ХАБАРИ ДОҒ

Милитсия ҳомии ман, ё…барменҳо?

  • Чоршанбе, Нояб 13 2019

 

 

Дастури шаҳрдорӣ риоят мешавад?

Тибқи дастури вежаи Рустами Эмомалӣ-раиси ш.Душанбе марказҳои дилхушӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо дар ҳудуди марзиву маъмурии пойтахт бояд фаъолияти худро танҳо то соати 23:00 ба роҳ монанд. Ин қоидаҳо ва дастур ба хотири амнияти мардум қабул гардида, новобаста аз шакли фаъолияту моликият бояд аз тарафи масъулони марказҳои дилхушӣ ва хӯроки умумӣ риоя гарданд. Дар аксари ҳолатҳо назорат аз болои иҷроиши ҳам Қоидаҳо ва ҳам дастури вежаи шаҳрдор бар дӯши милитсия, аниқтараш, нозири минтақавии маҳал аст, ки бояд вайронкоронеро, ки пас аз соати муайяншуда садо баланд карда, оромии мардуми атрофро халалдор месозанд, ба ҷавобгарӣ кашад. Лек, афсӯс, ки гоҳе дар амал чунин нест.

Шаби 2 ба 3 ноябри соли 2019. Соат бо вақти Душанбе 01:30 дақиқа.

Ману писарам Ромин аз садои баланду гӯшхароши гурӯҳе аз меҳмонони қаҳвахонаи ҳамсояи бинои мо, ки бо Сирки давлатӣ низ ҳамшафат аст, «Караоке «Pride» бедор мешавем. 1 гурӯҳ ҷавондухтарону ҷавонписарон шояд ҷашнеро таҷлил менамуданд, ки ҳама маст, бо ҳаёҳӯй ва садои хеле баланд сурудҳои машҳури русиро бо караоке мехонданд. Ба соати телефонам бовар накарда, вақтро аз рӯи соати дастӣ ва деворӣ дубора месанҷам-расо 01:30! Боварам намеояд, ки дар ин вақти шаб дари ин қаҳвахона, аниқтараш клуби шабона хилофи қарорҳои раиси ш.Душанбе боз асту бар замми он садои баланди мусиқӣ ва овозҳои гӯшхароши меҳмонони он, ки чандин маротиба ба саҳни ҳавлии бинои Сирк баромада, бо ҳам ба қавле «разбор» мекарданд, якчанд оиларо аз бинои истиқоматии ҳамсоя аз хоб бедор ва парешон кардааст.

3 шаб боз хоб надорем!

Соат бо вақти Душанбе 01:42 дақиқа.

Чун мебинам, ки мардуми кайфӣ дар фикри хап кардану рафтан нестанд, бо рақами 221 15 00 ба телефони «Боварӣ»-и Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе занг зада, шикоят мекунам. Навбатдори ин шӯъба хеле боадабона сӯҳбат намуда, шикояти маро қабул мекунад. Баъди чанд дақиқа аз телефони рақами 226 86 83 занг зада, нафаре худро навбатдори қисми навбатдории ШВКД дар н.Фирдавсӣ-2 муаррифӣ намуда, мушкиламро дубора мепурсад. Ба ӯ низ аз боз будани қаҳвахона дар ин вақти шаб ва садои баланди меҳмононаш, ки ба оромии сокинони бинои ҳамшафат халал мерасонад, шикоят мекунам. «Хай, баъд чӣ?»-такроран пурсид навбатдор. Ба хотири ҷиддияти мушкил ҳатто ишора кардам, ки мухбирам, вале ӯ, ки дар бораи фармони №1-и вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар бораи муомилаи хуш бо мардум хабаре надошт, ки ҳамоно такрор ба такрор пурсидан мегирифт: «Чияй, кӣ, чӣ гапай, хай баъд чӣ?» Яъне, ҷавобҳои ин милиса ба шикояти ман мисли 1 масхараеро мемонд ва чун эҳсос намудам, суҳбат бо ӯ дигар маъное надорад, алоқаро қатъ намудам.

Шаби дигараш низ фаъолияти қаҳвахона то соати 01:30 давом дошта, садои мусиқии баланд то поси шаб нагузошт мардуми ҳамсоя орому осуда бихобанд! Ин аҳвол шаби 4 ба 5 ноябр низ идома ёфта, мардуми кайфӣ то соати 03:30 дар ин клуб зери фазои боз ҳай сурудхонӣ карданд. Вале мо истиқоматкунандагони бинои нави ба ном «зажигалка»-и ҳамсоя 3 шаб аст, ки хоб надорем…

Тағаи «Караоке «Pride» кист?

Қаҳвахонае, ки моро намегузорад 3 шаб боз бихобем, караоке-бар «Прайд»-«Сим-Сим» ном дораду фаъолияташ аз соати 18:00 бегоҳ оғоз ёфта, то соати 6:00-и субҳ давом меёфтааст ва ин ҳам дар фазои боз, на толори пӯшида! Акнун мехоҳам бифаҳмам, ки чӣ гуна 1 қаҳвахона дар пойтахт хилофи меъёр ва тартиботи қабулшудаву дастурҳои имзошудаи раиси ш.Душанбе фаъолияти хешро шабона ба роҳ монда, бо гузоштани садои баланди мусиқӣ ва доду войи чанд майпарасту кайфӣ оромии мардумро халалдор месозад? Чаро вақте тарабхонаҳои номдори пойтахт бо шумули «Яккачинор», «Тоқӣ», «Румӣ», «Навои деҳа» пас аз соати 23:00 дарҳои худро мебанданд, ин клуби шабонаи миёнадараҷа дар яке аз нуқтаҳои марказии шаҳр дари хешро ба тӯдаи майпарастону кайфиҳо ва сабукпоён боз мекунад? Чаро ин ҳама дилхушӣ дар фазои боз мегузарад, на толори паси дарҳои пӯшида? Чаро нозири минтақавӣ, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини оромии мардум вазифаи ҷониаш аст, хомӯш аст? Ё зӯраш намерасад, ё чӣ асрори дигаре дорад? «Караоке «Pride» моли кист? Оё замоне нарасидааст, ки караоке «Прайд» низ фаъолияти хешро бозбинӣ намуда, аз кори шабона ба рӯзона гузарад ё ақаллан тибқи дастури Раиси шаҳр, то соати 23:00 фаолият кунад? Агар ин тавр рафтан гирад кор то додгоҳ хоҳад кашид: ё мардум, ё караоке «Прайд»! Мо метавонем!

Ба ҷои охирсухан: Рӯзи милитсияи тоҷик ба он нафароне, ки воқеан барои оромиву субот ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии кишвар заҳмату талош доранд, сидқан муборак бод!

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter