Принт

Нефт боиси гаронии бозор

Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва кулли Ихвон-ал-СССР! Мо дар хона аз хурд то бузург ҳамагӣ СССРхонем. Шахсан падарам, ки худ кадри давлати бузурги Шӯравист, газетаи СССРро аз шумораи аввал (09.09.2008) то имрӯз гирифта мехонад ва подшивка ҳам мекунад... Баъдан, бастаи СССРро ба макотиби миёнаи шаҳр ё китобхонаҳо бурда месупорад. СССР воқеан газетаи мардумӣ ва патриотист. Зеро ҳамеша дар бораи манфиатҳои миллат ва дифоъ аз он менависад. Чанд шумора пеш дар СССР хонда будам, ки бояд Тоҷикистон на сӯзишворӣ, балки дастгоҳи истеҳсоли нафт ва коркарди онро бихарад, то аз дигар кишварҳо вобаста набошем. Ман ин андешаро комилан ҷонибдорам. Агар 10 сол қабл ҳамин тасмимро мегирифтем, чӣ қадар мушкилоти мо ҳалли худро меёфт. Ҳозир аз рӯи тахмин ва ҳисоби ман қиматии ҳама гуна маҳсулот дар бозорҳо аз болоравии арзиши сӯзишворист. Зеро тоҷир аввал хароҷоти роҳро ба ҳисоб гирифта, пасон дар болои маҳсулоти воридкардааш нарх мегузорад. Аз ин рӯ, агар коркарди тамоми анвои сӯхтанӣ аз нефт дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, баҳои кулли молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар поин меравад.

Муртазо Саидмуъминов,

иқтисодшинос, н.Шоҳмансур

 

Матлабҳои дигар