ХАБАРИ ДОҒ

Кӯчбандии ихтиёрӣ ба Русия меафзояд

  • Чоршанбе, Нояб 13 2019

 

 

Дар шумораи гузаштаи СССР мухбирони газета дар бораи ихроҷ-депортатсия ва мамнӯъвуруд шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия матлаби таҳлилӣ навишта буданд. Пас аз нашри он хонандагони зиёд ба идораи редаксия занг зада, дар бораи Барномаи давлатии кӯчбандии ихтиёрӣ ба ФР ва шарту шароити муроҷиату дархост барои иштирок ба он пурсиданд. Мо тасмим гирифтем бори дигар бо Владислав Маркевич-раҳбари Намояндагӣ оид ба масоили муҳоҷирати ВКД ФР дар ҶТ вохӯрда, дар ин бора пурсон шавем. 

Дар 6 сол 33.000 Тоҷик «россиян» шуд!

Тавре В.Маркевич гуфт, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба намояндагии мазкур 9000 нафар шаҳрвандони ҶТ муроҷиат намуданд, ки аз ин 8184 нафарашон омодагии хешро барои иштирок дар Барномаи давлатӣ оид ба ёрӣ барои кӯчбандии ихтиёрӣ ба Россия дархост кардаанд. 

-Аз с.2013 инҷониб оид ба масоили кӯчбандии ихтиёрӣ (добровольное переселение соотечественников) 76.000 нафар муроҷиат намуда, дар чаҳорчӯбаи амалиёбии ин Барномаи давлатӣ дар 6 соли охир беш аз 12.000 ариза қабул карда шуд. Дар ин муддат ба 8,6 ҳазор нафар дархосткунанда шаҳодатномаи иштирокчии Барнома дода шуда, онҳо бо аҳли оилаи худ, ки дар умум 33041 нафарро ташкил менамоянд, аллакай рафта, дар маконҳои интихобкардаи хеш мустақар шудаанд. Дар 9 моҳи соли 2019 1616 шаҳодатномаи иштирокчӣ омода ва дода шуд. Агар гӯям, ки сол аз сол шумораи муроҷиаткунандагон ва дархосткунандагон барои кӯчбандии ихтиёрӣ ба ФР дар ҶТ афзоиш ёфта истодааст, хато намекунам, - иброз дошт В.Маркевич.

Дархост тавассути телефон

Маркевич таъкид медорад, ба хотири пешгирӣ намудани ҳаёҳӯй ва бетартибии мардуми хоҳишманд, ки бесабаб рӯзи дароз ва соатҳои тӯлонӣ дар назди дафтари намояндагӣ дар ш.Душанбе навбат мепоянд, тасмим гирифта шуд, ки қабули дархостро тавассути телефон ба роҳ монанд.

-Номнависӣ ба рӯйхати иловагӣ рӯзҳои охири моҳҳои сентябр, октябр, ноябр ва декабр аз соати 15:00 шурӯъ шуда, мардуми ба рӯйхати иловагӣ шомилшударо аллакай аз 5.11.2019 қабул дорем. Инчунин, барои сабук намудани кори сокинони вил.Суғд мо тасмим гирифтем рӯзҳои 7 ва 8 ноябри соли ҷорӣ ба Хуҷанд сафар карда, ҳам мардуми хоҳишмандро барои сӯҳбат қабул намоем ва ҳам тариқи баргузории конфронс ба онҳо бифаҳмонем, ки Барномаи давлатӣ чисту киҳо метавонанд дар он ширкат намоянд, - қайд намуд ӯ.

Воқеан ҳам дар рӯзе, ки мухбири СССР меҳмони Намояндагӣ буд, масъули қабули дархостҳои телефонӣ шурӯъ аз соати 15:00 то 17:00 161 занги телефониро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон қабул ва барои мулоқот дар моҳи ноябр боз 90 нафарро ба таври иловагӣ ба рӯйхат шомил намуд…

Забон, касб ва бидуни ихроҷ

Вобаста ба категорияҳои ширкаткунандагон дар Барномаи давлатӣ В.Маркевич иброз дошт, ки пеш аз ҳама хоҳишмадон бояд бидонанд, ки 3 чиз авлавият дорад-донистани забони русӣ, доштани касб ё тахассуси миёна ва бе доғи ихроҷ будани шаҳрванди муроҷиаткунанда. Он шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати ихроҷшудагон ва ё мамнӯъвуруд ба Федератсия Россия ҳастанд, имкони иштирок дар Барномаи давлатиро надоранд. Бояд гуфт, ки Барномаи давлатӣ оид ба ёрӣ барои кӯчбандии ихтиёрӣ ба ФР, ки онро Владимир Путин ба имзо расонидааст, аз с.2013 амалӣ ёфта, дар он 76 субъект-вилоятҳои ФР-сар аз Калининград то Владивостоку Чеченистон иштирок намуда, шаҳрвандони ҶТ бештар шаҳру вилоятҳои Хабаровск, Челябинск, Воронеж ва назди Маскавро барои кӯчбандии ихтиёрӣ интихоб кардаанд.

Ҷ. Мақсуд, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter