар Съезди 6-уми Шӯрои намояндагони кишвар ба тасвиб расид. Воқеан ҳам Конститутсияи №3, ки дар таърих бо номи «Сарқонуни Сталинӣ» маъруф аст, доманааш васеътар ва комилтар гардид;

4.14 апрели соли 1978 бошад, Сарқонуни мавсум бар «Конститутсияи Брежневӣ» қабул шуд, ки моро сӯи коммунизм бояд мекашид... 

Ин Сарқонунро тӯли 26 сол Тоҷикистони советӣ ва сипас Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (то соли 1994) корбаст менамуд. Яъне баъди Истиқлолият низ мо 3 соли расо аз рӯи ҳамон Конститутсия амал мекардем, ки ҳиҷ ҷои қонуншиканӣ надошт.

5.Ва ахиран дар таърихи 6 ноябри соли 1995 соҳиби Сарқонуни воқеан ҳам миллӣ шудем, ки мувофиқи моддаи 1-уми он «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

Ин Сарқонун воқеан ҳам Бахтномаи Миллати Шарифи Тоҷик аст!!! Ва ҳар нафаре ин иддаоро инкор мекунад, душмани ин миллату ин давлат аст. Вале бо ин ҳама муҳиммияташ набояд аз таърихи Сарқонунҳои қаблии хеш, ки қадам ба қадам моро то ин рӯзгорони нек овардаву кишвари Озод ва Соҳибистиқлол кардаанд, сарфи назар намоем. Шахсан фикр мекунам ва ин назари хато ҳам буда метавонад, ҳини муаррифӣ, таблиғ ва ташвиқи Сарқонун дастандаркорон, ба вежа, ҳамкасбони гиромии мо ба саросемагӣ роҳ додаанд ва ё аз таърихи кишвардории Тоҷикистони азиз бехабар будаанд.

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter