Принт

Донишҷӯӣ давлат аст!

Узви Ихвон-ал-СССР, Достон Ҳикматов, муаллими собиқадор аз ноҳияи Нуробод ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз зиёд дар бораи сатҳи дониши донишҷӯён дар матбуоту Радиову ТВ мегӯянд, аммо 1 чизро бояд дарк кард: Донишҷӯ шудан худ Давлат аст. Зеро айни замон ба ин зина расидан на барои ҳар ҷавон муяссар мешавад. Мефаҳмам, ки на ҳамаи ҷавонон ба мактабҳои олӣ барои хондан омодаанд. Вале бовар дорам, агар ҳамун донишҷӯ ҳам соҳиби диплом шаваду соҳиби кор, ҳадди ақал ба қадри одамият мерасад, оҳиста-оҳиста зиндагӣ ӯро тарбият мекунад. Ба қадру манзалати он заҳматҳои волидайнаш, ки бо азоб пул ёфта, барои шиками фарзанди донишҷӯяш мефиристод, мерасад. Яъне ин паҳлӯҳои студентиро ҳам бояд андешид. Агар гап сари хондану нахондан бошад, дар ҳамон давраи СССР ҳам буданд донишҷӯёне, ки фақат барои рӯзро кӯр кардан меомаданду мерафтанд…

 

Матлабҳои дигар